Sebiston new 2024 october
Шавҳаратро ба ман медиҳӣ, ҳамсояҷон?
4516

 

Ятимдухтар, ки будам, тағоҳоям маро дар синни 17 солагӣ ба шавҳар доданд. Домодро рӯзи тӯй дар таги чодар дида бошам ҳам, дарҳол бо ӯ унс гирифтам. Духтари содаи дар умрам ягон мардро надида будам, шавҳарам бо меҳрубонию навозиш зуд диламро ёфта, бароям бисёр азиз гашт.

 

Аз хати кашидааш берун намебаромадам, ба қавле мур гӯяд мемурдаму зиҳ гӯяд, зиндагӣ мекардам. Аз зиндагиамон 8 сол гузашту соҳиби ду фарзанди нозанин гаштем. Шавҳарамро ба вазифаи баланд таъйин карда ба шаҳр фиристоданд. Ман ҳамчун зани вафодор ҳамроҳи шавҳари мансабдорам ба пойтахт омадам. Дидадаро, ки будам, забон ёфтан бо ҳамсояҳои нав бароям душворӣ накард. Ман ба хонаи онҳо хӯроку ширинӣ мебурдаму ҳамсояҳоямон ба хонаи мо даробаро мекарданд. Аҳлона зиндагӣ мекардем, то он рӯзе, ки як ҳамсояамон хонаашро фурӯхта ба ҷойи дигар кӯчид. Ҳамсояи навамон ҷавонзани таннози бе шавҳаре будааст. Аз рӯзи аввали ба бинои мо кӯчиданаш ба шавҳари ман чашм ало карданашро баръало ҳис кардам, чунки ин ҳамсоязан бо ҳар баҳона аз мардаки ман кӯмак мепурсид. Рӯзи дароз аз дарам намедаромад, вале ҳамин ки шавҳарам аз кор баргашт, балои аз осмон фаромадагӣ барин ҳозир шуда “ҳамсояҷон, крани оби мо вайрон шудааст, як намебинед” ё “лампочкаамон сӯхтааст, илтимос, ҳамонро иваз карда диҳед” гӯён, мардакамро ба хонааш мебурд. Рафтори ҳамсоязан маро асабонӣ мекард, вале хотири ҳамсоягӣ чизе намегуфтам. Рӯзе як ҳамсояи калонсоламон маро коҳиш карда гуфт: “Ҳой духтар, ҳамин хел ба лабат кулӯх молида гардӣ, дер ё зуд ин Нисои танноз шӯятро кашида мегирад, бо ду кӯдак дар кӯча мемонӣ!” Ба дилам алав афтид, қарор додам, ки минбаъд ба рафтани шавҳарам ба хонаи ҳамсоя иҷозат намедиҳам. Ҳамон бегоҳ нав мардакам аз кор баргашта буд, ки боз ҳамсояи хира пайдо шуда аз ӯ мадад пурсид. “Шавҳари ман устои барқ нест”,- гуфта ба рафтанаш монеъ шудам.

 


 

РӮЗИ СИЁҲИ ДУХТАРИ БЕ ОЧА

 


 

Нисо “ман намедонистам, ки шумо ҳам занкалонед” гӯён, баромада рафт. Шавҳарам сари номус омада барои исбот кардани он ки марди занкалон нест, аз паси ҳамсоязан ба хонааш рафт. Баъди баргаштанаш қиёматро қоим кардам, чизе, ки аз даҳонам баромад, гуфтам. Шавҳарам дар умраш бори аввал ба сари ман даст бардошта ду-се шаппотӣ зад. Духтарчаамро гирифта аз хона рафтанӣ шудам. Писарчаам “очаҷон, маро партофта нарав” гӯён ба зорӣ даромад, хостам ӯро низ ҳамроҳам барам, вале падараш дасти писаракамро сар намедод. Ночор фарзанди калониамро мондаму хурдиро гирифта бо дили реш-реш гирёну нолон қаҳр карда ба хонаи тағоям омадам. Зиндагӣ дар хонаи тағо бароям дӯзах гаштааст, янгаам ба ман рӯйи хуш надода бо ҳар баҳона неш мезад.

Илтимос ба ман маслихат диҳед, чӣ кор кунам? Як умр таънаву маломати янгаро шунида хизматгори дари тағо монам ё ба хонаи шавҳарам баргашта нағмаҳои ҳамсоязанро нодида бигирам?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД