Sebiston new 2024 october
Шайтон ба Ҳоҷибибӣ санг зад  
3919

 

Як хоҳари ман фитнаангезу ҷангандоз аст, ки табиати инсонии ӯ чунин аст. Аз табиати инсонӣ гуфтан хиҷолат мебарам, беҳтар мебуд, ки табиати ҷинсонӣ мегуфтам.

Чуноне, ки дар мақоли халқии русӣ мегӯянд, «Одами каҷро танҳо лаҳад рост мекунад». Дар солҳои таҳсили мактаби миёна, ҳамдарсонашро хабаркашӣ менамуд ва миёни онҳо ҷанг андохта, гӯё лаззат мебурд. Дар хона пишакро дар болои саг ҳаво медод, то ки онҳо ҷанг кунанду ӯ, лаззат барад.

Аз миён солҳо мегузаштанду табиати ӯ тағйир намеёфт. Ӯ, яке аз фарзандони модари қаҳрамон аст. Дар миёни аҳли оила низ мудом кинаву фитна меандохт ва якеро дар назди дигаре бадном менамуд.

Модари пир борҳо ба ӯ мегуфт, ки “Духтарам, кай ту ин дилхарошиатро бас мекунӣ?” Ӯ дар ҷавоб мегуфт, кӣ “Феълам дуруст аст, хуб мекунам” ва модар дар ҷавобаш лол мемонд. Бо шарофат ва ё касофати ӯ ёздаҳ бародару хоҳари як оила бо ҳамдигар рӯи нодиду зиданд. Барои ду халтаи сементи тасодуфан гумшуда, аз мансаби писари полковникаш истифода намуда, бародари хурдиашро то ба маҳкама кашонд ва баъди нуҳ моҳи дар маҳкама будан тариқи авфи умум озод гардид. Замоне, ки як писару як духтараш корманди бонки миллӣ шуданд, рафтори ӯ беш аз пеш бадтар мегардид. Замоне, ки писари хурдиаш бо рутбаи полковникӣ корманди сохтори қудратӣ гардид, ӯ аллакай хешу ақрабои камбизоатро дар ҳалқаи ақрабои сарватманд нишастану суҳбат кардан намегузошт. Ӯ доим ҳамин суханро мегӯяд, кӣ «Бӯи каси камбағал пеш аз худаш ба хона медарояд», «рӯи мардуми камбағал дар гӯр»... Ӯ, ду холаи камбизоате, ки аз модар ба ёдгор мондаанд, дар тӯю маъракаҳояш дават намекунад. Сипас бо дарёфт намудани пули калони аз роҳи носавоб тасмим мегирад, ки Ҳаҷҷи Каъбаро ба ҷой биёрад, бехабар аз он, кӣ Худованди якто Ло-Макон буда, Воҷиб-ул-Вуҷуд асту дар дилҳои ҳамаи бандаи муъмин, новобаста аз дину мазҳаб ҳозиру нозир аст.
Дар роҳи ниёз ҳар дилеро  дарёб,                                                             
Дар кӯи ҳузур муқбилеро дарёб.                                                                  Сад Каъбаи обу гил ба як дил нарасад,                                                    Каъба чӣ равӣ? Бирав, дилеро дарёб!

 

  Падари аҳли хонадон ба ман гуфт, ки “Хоҳарат ба Ҳаҷ меравад. Биё ба маросими гуселаш биравем”. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки “Падарҷон, ту пир шудаӣ. Агар духтарат имону хирад медошт, мебоист ҳамчун қарзи фарзандӣ нахӯст туро ба Ҳаҷ равон мекард”. Падар дар ҷавоб гуфт: Ин дафъа ӯ Ҳаҷ кунаду биёяд, сипас навбати ман мерасад. Биё, ба гуселаш меравем.

-Падарҷон шумо медонед, ки хотири ман аз хоҳарам ранҷидааст, ман намеравам.

Падар гуфт:

-Гардани Шайтонро бишикану биё ба аёдати хоҳарат биравем.

