arzon replenishment
Сайёҳат: Баргард Раҳмонқул, дигар тоқати ҷудоӣ надорам!
4070
Сайёҳат: Баргард Раҳмонқул, дигар тоқати ҷудоӣ надорам!

Барномаи “ Туро меҷӯям “ дар натиҷаи дархости як тан хоҳар, Саёҳат Ҳамроқулова омода ва пахш гардидааст, ки бародари 18 сол беномунишон гумгаштааш, Раҳмонқул Ҳамроқуловро мекобад.

Мо ба хонадони Саёҳат бо ҷамъи гурӯҳи корӣ ба мақсади таҳияи барнома ташриф овардем. Саёҳат моро чунон бо эҳсоси гарм пешвоз гирифт, ки гӯё мо барои ӯ як равзанаи расидан ба орзуҳои дастнорасаш ҳастему бас. Аз оғози то ҷамъбасти барнома фақат мавриди бародари бенишон гумгаштааш ҳарф мезаду ашк рухсораҳояшро мешуст. Гаштаю баргашта танҳо суханҳои зерро такрор мекард: “модарам бо умеди баргашти Раҳмонкул аз дунё даргузашт. Либоси нав напушид, хӯроки болаззат нахӯрд, тӯю маъракаҳо нарафт. Ба хотири Раҳмонкул азо гирифт. Нашавад,ки аз дидори мо хоҳараконаш ҳам маҳрум шавад.” Саёҳат бо умедҳои тоза ва ашкҳои шашқатор, ки рӯзе бародарашро баъд аз ин барнома пайдо месозад, моро гусел намуд. Мақсади асосии Саёҳат Ҳамроқулова, хоҳари мушфиқу меҳрубони Раҳмонқул Ҳамроқуловро аз муроҷиат ба сомонаи Oila.tj ва кулли тоҷикони дунё аз он иборат аст, ки барои дарёфти бародари гумгаштааш мадад расонанду халос. Бояд гуфт, ки ашкҳои ин хоҳари пур аз домони эҳсос, маро ҳамчун таҳиягари ин барнома бетаъсир гузошта натавонист . Дурахшони Ортиқ ҳамчун муаллифи барномаи "Туро меҷӯям"-и сомонаи Oila.tj назди худ азм гузошт, ки маводи хубе манзури шумо гардонад, то барои дарёфти як падаре, ки ӯро фарзанд, зан, хоҳару бародаронаш интизоранд, кулли ҳамватанон саҳм гузоранд. Раҳмонқул Ҳамроқулов 4– уми феврали соли 1967 дар деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, ба Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дохил шудааст. Фаъолияташро аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент оғоз намудааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд буда, 18- сол қабл бо мақсади сафар ба Россия аз хона баромада, то ҳол ба хонааш барнагаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД