Зани 31- сола ҳастам, вале бозии тақдир маро бармаҳал пир кардааст. Мани сода ҷавонеро, ки аз мо як деҳа поён зиндагӣ мекард, аз ҷонам бештар дӯст дошта, ду поямро ба як мӯза андохтам, ки ба ғайр аз ӯ дигар ба ягон кас намерасам.
Падару модарам чандин хостгорҳоро рад карда, билохира маҷбур шуданд, ки маро ба ҳамон ошиқам диҳанд. Хушдоманам аз рӯзҳои аввал ба ман рӯйи хуш надода, ҳамеша кӯшиш мекард, ки мани арӯсакро бо шавҳарам ҷанг андозад. Вай дастонашро мисли ҳарфи Ф дар миёнаш гузошта, келин ин корро кун, он корро кун гӯён, фармонфармоӣ мекард. Кӯшиш мекардам, ки тамоми корҳои фармудаашро сари вақт иҷро кунам, вале ҳеҷ дили сангини хушдоманамро ёфта наметавонистам. Вай дар ҳар як кори ман албатта ягон камбудӣ ёфта, маро паст мезад ва таънаю маломат мекард. Баъдтар фаҳмидам, ки хушдомани аслии ман, яъне модари шавҳарам кайҳо аз олам гузашта, ин зан моиндараш мешудааст, вале новобаста ба ин ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меовардам. Ҳар қадаре, ки ман меҳрубонӣ кунам, хушдоманам ҳамон қадар бештар бераҳм мегашт ва бо ҳар баҳона маро бо шавҳарам ҷанг андохта, зери мушту лагад мемонд. Бо ҳамин минвол аз байн як сол гузашту писардор шудам. Гумон доштам, ки баъди бачадор шудан ҳуши шавҳарам ба сараш зада, дигар бо балвои моиндараш маро ранҷу азоб намедиҳад, вале хаёлам хом баромад. Хушдомани худобехабарам дар набуданам маро туҳмат карда гуфтааст, ки занат бо ҳамсоя мегардад, ин бача аз ту не, аз ҳамон мардаки ҳамсоя аст. Шавҳарам ин гапро шунида девона шуд. Қариб буд, ки барои як гапи дурӯғ сарамро аз танам ҷудо кунад.
Хуллас, корамон ба суду милисаю прокурор расид. Барои исботи он ки кӯдак аз шавҳарам аст ё ҳамсоя ташхис гузаронданд. Аз ҳамсоя набудани писарашро аниқ карда, шавҳарам зоҳиран камтар ором шуд, вале моиндари маккорааш ҳеҷ моро ором зистан намемонд. Вай ҳар рӯз ягон туҳмати навро ба пойи ман мебаст, аммо ба хотири хонавайрон нашудан гӯшамро ба карию чашмамро ба кӯрӣ зада мегаштам. Дилам аз дасти ин зани ҷоҳил хуми зардоб гашта бошад ҳам, сиру асрори хонаи шавҳарамро ба касе намекушодам.
Ҳамин тавр дар бадали се сол мо соҳиби ду фарзанд гаштем. Баъди тавлиди духтарчаам моиндараш боз туҳмат бофта ба шавҳарам гуфтааст, ки гӯё чанд моҳ пеш маро дар даруни оғил бо бачаи кадом як ҳамсояи дигар доштааст, вале ба хотири шарманда нашудани ӯ ин сирро ба ягон кас нагуфтааст. Аз ин сару савдо бехабар мани сода баъди баромадани чиллаи духтарчаам кӯдаконамро гирифта бо дастурхони пур аз кулча ба хона омадам, вале шавҳарам аз дами дарвоза кафшҳоямро пеши поям монда гуфт, ки маро кайҳо се талоқ кардааст. Зорию тавалло кардам, ки ақаллан тақдири кӯдаконашро фикр кунад, вале вай бепарвоёна даст афшонда гуфт, ки бачаҳои ман ба ӯ лозим нестанд, танаш сиҳат бошад, дар як ҳафта зани духтар мегирад ва зани наваш барояш бачаю духтари бисёре мекунад.
Ҳамин тавр бо балвои моиндари шавҳарам ман хонавайрон шудам. Дигар ҳаргиз шавҳар намекунам, зеро дилам аз ҷинси мард мондааст. Фақат мехостам ба духтарҳо бигӯям, ки дар интихоби бахт саросема нашаванд ва пеш аз оне, ки ба ин ё он ҷавон ба шавҳар мебароянд, хуб омӯзанд, ки ӯ кист ва ҳаёти худро бо чӣ гуна оила мепайванданд. Ишқу ошиқӣ ҳамааш дурӯғ будааст, агар чунин намебуд, шавҳари номарди ман ба гапҳои дурӯғи моиндари ҳаромаш дода шуда, ду фарзанди гул барин зебояшро сағира намекард.
Таҳмина, аз Қумсангир