Салом! Ман як модари ба ғазаби Худо гирифторшуда, мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то ки ба дигар занон дарси ибрат гардад.
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта оиладор шуда будем. Зиндагиамон хеле ширин мегузашт, вале танҳо аз як чиз камбудӣ доштем-писар надоштем. Худованд ба мо пай дар пай 5 духтари нозанин ҳадя карда бошад ҳам, ба ҷойи шукрона кардан мудом ғам мехӯрдам, ки чаро ҳама писар доранду ман бошам, фақат духтар таваллуд мекунам. Вақте ки бори шашум ҳомиладор шудам, шавҳарам дар наздам шарт гузошта гуфт, ки агар ин дафъа ҳам духтар таваллуд кунам, дар болои ман зани дигар мегирад.
Хулласи калом, дилам мудом дар ларза буд, аз тарси он ки боз духтар мегӯянд, ҳатто ба духтур нарафтам.
Ниҳоят рӯзи таваллуд карданам фаро расид ва маро ба таваллудхона бурданд. Ин дафъа ҳам духтар таваллуд карда, зор-зор гиря кардам ва аз тарси он ки шавҳарам дар болоям зан мегирад, аз баҳри тифлаки зебои нав ба дунё омадаам гузашта, дасти холӣ ба хона баргаштам.
Аз афташ аз ин кори ман ғазаби худо омад, ки баъди чанд рӯз ду духтаркам ҳангоми аз купрук гузаштан якбора ба дарё афтида, ғарқ шуданд. Ҷасадҳояшонро пас аз чанд рӯз пайдо карданду фиғони мани зор ба фалак печид. Ҳанӯз ғами духтарони зебои ғарқшудаам дур нашуда, духтари дигарамро мошин зад ва дар ҷойи ҳодиса ҷон дод. Ҳамин тавр як хонаи пур аз кӯдак холӣ шуда монд ва мани гунаҳкор аз дарду алам қариб девона шудам. Шавҳарам бо мани девонаавзоъ умри ҷавонашро хазон кардан нахоста, талоқамро дод ва зани дигар гирифт. Рӯзам сиёҳ шуда, мани бадбахт ба хонаи падару модарам баргаштам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, акнун духтари хурдиам ба касалии саратон гирифтор шудааст. Сарамро ба кадом дар занам, намедонам.
Модарам ҳамеша маро сарзаниш карда мегӯянд, ки ҳамаи ин аз касофати рафтори беақлонаи ман аст, ки аз баҳри фарзандам гузашта, кӯдаки навзодамро дар таваллудхона партофта омадам. Ростӣ хостам гуноҳамро шуста, духтарчаи партофтаамро дубора пайдо кунам, вале дар таваллудхона ба ман гуфтанд, ки ҳамон вақт кӯдакро ба ятимхона супурданд ва кадом як оилаи бефарзанд ӯро ба фарзандӣ гирифтаанд. Суроғаи он оиларо ёфта натавонистам.
Ба занҳо гуфтаниям, ки ҳаргиз барои шавҳар шуда аз баҳри фарзанди худ нагузаред, зеро духтар ё писар ҳамааш доди худован д аст ва касе, ки аз неъмати додаи офаридгор ношукрӣ мекунад, мисли ман ба ғам мепечад.
САИДА