Arzon march 2024
Лолаи сиёҳ (ҚИСМИ 7)
1210

Вақте ки Фарид тамоми ҳодисаро нақл карда, хати Закияро нишон дод, Нозия чунон асабӣ шуд, ки шояд ин лаҳза агар Закия наздаш мебуд, гулӯяшро бӯғӣ карда мекушташ.

- Рав аз пешам, Фарид. Зангириат кам буд, ки боз ин хабарро ба ман расонидӣ.

- Майлаш, ба ту бахт мехоҳам.

- Раҳмат.

Нозия сари қаҳру ғазабаш ба хонаи Закия равона гардид. Мехост рафта ба падари Закия кӣ будани духтарашро гуфта диҳад. Дари ҳавлиро мӯйсафеди асобадасте кушода, пурсон шуд, ки чӣ даркор аст? Аммо ба рӯйи Нозия дурусттар зеҳн монда, ӯро “Закия, хуш омадӣ, духтарам” гуфта, ба оғӯш кашиду гирякунон гуфт:

- Даро, духтари гурезаам. Маро партофта рафтӣ. Оҳ худоё, хайрият ки омадӣ. Вагарна вақти мурданам чашмонам армонӣ мемонданд.

- Падарҷон…,- ӯ хост бигӯяд, ки аслан Нозия аст.

Аммо калимаи падарро, ки бори аввал ба забон меовард, барояш фараҳбахш буд. Дилаш мегуфт, ки каме ҳам бошад, нақши Закияро иҷро карда, лаззати падардориро бифаҳмад.

Нозияро падар ба хона дароварда, наздаш дастархон партофту гуфт:

- Бачаҷонам, дигар маро напарто. Ин ҷазои давраи ҷавониам мебошад, ки дар пирӣ аз дасти ин зан наосудам.

Нозия ба ҳуҷраи пуракс нигариста, ногаҳон акси модарашро бо ду духтарча дид.

- Ваҳ, ин акси модарам ку.

Ӯ аз ҷояш парида хесту ба акс дурусттар нигарист. Дар акс ду духтари бо ҳам шабоҳат дошта аз ду тарафи модараш меистоданд. Падараш суоломез ба ӯ нигариста, гуфт:

- Духтарам, модаратро шинохти чӣ? Ман ин аксҳоро баровардам. То ба ту ҳақиқати зиндагиамро нақл кунам. Ин зани бад модари ту нест. Модари ту ин зани дар акс буда аст. Ин духтари ба ту сахт монанд бошад, хоҳари экизаки ту аст. Аммо намедонам, ки ҳоло ӯ дар куҷосту ҳамсари собиқам чӣ ҳоле дорад. Ин зани бадрашк намегузошт, ки ман ба онҳо наздик шавам.

Пеши чашмони Низоми барҷомонда гузаштаи талхаш падидор гардид.

Низом Санамро дӯст дошта ба занӣ гирифта буд. Аммо баъди шаш соли занушавҳариашон ба зани аз шавҳар ҷудошудае сахт ошиқ шуду ӯро зани дувум гирифт. Аммо Санам аз ин хиёнати шавҳар дарак ёфта, пешаш шарт гузошт, ки зани дувумашро талоқ кунад. Аммо Низом баръакс ӯро талоқ карда, аз хона баромада рафт. Вале баъди як моҳи ҷудоиашон Санам тарбияи дугоникҳояш Закияву Нозияро уҳда накарда, ба наздаш омад ва гуфт, ки якеро бигирад. Низом шарт гузошт, ки «ба шарте духтарамро мегирам, ки аз баҳраш баромада, забонхат нависӣ». Зиндагии Санам, ки хеле вазнин буд, ба ин шарти ӯ розӣ шуда, аз баҳри Закия гузашт.

Ин нақли падар Нозияро аз худ бехуд карду ҳунгосзанон гириста, аз гардани ӯ оғӯш карда, гуфт:

- Отаҷони ман, ҷигари ман… Оҳ худоҷонам, раҳмат... Акнун фаҳмидам, ки чаро модарам ягон вақт аксҳои кӯдакии маро нишон намедод.

- Чӣ шуд, Закияҷонам?

- Отаҷон, ман Закия не, ман Нозияи гумгаштаи шумоям.

- Оҳ духтарам…

Падару духтар то дергоҳи шаб суҳбат карда нишастанд. Акнун бояд Закияро меёфтанду ин хабарро мерасониданд. Аммо аз Закия муддати шаш моҳ дараке набуд. Нозия мисли гул шукуфта, аз нав дилгармие ба зиндагӣ эҳсос кард. Ба дил андеша кард: «Худоё, ин зиндагӣ ин қадар аҷиб аст. Якеро мегираду дигареро медиҳад. Якеро гум мекуниву дигареро меёбӣ. Ман ишқ гум кардам, аммо падарамро ёфтам. Ман хиёнат дидам, аммо хоҳарро ёфтам».

Баъди шаш моҳ Закия аз шавҳари озариаш ҷудо шуда, пушаймон ба ватан омад. Вақте ки аз дарёфти хоҳари экизакаш огаҳӣ ёфт, ҳам хурсанд шуд, ҳам ғамгин. Охир, ӯ дидаву дониста дӯстдоштаи хоҳарашро фиреб карда, зани ӯ шуд.

Аммо Нозия ӯро ба оғӯш кашида, гуфт, ки раҳмат ба Фарид, ки сабабгори шинос шудани ману ту гардид. Зиқ нашав, хоҳаракам, асос ману ту якдигарро ёфтем. Аммо Фарид туро дар ҳақиқат дӯст медоштааст.

- Э не, ман ба ӯ хиёнат кардам. Ҳаргиз маро намебахшад.

Фарид аз бозгашти Закия дарак ёфту худи ҳамон замон ба хонаи онҳо омад. Аз Закия хоҳиш кард, ки «биё бо ҳам аз нав никоҳ кунему зиндагиамонро аз нав рӯйи варақи тоза оғоз намоем».

- Ман ку розӣ. Аммо занат чӣ мегӯяд?

- Ӯ дарк кардааст, ки ман танҳо туро дӯст медорам. Ҳатто розӣ аст, ки ҳам туро нигоҳ кунаму ҳам ӯро.

- Майлаш, ба хотири ишқам розиам. Рӯзи дигар Закия ба бозор рафта, барои худаш матоъ хариданӣ шуд. Аммо Нозия шаб хобҳои парешон дида буду ҳеч дилаш намекашид, ки Закия ба бозор равад.

- Закияҷон, нарав имрӯз ба бозор. Ман шаб боз ҳамон лолаи сиёҳро хоб дидам, ки дар рӯйи ҳавлиамон шукуфтааст ва дар сафедии рӯз чунон ялаққос мезанад, ки гӯё дар ҳавлиамон тамоми хешу таборон ҷамъ шуда бошанд. Боз модарамонро хоб дидам, ки дар миёни ҳавлӣ рақс дорад ва хурсандӣ дорад, ки маро ба шавҳар дода бошад. Тавба...

- Э ту ҳам хурофотпарастӣ да. Ин ҳама хоб асту халос. Ба ин бофтаҳо ҳаргиз бовар накун. Ман бо Фарид аз нав зиндагиро сар карданӣ ҳастем. Баъди аз Русия баргаштан ман либосу рӯймоли тоҷикӣ надорам. Барои ҳамин рафта аз бозор як матоъи тоҷикӣ мехарам.

- Биё нарав, Закияҷон. Ман ба ҷойи ту меравам. Як боракак гапи маро гир.

- Хуб, ту рав. Аммо матоъи навбаромади комбахт бароям бихар.

- Майлаш.

Нозия ба назди бозор расиду акнун аз роҳ гузаштанӣ буд, ки ба хаёлаш боз ҳамон лолаи сиёҳ расид. Ногаҳон мошини калони ЗИЛ ба мошини сабукрави Нексӣ бархӯрду дар мобайни роҳ Нозияро зер кард. Нозия ҳатто воҳ гуфта натавонист. Лолаи сиёҳ пеши чашмонашро гирифт…

Закия дар маросими ҷанозаи Нозия беҳушу беёд дар беморхона мехобиду дам ба дам мегуфт:

- Айби ман аст. Ӯ ку хобашро ба ман нақл карда буд. Ҷони худашро нисори ман кард. Лолаи сиёҳ марги ман буд, аммо ӯ ҷонашро барои ман қурбон сохт…

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД