- Чӣ кор карда истодаед?
- Кӯдакҳоямро мехобонам.
- Биёед, маро ҳам хобонед!
- Ақл доред, охир Шумо оиладоред - ку!
- Чи шудааст, Шумо ҳам оиладоред!
- Ин дигар масъала, ман аз шавҳарам ҷудо шудаам.
Онҳо он қадар кушоду равшан сӯҳбат мекарданд, ки Фирӯза дигар тоб оварда натавонист. Вай сабтҳои дигарро гӯш кард. Ҳамагӣ қариб фарогири як мавзӯъ буданд.
“аход Фаррух то ҳамин дараҷа вайрон шуда бошад?Наход!!!” фикр мекард Фирӯза ва аз ӯазаб дандон месоид.
Ҳамин вақт Фаррух вориди хона шуд:
- Фирӯза ба ту чӣ шуд? Ҳолат хуб аст? Бо модарат гап зада шудӣ ?
Фирӯза бо дидаи гирён яке аз сабтҳои телеграмро гузошт.
- Ба ман деҳ!
- Ин чист?
- Ҳеҷ чиз!
- Ин чист гуфтам ба Шумо?!
- Кори ту набошад!
- Ман меравам, дигар як лаҳза ҳам дар ин ҷо намемонам!
- Ҳеҷ куҷо намеравӣ, ҳатто як қадам ҳам!
- Ман аз Шумо ҷудо мешавам. Дигар бо Шумо зиндагӣ кардан намехоҳам! Мефаҳмед, намехоҳам!!!
- Майлаш, аввал фарзандамро бо дунё меорӣ, баъд он тарафаш кори худат.
Фирӯза чунон ғазаболуд буд, ки чӣ кор кардан ва чӣ гуфтанашро намедонист. Вай бехудона дод зад:
-Фарзанд?! Кадом фарзанд? Кӣ гуфт, ки ин фарзанд аз Шумост?!
- Чӣ? Ту бо ин гапат чӣ гуфтаниӣ ?
- Ин фарзанд аз ту нест гуфтаниям.
- Фирӯза ба даҳонат нигоҳ карда гап зан!
- Бале, аз ту нест! Фарзанд аз Нуридин аст!-
Фаррух Фирӯзаро як шаппотӣ фаровард.
-Ҳа, ҳақиқат ҳамин тавр талх мешавад. Гаштан гир бо ҳамон сабукпоҳоят,-дод зад Фирӯза васари ҷаҳл аз хона баромада рафт. Фаррух дар ҳолати шок рӯйи диван нишаста монд…
ххххххххххххххххххххххххххххххх
“Ин чӣ кори кардаам буд. Худоё, чи хел ин гапро ба забон овардам. Акнун охираш чӣ мешавад” худ ба худ мунозира мекард Фирӯза.
Вай бо ҳазор фикру хаёл ба хона расид. Ба назди падару модараш даромада ҳамаи айбро ба гардани Фаррух бор кард. Волидайнаш ба гапҳояш бовар карданд, вале ба ин нигоҳ накарда, модараш ба насиҳат сар карда гуфт:
-Духтарам, оОхир барои чӣ телефони шавҳаратро мекобӣ?
- Бо дигарон бемалол сӯҳбат карда гардад-а?
-Зоти мард ба ҳазору як кӯча дарояд ҳам, боз оилаам, ҳамсарам мегӯяд ва албатта назди ҷуфти ҳалоли худаш бармегардад, духтарам. Беҳуда ин тавр кардӣ. Хайр майлаш, домод биёяд бо вай ҳам сӯҳбат мекунам.
Бегоҳӣ Фаррух ҳамроҳи падараш ба хонаи Фирӯзашон омад.
Дасту пойи Фирӯза меларзид, ки Фаррух ҳақиқатро мегӯяд ва сиру асрораш фош мешавад.
“Ба сарам аз ҷойи набуда бало харидам. Акнун чӣ кор мекунам? Фикр кун Фирӯза, фикр. Бетобам гӯям… уффф… Нав ҳамааш хуб шуда истода буд. Охир чаро ин тавр кардед Фаррух...” –дар дил бо худаш мунозира дошт Фирӯза.
-Хайр Қудо, инҳо ҷавонӣ кардаанд-да. Келинамонро ҷеғ занед акнун.
-Ҳаминро гӯед, ҳоло ҷавонанд, ба ҳама чиз зуд асабӣ шуда ҷанг мекунанд.
Фаррух дасташро мушт карда, ба дастурхон нигоҳ карда менишаст. Вай то ҳол воқеаҳои гузаштаро ба касе нагуфта буд.
Фирӯзаро модараш назди онҳо овард.
- Ассалому алайкум дадаҷон.
- Чӣ ҳол дорӣ духтарам? Либосҳоятро зуд пӯш ба хона меравем.
-Дадаҷон, ман намеравам.
- Э-ээ, духтарам чӣ шуд? Фаррух Шуморо сахт ранҷонда бошад, гӯед, ҳамроҳаш ман худам нағзакак гап зада мемонам.
- Не, гап дар ин нест. Ман баргашта наметавонам. Сабаб дар он аст, ки Шумо ҳақиқатро намедонед…
Фирӯза ба чашмони Фаррух дигар хел намуд ва вай ба Фирӯза имкон надода гуфт:
- Ман мегӯям ҳақиқатро.
- Худаш чӣ гап, фаҳмотар гап занед.
- Дадаҷон, ман раҳгум задам. Бо бадон ҳамнишин шуда бо занҳои бероҳа гап задам. Фирӯза маро бубахш, ба ту ваъда медиҳам, ки дигар чунин намешавад.
-Чӣ? Ту чӣ гуфтӣ? Ту ҳоло…
Қариб буд Фаррухро падараш шаллоқе занад…
Фирӯза чӣ гуфтанашро надониста ҳайрон монд. Ӯ ҳодисаву воқеаҳои гузаштаро гуфта ба ҳамааш нуқта гузоштани буд, аммо Фаррух нахост сири Фирӯза фош шаваду назди мардум шарманда гардад. Хусури Фирӯза бо ҳазор узру маънӣ келинашро ба хонааш бурд. Фирӯза ба хона даромад. Фаррухро падараш чӣ гапҳое нагуфт… (Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)
Давоми қиссаро рузи 3 январ интизор шавед!