Моҳи мубораки Рамазон ҳам қариб ба поён мерасад. Имсол муслимин ба ҷойи 30 рӯз 29 рӯз рӯза медоранд ва тахмин меравад, ки рӯзи 30-юми март дар Тоҷикистон Иди Саиди Фитр ҷашн гирифта мешавад. Фитри рӯза чанд сомонӣ аст ва онро ба кӣ бояд дод?
Тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон садақаи фитр соли равон дар ҳаҷми 8 сомонӣ муқаррар гаштааст. Садақаи фитр бояд ба одамони ниёзманд, ятимон, занони шавҳармурда, маъюбон, пирони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат дода шавад.
Барои ҳар як узви оила дар ҳаҷми 8 сомонӣ садақаи фитр додан лозим аст. Ҳангоми додани садақаи фитр кӯдакон, ҳатто тифлакони ширхораро низ ба ҳисоб гирифтан лозим аст. Масалан зану шавҳар 3 фарзанд дошта бошанд, барои 5 нафар 40 сомонӣ фитри рӯза медиҳанд.
Садақаи фитрро пеш аз намози ид додан савоби бештар дорад. Вақте ки садақаи фитрро пеш аз намози ид медиҳед, он ҳамчун закот қабул мешавад, вале баъди намози ид диҳед, танҳо ҳамчун садақа.
Садақаи фитр ё фитри рӯзаро бояд сарвари оила аз номи тамоми аъзои оила ба ягон шахси ниёзманд диҳад ё ба масҷид супорад.