Худованд ин марди дардманд ва бенаворо аз дидаи бино маҳрум намудааст. Ӯ наметавонад аз тамошои осмони соф ва манзараҳои зебои табиат лаззат барад. Ӯ наметавонад чеҳраи нозанини ҳамсару фарзандонашро ба серӣ тамошо кунад. Ӯ наметавонад мисли дигар ҷавонмардон миёнашро маҳкам баста ба мардикорӣ равад, зеро аз рӯзе, ки худро ёд дорад, дунё ҳамеша дар назараш тираву торик аст.
Рауф Мирзоев аз модар нобино ба дунё омадааст ва аз бозе, ки худро ёд дорад, зиндагиаш пур аз дарду ранҷу азоб аст. Аз як тараф ғами нобиноӣ, аз ҷониби дигар алами камбағалӣ ва бехонагию дар ба дарӣ дили дардманди ин марди маъюро пора-пора месозад. Ин оилаи камбизоат дар маҳаллаи Ватаншо Шамсови шаҳри Кӯлоб умр ба сар мебаранд ва зиндагии пурмашаққате доранд. Онҳо хонаву дар надоранд ва аз ночорӣ дар манзили волидони Рауф зиндагӣ карда, дарди сари пиру кампир гаштаанд. Дар ин ҳавлии хурдакак чаҳор оила умр ба сар мебаранд ва рӯзе нест, ки аз рӯйи кӯдакон байнашон ҷангу ҷанҷол нахезад. Рауф мехоҳад зану фарзандонашро гирифта тарки ин манзил намояд, вале ягон имконияти хона харидан надорад. 180 сомонӣ нафақае, ки ин марди нобин мегирад, ҳатто ба хурду хӯроки аҳли оилааш намерасад. Гавҳарбӣ Хайруллоева, ҳамсари Рауф Мирзоев се маротиба ҷарроҳӣ шуда, бар асари беморӣ қувваи кории худро аз даст додааст. Зану шавҳари маъюб намедонанд 4 фарзанди хурдсоли худро чи тавр хӯронанду пӯшонанд. Азоби камбағалию дар ба дарӣ ин бачаҳои хурдсолро аз зиндагӣ дилшикаста ва навмеду маъюс гардонидааст. Онҳо мехоҳанд мисли дигар ҳамсолонашон сару либоси наву зебо дошта бошанд. Мехоҳанд соҳиби манзили худ бошанд, то касе бо дашному ҳақорат аз дар берунашон насозад. Онҳо мехоҳанд зиндагии зебову пурнишот дошта бошанд, вале нобиноии падару маъбии модар ва ҳаёти камбағалона ин чаҳор тифли маъсумро аз чашидани шириниҳои даврони кӯдакӣ маҳрум намудааст... Ин зани шавҳари маъюб шахси ғамхоре надоранд, ки ба сӯяшон дасти мадад дароз намояд.
Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила аз рӯйи раҳму шафқат ба ин оилаи камабизоат кӯмак расонида, дар ҳалли мушкилоташон саҳми худро мегузоранд. Зиндагӣ дар назари ин марди нообино тираву тор аст, вале шумо метавонед бо некии худ ба ҳаёти фарзандони хурдсоли Рауф Мирзев равзанаи нуре ворид созед. Нуре, ки ҳаёи онҳоро андаке ҳам бошад, равшан месозад.
НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛАИ НИЁЗМАНД КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, МЕТАВОНАНД БА РАҚАМҲОИ 918-28-85-34 ЗАНГ ЗАНАНД ВА Ё БА РАҚАМИ КОРТҲОИ ЗЕРИН: 5058270420165606 (КОРТИ МИЛЛИИ ЭСХАТА) VISA 4439190020059467 (ЭСХАТА) ХАЙРИЯИ ХУДРО ИРСОЛ НАМОЯНД!