arzon replenishment
Лолаи сиёҳ (ҚИСМИ 6)
1258

Вақте ки Нозия ба хонаи Фарид омад, дар саҳни ҳавли аллакай арӯсу домодро ёр-ёр кунон фароварда буданду базму шодӣ дар авҷ буд. Фариди азизаш бо ҷомаи домодӣ мисли шоҳписар буду арӯс дар либоси қадимаи тоҷикона мисли шоҳдухтар.

- Наход тӯйи домодии Фарид бошад?,- ашки чашмонашро пок карда, аз дил гузаронид Нозия.

Ин лаҳза холаи Фарид, ки Нозияро аз наздик мешинохт, ӯро дида ба наздаш омаду салом дод ва ба хона пазироӣ намуд:

- Нозияҷон, хуш омадӣ, даро ба хона. Дами дар наист.

- Раҳмат холаҷон…

- Гиря накун, акнун тақдират ҳамин будааст. Ягон духтар бешавҳар намемонад. Иншоаллоҳ, бахти ту ҳам кушода мешавад.

- Не, холаҷон, ман танҳо як дил дорам ва он ҳам танҳо Фарид буд. Бахти бе Фаридро чӣ кор кунам?

- Даро ба хона...

Нозия ашкрезон аз ҳавлӣ баромад. Пиёда-пиёда сари қабри модараш омад. Дилашро холӣ кард.

- Оҳ, модарҷон, чаро маро бадбахт ба дунё овардӣ? Ҳатто кӣ будани падарамро намедонам. Фаридро бо ҷону дилам дӯст медоштам, ҳозир будам, ки аз қафояш ба он гӯшаи дунё биравам. Аммо ӯ бевафоӣ кард. Доимо худамро назди ӯ бо пероҳани арӯсӣ тасаввур мекардам. Пас, ҳамаи ин танҳо орзу будаасту халос… Эй сарнавишти қаламбадаст, чаро ба яке зиёдтар бахт тақсим мекуниву ба мани бадбахт кам?...

Фарид баъди зангирӣ боз як ҳафтаи дигар дар ватан монд. Закия аз тарсу ҳарос, ки сирраш фош шудааст, ҷуръат намекард ба Нозия занг занад. Ҳатто телефонашро кушта партофт. Фарид аз хомӯш будани телефони ӯ хавотир шуда, ҳарчи зудтар ба Русия парвоз кардан мехост. Ҳамсари наваш хеле зебо бошад ҳам, ҳушу ёди Фарид ба Закия банд буд. Закия бошад, дар вақти набудани Фарид ба ҷойҳои истироҳатӣ рафта, сайр мекард. Дар яке аз сайрҳояш бо ҷавони озарие шинос шуду ӯ таклифи издивоҷ кард. Озаримард хеле бодавлат буду дар шаҳри Маскав ва Новосибирск тарабхонаҳои шахсӣ дошт. Закия акнун фикр мекард, ки чӣ тавр аз Фарид риштаи муҳаббаташро бурида, ба назди ин марди сарватманди ошиқаш биравад. Ҳанӯз Фарид наомада, ӯ хатчае навишту аз хонаи иҷораи ӯ баромада рафт. Ин марди озарӣ, ки шефтаи ӯ гашта буд, ӯро ба никоҳи худ дароварда, барояш дар маркази шаҳри Маскав хона харид.

Фарид ба хонаи иҷорааш омаду онро холӣ дарёфт. Ҳайрон хатчаеро аз рӯйи мизи ошхона ёфт: «Салом Фариди азиз! Маро бубахш, ки туро фиреб кардам. Ман Нозия нестам, ман ҳамон Закияи раққоса ҳастам, ки ту нафраташ дорӣ. Нозия духтари хеле боиффат аст ва туро самимона дӯст медорад. Паноҳат ба худо».

Фарид ҳайрону сарсон ин номаро гаштаву баргашта мехонду худро дар боли афсона эҳсос мекарду дар дил тавба мегуфт. Дар тааҷҷуб монд, ки акнун ба кӣ бовар кунад?

… Аз ин бармеояд, ки ман аслан бо Закия никоҳ кардаам. На бо он Нозияе, ки маҷнунвор дӯсташ медоштам. Аммо акнун боз зан дорам дар ватан. Ман бояд чӣ кор кунам?

Фарид баъди бевафоии Закия тамоман хаставу парешонхотир гашта, ба чизе ҳавас надошт. Соат ба соат пазмони Закия мешуд. Дар умқи дилаш ҳис кард, ки ӯро дӯст медорад бениҳоят. Ҳатто розӣ буд, ки ба хотири ӯ аз зани бо тӯю тамошо гирифтааш ҷудо гардад. Агар ин лаҳза Закия пушаймон наздаш биёяд, ӯ мебахшад. Аммо Закия бо он марди озарӣ айни замон хушбахту сарватмандона умр ба сар мебурд. Фарид ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад.

Фарид баъди ду моҳи муҳоҷират сахт дилаш шикаста гардиду боз роҳи ватанро пеш гирифт. Ҳамсараш ӯро бо чеҳраи шукуфон пешвоз гирифт. Аммо аз чӣ бошад, ки дили Фарид сиёҳ буду ӯро дӯст намедошт. Модар дар танҳоӣ насиҳаташ кард, ки ба тақдир тан диҳаду ба арӯси наваш меҳру муҳаббаташро дареғ надорад.

Саломатии падари Фарид хеле бад шуд. Баъди як ҳафтаи омадани Фарид ӯ аз олам чашм пӯшид. Фарид баъди маросими гӯручӯби падарро гузаронидан ба ҷустуҷӯйи Нозия баромад. Нозияро аз кошонаи ҳусн дарёфт, хеле ороставу соҳибҷамол.

- Салом, Нозияҷон, хубӣ? Ман ҳам бепадар шудам.

- Худоё, чӣ хабари баде. Ман нав дарак ёфтам. Худо раҳматашон кунад, хеле одами хуб буданд. Худат чӣ ҳол дорӣ?

- Ман шукр хубам. Медонӣ, Нозия, ман нисбати ту гумони бад бурда, ба Русия гурехта рафта будам, агар тавонӣ, маро бубахш.

- Туро Худо бубахшад. Ман нисбати ту кинае дар дил надорам. Арӯсат чӣ хел?

- Хуб. Медонӣ, боз як гуноҳи дигар кардам.

- Чӣ?

- Ман ҳаммонанди ту Закияро ба занӣ гирифтам. Он вақт гумон мекардам, ки ин тӯйӣ.

- Чӣ тавр? Канӣ накл кун,- додзанон пурсид Нозия.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД