Дар маҷмӯъ 54 кас, аз ҷумла 51 кӯдак дар яке аз боғчаҳои бачагона, ки шаҳри Кайюани Чин ҷойгир аст, дар натиҷаи ҳамлаи кимиёвӣ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, бо захмҳои зиёди сӯхтагӣ ба бемористон афтиданд... Ҷиноят аз ҷониби як марди 23-сола содир шудааст.
Ин ҳодисаи гӯшношунид ҳафта равон рӯй додааст. Ба бинои боғчаи бачагона марди ҷавоне бо исми Конг ворид гашта, маводи кимиёвии хусусияти сӯхтордоштаро ба сару рӯйи кӯдакон ва мураббиёни онҳо пошидааст. Тибқи иттилои оҷонсии иттилоотии Синхуа гумонбар моддаи заҳрноки ҳидрооксиди натрийро ба рӯйи тарбиятгирандагони ин боғчаи бачагона ва мураббиёнаш пошида, онҳо сахт захмӣ намудааст.
Ҷароҳатбардоштагон ба беморхона и халқии Кайюан интиқол ёфтанд . Табибон вазъи саломатии ду кӯдакро вазнин арзёбӣ менамоянд.
Гумонбар баъди 40 дақиқаи содир намудани ин ҷинояти нангин аз ҷониби пулис дастгир карда шуд. Тахмин меравад, ки мард бо ҳамин роҳ аз ҷомеа интиқом гирифтан мехостааст. Тафтишоти ин қазия идома дорад.