arzon replenishment
Келинам духтаронамро чашми дидан надорад
08.04.2025
Oila.tj
1279

Салом! Дар ҳақи касе бадгӯйӣ кардан одати хуб нест, вале рафтори келинам маро маҷбур кард, ки дар дами пирӣ сирру асрори хонаамро бароварда, қиссаи зиндагиамонро нақл кунам ва аз дигар хонандагон маслиҳат бипурсам.

Ман зани 58-сола ҳастам ва дар бисотам ду духтару як писар дорам. Шукри Худо, духтарҳоям соҳиби шавҳар ва хонаву дари ободанд, танҳо гоҳ-гоҳ маро хабаргирӣ меоянд, вале келинам духтаронамро чашми дидан надорад. Хоҳаршӯйҳояшро бинад, авзояш беҷо шуда, қошу қавоқ меандозад ва ба ҳуҷраи худаш даромада, то рафтани онҳо дигар аз хонааш намебарояд.

Духтаронам дар мактабҳои русӣ хонда, маълумоти олӣ доранд, занҳои маданӣ ҳастанд ва ба ҳаёти дигарон дахолат намекунанд. Онҳо ба чӣ хӯрдан, чӣ пӯшидан ва чӣ кор кардани янгаашон кордор намешаванд, вале келини каждумзабонам ҳамин ки фурсати муносиб ёфт, албатта онҳоро неш зада, дилашонро сиёҳ мекунад. Чанд бор бо заҳри забонаш дили духтаронамро чунон сахт ранҷонд, ки ҳатто як пиёла чой нанӯшида, баромада рафтанд.

Писарам ба ҷойи он ки занашро насиҳат кунад ё лаҷомашро кашида монад, даст афшонда, мегӯяд, ки ман аз рӯйи хоҳаронам зиндагиамро вайрону бачаҳоямро сағера карданӣ нестам.

Аламам меояд, охир наход ман бо хуни ҷигар писар калон кунаму имрӯз аз дасти келин духтарҳоям бемалол аз дарам даромада натавонанд.

Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

У. С.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД