Дар доираи баргузории Форуми минтақавии Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ барои кумитаҳои миллии олимпии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ дар шафати Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт байни иштирокчиёни форум «Дави дӯстӣ» баргузор гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар «Дави дӯстӣ» намояндагони ҳайатҳои 22 давлати иштирокдори Форум иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи мусобиқа таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили «Дави дӯстӣ» (Fun Run) тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва таҳкими дӯстӣ байни ҳайатҳои иштирокчии ин чорабинии бошукӯҳи байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи ин чорабинии варзишӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот як зумра ҷавонони фаъол ва ғолибони озмунҳое, ки раёсати Форум дар самтҳои алоҳида баргузор намуд, дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома, медал ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 6-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ оғоз гардид, ки дар он варзишгарону роҳбарони сохторҳои варзишии зиёда аз 22 давлати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ иштирок намуданд.