Ман дар ҷавоб гуфтам:

-Зоирони тамоми рӯи олам хонаи Каъба мераванд, кӣ Шайтонро санг бизананд. Гумон мекунам, Шайтон хоҳари фитнагари моро санг мезанад,- ки ҳамин хел ҳам шуд.

Дар маҳале, ки ҳоҷиён аз рӯи расму оини ниёгон ба тарафи Шайтон ҳафт санг ҳаво медиҳанд, хоҳари фитнагарамон наздик шудан замон ба замин меафтад ва аз худ бе худ мегардад. Зоирони пасоянд нохудогоҳ аз болояш қадам монда мегузаранд.

Он лаҳза ӯ бехуд гашта, ба беморхона меафтад. Бо ҳамин тариқ ба Шайтон санг ҳаво надода, аз сафари Ҳаҷ бармегардад.

Ҳафтае баъд аз ҳоҷитӯй карданаш боз як чорвои дигар дар ризои Худо қурбонӣ мекунад, ки дар маросими сангзанӣ, дар зери лагади анбуҳи ҳоҷиён ҳалок нашудааст. Бори дигар падари пир манро даъват намуд, ки “Дар маросими сангзании Шайтон хоҳарат нохудогоҳ аз худ рафтааст ва барои сиҳату саломат ба Ватан баргаштан дар роҳу ризои Худо, нони худоӣ кардааст, биё ба аёдаташ биравем”. Ман бори дигар ёдрас намуда, гуфтам:

-Қабл аз сафари Ҳаҷ ман гуфта будам, кӣ гумон дорам Шайтон ин зани фитнаангезро санг мезанад, ки ҳамон гуфтаи ман шуд.

Азизони дил! Имкон дорад ин тасодуф бошад ва ё имкон дорад дар асл чунин ҳам бошад.


ЗАНАМРО ДАР БОҒИ РУДАКӢ БО КАВАЛЕРАШ КАПИДАМУ...

 


Аз таърихи башарият золимтарин зан, ҳамсари паёмбар Иброҳими Халил, шоҳдухтар Сороро мешинохтам. Падари Соро, бо вуҷуди шоҳ буданаш дар тарбияву ислоҳи духтараш оҷиз буд. Аз ҳамин сабаб, духтарашро ба накӯтарини инсонҳо, яъне Иброҳими Паёмбар дод, то ки шояд ислоҳ шавад. Вале Соро бадтар шуду беҳтар нашуд, ки қиссаи дар биёбон партофтани Исмоили навзоду модараш Ҳаҷараро ҳамагон медонанд. Дар ҳазораи сеюм Сорои замонро ман дар симои ин ҳоҷибибӣ мушоҳида намудам. Луқмони Ҳакимро гуфтаанд: Адабро аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт: Аз беадаб. Он рафтори беадабонае, ки дар назарам хуш наомад, аз он худдорӣ намудам. Рафтору кирдори носавоби ашхоси беадаб барои мардумони худогоҳ дарси ибрат аст. Ин гуна фитнаву шӯре, ки ҳоҷибибӣ нисбати аҳлу ақрабони худаш мекунад, дар ҳаёти маҳдуди инсонӣ ба ҳеҷ як душмани худ раво надоред. Зиёрати Худои Якторо на ин ки бо пул, балки бо имону ихлос кунед, кӣ Худованд ба молу ашё эҳтиёҷ надорад. Он чизе, ки ба худатон эб намедонед, ба дигарон ҳам эб надонед. Дар интиҳои гуфтор якчанд рубоиёти ҳакимонае аз эҷодиёти пири хирад Ҳакими Нишопурӣ меоварем, ки гуфтааст:

Гар чӣ ғаму ранҷи ман дарозӣ дорад,                                                

Айшу тараби ту сарфарозӣ дорад.                                                      

Бар ҳар ду макун такя, ки даврони фалак,                                         

Дар парда ҳазор гуна бозӣ дорад.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД