Arzon march 2024
Шавҳарам Русия рафту мисли бегонаҳо шуд (ҚИСМИ 2)
28.04.2025
САДБАРГ
1394

Падарам таъкид мекарданд, ки барои хона шуда, шавҳарамро ҳаргиз таъна назанам, чунки болои сӯхта намакоб мешавад.

- Шавҳарат мард аст духтарам, Худо хоҳад, боз соҳиби ҳама чиз мешавад, фақат ту бояд сабру тоқат карда, ӯро дар чунин рӯзҳои душвор дастгирӣ кунӣ,- насиҳат мекарданд волидонам ва ман ҳам кӯшиш мекардам, ки падари кӯдаконамро дилбардорӣ кунам.

Меваи сабр ширин аст мегӯянд, вале сабри ман чандон меваи ширин ба бор наовард. Шавҳарам, дар ҳақиқат дар бадали чанд соле, ки ману кӯдаконам аз ҳисоби падару модарам мехӯрдему мепӯшидем, пули ёфтаашро ба қаҳрздорон дода, аз қарзу қавола халос шуд, аммо ба ҷойи раҳмат гуфтан ба ман хиёнат карда, дар болоям зан гирифт. Хабари дар Русия зан гирифтани шавҳарамро шунида, аз рашк қариб девона шудам. Ҳеҷ боварам намеомад, ки Рустам дар подоши он ҳама дастгириҳое, ки падару модарам карданд ва дар ҷавоби меҳрубонию ғамхориҳои бепоёни ман ба рӯйи ишқи покамон по ниҳода, домони зани дигареро гирифта бошад! Мо чор фарзанди гул барин зебо дорем, наход, шавҳарам ақаллан хотири кӯдаконашро накарда бошад, мегуфтам, худ ба худ ва Худоро зорӣ мекардам, ки хабари зангирии падари фарзандонам дурӯғ бошад, вале ҳамааш рост будааст.

Аз ҳама аламовараш он буд, ки шавҳарам мисли дигар мардҳо зани дигар гирифтанашро ҳатто пинҳон карданӣ ҳам нашуд. Вақте аз вай пурсидам, ки гапу калочаи мардум ва ин ҳама овозаю ҳангомаҳо дар бораи зангириаш аз куҷо пайдо шудаанд, ба зарда ҷавоб дод: “Ман мард ҳастам ва бе зан наметавонам. Дар Тоҷикистон зан дорам гуфта, як умр худам либос шӯяму худам хӯрок пазам-мӣ?! Хайр чӣ шудааст, зан гирифтам, ки дар ин мулки ғурбат ҳамдаму ҳамрозам гардад! Зан гирифтам, ки каме ҳам бошад, ғами диламро барорам! Зан занро намехӯрад-ку...”.

Шавҳарам дигар чӣ гуфт, дар ёд надорам, ҳангу мангам канда, гӯшӣ аз дастам афтидааст.

Аз ҳамон рӯз сар карда, ба ҷоми бахти ман гӯё заҳр андохтанд. Вақте шавҳарам ба гирдоби қарз ғӯтид, вақте ки бонк хонаамонро кашида гирифт, вақте қарздорон ба сарамон меомаданд, вақте бо чор фарзанд овораю дар ба дар шуда мондам, он қадар ғам нахӯрда будам, ки аз шунидани хабари шуми зангирии шавҳарам ғамгин ва рӯҳафтода шудам. Аз ҳама бештар барои он аламам мекард, ки шавҳарам сабру таҳаммул ва дастгириҳои маро ба як пули пучак ҳам нагирифта, бешармона дар бораи зангириаш бисёр ҳарф мезад. Вақте ба ӯ гуфтам, ки ҳой мардак, шумо тезтар аз қарзу қавола халос шавед гуфта, ин ҳама муддат як тин ҳам талаб накардам, чанд сол боз аз ҳисоби падару модарам хӯрда истодаем, гуфтам, шавҳарам дар ҷавоб бешармона “эй занак, ин қадар вақ-вақ накун, падару модари ту духтару набераҳои худашонро хӯрондаанд, некии онҳоро ба ман миннат карда, сарамро гаранг накун! Хоҳӣ, ҳамин хел шавҳар, нахоҳӣ чор тарафат қибла, ба падарат гӯй, ки ба ту ягон шӯйи бою бадавлат ёфта диҳад” гӯён, телефонро хомӯш кард.

Инак, чанд сол мешавад, ки шавҳарам дар Русия аст. Зани дуюмаш аллакай барояш ду духтар таваллуд кардааст, вале ин марди ҳавасбоз дар болои ӯ низ боз як зани арманию як зани тотор гирифтааст. Пештар, замони дар ватан буданаш ҷони шавҳарам гӯё бо ҷони фарзандонаш пайванд буд, аммо баъди он ки ба Русия рафта, чанд зани дигар гирифт, меҳраш натанҳо ба ман, балки ба кӯдаконамон низ тамоман кам шуд. Акнун, дар як моҳ як ё ду бор занг зада, мисли бегонаҳо сардакак аҳволпурсӣ мекунаду халос. Дар назди ин марди занбоз сар паст кардан нахоста, ман дар ширкати падарам ба ҳайси муҳосиб ба кор даромадам. Фарзандонамро худам мехӯронаму мепӯшонам, вале аз шавҳарам расман ҷудо нашудаам. Намехоҳам мардум бачаҳоямро “сағераи бесоҳиб” гӯянд, падарашон дар роҳи дур ва як марди бемасъулияти занбоз ва фарзандбезор бошад ҳам, бигзор ба номаш падар дошта бошанд. Медонам, ки се-чор зани дар Русия гирифтааш ба вай ҳаргиз вафодорӣ намекунанд, вақте аз по афтид, шавҳарам боз ба суроғи ману кӯдаконам меояд, вале он гаҳ бо кадом рӯ ба фарзандонаш нигоҳ мекунад, намедонам...

САДБАРГ, шаҳри Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД