Arzon march 2024
Шабнами Сурайё: Интихоби ман ишқ аст, на доғгузорӣ!
1710

Овозхони маъруфу машҳури кишвар Шабнами Сурайё ҳамчун узви дастаи «Қаҳрамонҳои мо: НЕСТ БОД СИЛ»-и Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» муборизаро дар ин самт пурзӯртар кардааст. Ҳафтаи гузашта ӯ намоҳанг (клип)-и ҷадиди худ «Чашмак мезанӣ»-ро, ки дар шаҳри Ҳамбурги Олмон сабт шудааст, нашр кард, ки дар фарҷом чунин сатрҳо намудор мешаванд:


«Ишқро эҳтиёт намо, магзор нобуд шавад. Намон беморие чун сил муҳаббатро аз байн бубарад. Бигзор меҳру муҳаббати мо силро аз байн барад». Овозхон санаи 14-уми феврал низ дар саҳифаи Инстаграми худ бо нашри як матлаб гирифторони бемории силро бахшида ба Рӯзи ошиқон табрик гуфта буд. «Душмани асосии мо доғгузорӣ аст. Агар ба доғгузорӣ зарба занем, мо ба сил зарба хоҳем зад. Интихоби ман ишқ аст, на доғгузорӣ. Нест бод сил! Рӯзи ошиқон муборак!»,-навишта буд, Шабнами Сурайё.


АБДУРОЗИҚ БО ШАБНАМ ТОҲИРӢ ХОНАДОР МЕШАВАД?


Маврид ба ёдоварист, ки овозхон моҳи сентябри соли 2018 ба ҳаракати байналмилалии «Ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил», ки аз ҷониби СММ сарпарастӣ мешавад, пайваст шуда, то соли 2030 вазифадор аст, ки саҳми худро дар ин самт бигузорад. Ҳамчунин, овозхон бо ташаббуси Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» санаи 24-уми августи соли 2019 дар толори Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нест бод сил» барномаи консертии хайриявӣ баргузор намуда, аз мардум даъват ба амал оварда буд, ки аз гирифторони бемории сил дурӣ наҷӯянд, зеро сил бемории табобатшаванда аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД