Шаҳрия ва Анас бо кӯмаки Тилло-хола ба ҳам вомехӯранд, ҷавон ниҳоят зебо, боақлу доно ва меҳрубон буд. Дар донишгоҳ дар риштаи иқтисод таҳсили илм мекард, ба Шаҳрия ин ҷавони хушзабон хуш омад. Аммо амакаш розӣ нашуд:
-Аз хонаи бачаҳо бошад, аз куҷо медонем кист? Аслу насабаш аз куҷост? Намешавад!
Аммо Тилло-хола гуфт, ки волидони бача дар садамаи автомобилӣ ҳалок шудаанд. Шаҳрияро бе маҳру қалинг, тӯй карда, ба Анас доданд, амакаш ризо набуд ва ба баҳонаи сафари хизматӣ дар тӯй иштирок накард, вале дигар пайвандон бо тӯҳфаҳо ба табрики ҷуфти ҷавон омаданд. Шаҳрия бо шавҳари нозанину меҳрубонаш худашро хушбахт эҳсос мекард. Гулдаста ҳам домодашро мисли писараш дӯст медошт, то тамом кардани донишгоҳ дигар ӯро намонданд кор кунад. Аз ҳисоби хушдоману занаш ду соли дигар хонда, донишгоҳро тамом кард ва бо мусоидати амаки занаш ба кор даромад. Анас ба кор даромаду муносибаташ тамоман дигар шуд.
Хасиси хоин
Анас ҳамин қадар хасис буд, ки ба хона ҳатто як нон намеовард, ҳатто барои духтарчаи хурдсолаш як памперс намехарид. Як рӯз Шаҳрия ба ӯ гуфт:
-Анасҷон, ман ҳам ба рухсатии тарбияи фарзанд баромадам, ту парвои зиндагӣ надорӣ, айб аст дар гардани модарам бор шуданд. Охир он кас пир шудаанд, аз сари мошина шиштан миёнашон дард мекунад, як фикр кардан даркор, рӯзғорро ба гардан гир.
Анас аз ин гапи занаш суп-сурх шуда бо қаҳр гуфт:
-Ман пуламро ҷамъ дорам, ки мошин харам. Таъна накун маро, дигар ба хонаатон намеоям,- ӯ мисли занон қаҳр карду даҳ рӯз ба хона наомад. Гулдаста чун фаҳмид, ки духтараш бо ҳамсараш моҷаро кардааст, ӯро ҷанг кард. Анас баргашт, аммо ҳамон хеле буд, монд. Баъди як сол ӯ мошини зебое харид ва аҳвол бадтар шуд, акнун ӯ шабҳо ба хона намеомад, биёяд ҳам бо духтарон гап зада, Шаҳрияро асабӣ мекард. Оқибат дунболи зани серпуле рафт, бечора Гулдаста ба хотири бахти духтараш адреси он занро ёфта рафт. Бечора Тилло-холаи аз карда пушаймон низ ҳамроҳаш буд. Ин зани бепарво, ки тоҷир будаасту аз Анас бист сол калон, бо тамасхур гуфтааст, ки “ин бача кучук нест, ки ман ӯро дар санҷаи дарам баста монам, дӯст доштаасту омадааст!”
Рӯзи дигар Анас ба мактаб ба сари занаш рафта, байни ҳамкоронаш:
-Ман аз ту сағираи почаканда безорам, модари лангатро гӯй, ки дум-думи ман нагардад,- гӯён Шаҳрияро таҳқир кард. Шаҳрия ба рӯйи ӯ туф карда фарёд зад:
-Рӯйи ту ҳаром, сиёҳ! То дирӯз саг барин ба як пораи нони сағираву ланг зор набудӣ?!-Ҳамин тавр онҳо ҷудо шуданд.
Шавҳари маҷозӣ
Баъди ҷудоӣ аз шавҳар Шаҳрия ба сомонаҳои интернетӣ сар зад ва шабу рӯз бо дӯстони маҷозияш сӯҳбат мекарду дарди дил. Дар ҳамин сомонаҳо бо як ҷавонмарде бо номи Ҳабиб шинос шуд. Ҳабиб худро безуриёт гуфту илова кард, ки мехоҳад бо ягон зани фарзанддор хонадор шуда, фарзанди ӯро калон кунад. Шаҳрия аз тақдири талхаш ба ӯ нақл карду онҳо унс гирифта, шабу рӯз бо ҳам гап мезаданд. Нақшаи зиндагии ояндаро мекашиданд, Ҳабиб мегуфт, ки ҳавлии калон дораду онро таъмир карда, Шаҳрияву духтару модарашро ҳамон ҷо мебарад. “Тобистонҳо дар ҳавлӣ ва зимистонҳо дар хонаи шумо зиндагӣ мекунем” мегуфт Ҳабиб ва духтари пурҳавас хурсанд мешуд. Аз чӣ бошад, таъмири ҳавлӣ тул мекашид, чун Шаҳрия сабаб пурсид, ҷавонмард гуфт, ки бист ҳазор сомони дигар баро таъмири пурра намерасаду ӯ аз бонк қарз гирифта, дар муҳлатҳои наздик корро буд мекунад. Аммо Шаҳрия “худатро қарздор накун” гӯён, бо модараш маслиҳат карда, охирин пулҳои хонаашонро бурда, ба Ҳабиб дод, ин вохӯрии аввалину охирини онҳо буд…
Ҳоло Ҳабиб, шояд Ҳабиб ҳам набошад, сайташро лағв карда, ба зангҳои бешумори духтар ҷавоб намедиҳад. Телефонаш хомӯш аст, Шаҳрия намедонад чӣ кор кунад, агар ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ арз кунад, гирди номаш овоза мешавад, баъд ягон исбот надорад, ки ба ин мард пул додааст.
Имрӯз Шаҳрияи шикастабахти фиребхӯрда хуни дил мехӯрад, аммо чӣ фоида?