formula
Занамро дар боғи Рудакӣ бо кавалераш капидам
9988

Салом ба кулли муштариёни сомонаи Оила. ТҶ! Ман як марди фиребхурда мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Аз кӯдакӣ ягон рӯзи хушро надидам. 4-5сола будам, ки падарам аз дунё гузашт. Бечора модарам бо майдафурӯшӣ зиндагиамонро пеш мебурд, аммо чанд сол пеш зери чархи мошин монда, ин дунёи бевафоро падруд гуфт. Бародари калониям баъди сари модарам дар сохтмон кор карда, зиндагиро пеш мебурд. Холи зори моро дида холаам бо як коса об духтарашро ба акаам никох карда дод, то ки акаллан либосхоямонро шуяду бароямон хӯрок пазад. Хамин тавр бо кумаки акаву янгаам мо ба воя расидем. Апаамро ба шавхар доданд. Ман бошам, бо дониши худам ба донишгоҳ дохил шудам. Дар соли сеюми донишҷӯи ба духтараки зебое дил бастам. Акаву янгаам ба хонаи духтари дустдоштаам, ки Нигина ном дошт, хостгорӣ рафтанд ва тӯю сур ороста, сари моро ҷуфт карданд. Ман Нигинаро духтари бамаъни фикр мекардам. Аммо шаби аввал арӯсам нодухтар баромад. Сари кафида зери тоқӣ гуфта, ин сирро аз ҳама пинҳ0он доштам. Гумон доштам, ки бар ивази ин некиам Нигина маро тоҷи сар мекунад. Вале хаёлам хом баромад. Зани тарпоча ҳеҷ гоҳ аз фоҳишагиаш намемондааст.

 


АЗ НИКОҲИ МАҶБУРӢ ТО ОҚИПАДАРИИ РӮЪЁ (ВИДЕО)


Пас аз ду соли зиндагӣ Нигина боз ба ман хиёнат кард. Занам ба хонаи модараш ба шаҳри Душанбе ба меҳмонӣ бурдам. Чанд рӯз пас гузорам тасодуфан ба боғи Рудакӣ афтид ва Нигинаро дар боғ бо як буққа оғӯш ба оғӯш дида дуд аз димоғам баромад. Он буққаро мурданивор кӯфта, зани фоҳишаамро низ мурдакӯб кардам. Нигина зориву тавалоло мекард, ки аз гуноҳаш гузарам. Ба рӯяш нигоҳ накарда, бо дили хазин аз боғ баромадам. Айни замон занам дар хонаи модараш аст. Мехоҳам талоқи ин фоҳишаро диҳам ва чилу чайданашро бурда ба хонаашон партоям, вале тақдири писарчаам маро ба ташвиш овардааст. Намехоҳам,ки фарзандам низ мисли худам сағера шуда, дар зиндагӣ азоб кашад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Муроди фиребхурда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД