Акнун ман гумон мекардам, ки нохунҳои дароз ба ман халал мерасонанд, қошу абрўвони худам низ зебо буданд, мўямро пушти сарам ҷамъ мекардам. Агар вақт ёбам, гоҳ-гоҳе худам ба рўям ниқобҳои ғизобахш тайёр мекардам, аммо Фарзон ҳар рўз ҳамроҳи ман моҷаро мебардошт.
“Ту худатро ба занҳоӣ қишлоқӣ монанд кардаӣ, ба хотири кўдакат маро фаромўш кардаӣ (гўё писарам танҳо кўдаки ман бошад)”,- мегуфт шавҳарам.
Ростӣ, меҳри ман миёни писараму шавҳарам тақсим шуда буд. Лекин таваллуди кўдак як зарра ишқе, ки доштам, ба шавҳарам кам накарда буд, охир ишқи байни зану шавҳар дигар асту ишқи фарзанд дигар. Шавҳарам рўз ба рўз асабӣ мешуд, Бунёдро қариб, ки нигоҳ намекард, кўдаки бечора гирёнчак ҳам набуд, вале агар шабҳо гиря кунад, Фарзон ғур-ғуркунон болишташро бардошта, ба хонаи дигар мегузашт. Ростӣ, ман хаста шудам, ба ҷои ман шавҳарам ба рўҳафтодагии баъди таваллуд гирифтор шуда буд. Як субҳ субҳонаи шавҳарамро рўйи миз гузошта, ба вай иштиҳои таом орзу карда, назди писари гирёнам даромадам.
- Ту назди ман нишаста, субҳона намехўрӣ, мудом бо маймунчаат банд ҳастӣ,- гуфтани ҳамсарам сахт расиду бори аввал бо вай моҷарои сахт кардам:
- Гўш кунед, чӣ ман ин кўдакро аз кадоми дигар таваллуд кардаам, ки ин қадар рашк мекунед?! Айб аст, ба Худо! Ношукрӣ накунед, мардум ба нохуни фарзанд зор ҳастанд!
Фарзон бо қаҳр косаи пур аз хўрокро ба сарм ғўронд, агар як тараф намеистодам, шояд зарф ба сари ман ё кўдаки дар дастам буда мезаду намедонам чӣ фалокат рўй медод. Худи ҳамон рўз либосҳои худаму кўдакамро ғундошта, ба мошинам бор кардаму ба хонаам рафтам. Як ҳафта пеш иҷоранишинҳо рафта буданд ва иҷоранишини нав нагирифта будем. Хона тозаву озода буд, Бунёдро дар аробачааш хобонда, поён фаромадаму аз мағоза ҳама чизҳои заруриро харида, танҳо ба зиндагӣ оғоз намудам. Дилам пур аз ғаму андўҳ бошад ҳам, худамро ором эҳсос мекардам, на фишори рўҳӣ буду на чизи дигар, худам ҳам аз хоб сер мекардаму писаракам ҳам. Танҳо баъди як ҳафта пайвандони мо аз ин воқеа хабар ёфтанд. Ман бо меҳрубонӣ ба онҳо гуфтам, ки ба зиндагии мо кордор нашаванд. Фарзон шаш моҳи дароз аз худаш хабар надод, ў гумон кард, ки мани ба серию пурӣ омўхта дар рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак қарор дораму наметавонам зиндагиямро пеш барам ва ба ў муроҷиат мекунам, аммо ман зане нестам, ки ғурурамро таги по кунам. Мағозаи интернетӣ кушодам, аз Чин либосҳои занона фармоиш медодаму онҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ менамудам. Дар муддати кўтоҳ мизоҷони зиёде пайдо кардам. Фармоишҳои мизоҷонро ҳамроҳи писарам тақсим мекунем. Хулоса, пули хубе меёбам.
Фарзон баъди шаш моҳ бо узру тавалло баргашт, аммо ман бо ў гап назадам, хусуру хушдоман ва ҳеварҳоямро бе ягон гапу ҳарф қабул мекунам ва дар иду ҷашнҳо субҳи барвақт ба табрикашон меравам, вале намегузорам дар бораи зиндагиям маслиҳате диҳанд. Ман Фарзонро ба остонаи дар роҳ надодам, ў бо чашмони ғарқи об гуфт:
- Меҳрноз, ман мехоҳам писарамро бубинам, маро бубахш, ман туро зиёд дўст медоштам, гумон кардам тавлиди писарамон туро аз ман гирифтааст, аз ин рў, асабӣ шудам…
Ман бо мулоиматӣ посух додам:
- Ту ба писарат умуман меҳр надорӣ, ба ман низ. Мардоне ҳастанд, ки ба хотири зани дўстдоштаашон хиёнату касофати ўро мебахшанд. Ту наход маро ба фарзанди худамон, кўдаки бепаноҳ рашк кунӣ, ин на дар чаҳорчўбаи одамгарӣ меғунҷаду на дар мусалмонӣ. Ман намехоҳам, ки писарам дар тарбияи ту бемеҳр ба воя расад, дигар моро ташвиш надеҳ!
Фарзон ба ҳар восита мехоҳад, ки ба зиндагии мо баргардад, аммо ман ба суд бо аризаи ҷудошавӣ муроҷиат намудам. Оё бо марде, ки аз тарбияи фарзанди аз камари худаш ба воя расида ҳаросид, зиндагии шоистаро интизор шудан мумкин аст? Дар дунё мардони зиёдеро медонам, ки фарзанди каси дигарро мисли фарзанди худаш ба воя расонидааст, зеро модари ин кўдакро дўст доштааст.
МЕҲРНОЗ
Таснифи Рухсора САИД