Хонандагони азиз, аз сабаби оне, ки ҳанӯз муаллиф қисматҳои охири қисаи "Ишқи майзада"-ро ба анҷом нарасонидааст, дар миён қиссаҳои навбатӣ пешниҳод мешаванд.
Гулмоҳ духтари кенҷагии раиси яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар буд. Раиси Навид ду духтару панҷ писар дошта бошад ҳам, ҷойи Гулмоҳ дигар буд. Ӯ духтараки сергапаки кулчарӯяшро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошту нозу гапи духтараш барои ӯ ва дигар фарзандон қонун буд.
Гулмоҳ дар синфи даҳум мехонд, ки даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон рӯй доданд. Ҳукумати абарқударати шӯравӣ барҳам хӯрд, вале ин ҳама пеши роҳи орзуҳои духтари эркаи раисро нагирифту баъди каме тинҷ шудани вазъият ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббӣ супорид.
Дар оилаи хуштарбияи раиси Навид ва ҳамсари порсояш ҳамин хел қонуни нонавишта буд, ки келину домодҳоро ҳатман волидайн интихоб мекунанд. Гулмоҳ эрка ҳам бошад, ҳарфи волидон барояш қонун буд. Чун ҳамаи фарзандон оиладор шуданду навбати ӯ расид, Гулмоҳ дар курси панҷ мехонд.
Хостгоронаш аз хешони дури падараш буданду маслиҳат карданд, ки баъд аз тӯй навхонадорон дар ҳавлии дуошёнаи падарии Гулмоҳ, ки дар яке аз ноҳияҳои атрофи пойтахт воқеъ буд, зиндагӣ мекунанд.
Домод Фурқат ном дошта, донишгоҳро дар риштаи иқтисод нав хатм карда буду зуд бо ёрии хусурбачаҳои бонуфузаш соҳиби кор шуд. Гулмоҳ мисли пешинаҳо субҳи барвақт ба дарс мерафту шавҳараш ба кор, шаб гирди хони пурнозу неъмати падарӣ бо шӯхию сӯҳбатҳои ширин сар мешуду дар хонаи хоби барҳавои барои онҳо ҷудо намуда рӯз мегашт…
Ҳар шодиеро анҷом аст, бемории диабети қанд аввал падар ва баъд модари Гулмоҳро аз дунё бурд. Падараш пеш аз марг ба писари калонияш, ки ҳавлии падарӣ ба ӯ мерос монда буд, насиҳат кирд, ки аз ҳоли хоҳараш бохабар бошад.
Гулмоҳ то хатм намудани донишгоҳ дар хонаи падарӣ зиндагӣ кард, ҳамин ҷо соҳиби писар ва духтараки нозанине шуд. Баъд аз акааш иҷозат пурсида, ба хонаи дар шаҳр будаи ӯ гузашт, бовар дошт, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳамсараш барои ӯ хона мехарад, аммо ин тавр нашуд.
Бародарону хоҳаронаш диданд, ки домоди ба нони муфт омӯхтаашон, дар фикри хонаву дар нест, дар як канори шаҳр барои онҳо чанд сотих замин харида, хона андохтанд.
Гулмоҳ бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол кард, ки “ақаллан хонаҳои сохтаи бародарони маро таъмир намо, ман назди онҳо шарм медорам!” Фурқат ба хотири пул кор кардан ба Русия рафт ва барои Гулмоҳ мушкили дигар пеш омад.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Писараш Фаридун, ки хеле эрка буд, акнун ба ҳар кашмокаш қатӣ мешуду тағоҳо ва холаҳояш, Гулмоҳ бо ёрии беморҳои мансабдораш ӯро халос мекарданд. Аммо ҳеҷ ақли ӯ намедаромад…
Як рӯз Гулмоҳ нав ба кор рафта, ба нигоҳубини пагоҳирӯзии беморонаш оғоз карда буд, ки телефонаш занг зад. Ӯ гумон кард, ки кадом беморе аст ва дар дил гуфт, ки баъди дидани беморонам ба вай занг мезанам, аммо телефон пайваста занг мезад.
Гулмоҳ илоҷе надошт, аз ҳуҷраи беморон баромада, телефонро бардошт, ба вай аз шуъбаи милиса занг мезаданд, писари ӯ мошинеро дуздида, чанд соат дар даруни шаҳр саворӣ кардааст ва кормандони БДА ӯро доштаанд. Гулмоҳ ин хабарро то охир гӯш накарда, дар роҳрав якпаҳлӯ афтид ва ҳамон ҷо аввалин сактаи қалбро гирифт…
Ҳамин тавр то биступанҷсолагӣ Фаридуни эрка дубор дусолӣ аз озодӣ маҳрум шуд барои муштзӯрӣ ва бадахлоқӣ. Гулмоҳ кӯшиш кард то писараш маълумоти олӣ гирад, вале нашуд. Баъд маҷбур ӯро назди шавҳараш ба Русия фиристод, вале писараш дар он ҷо низ доим ҷангу хархаша мекарду аз кор кардану пул фиристоданаш дараке набуд.
Гулмоҳ бо қарзу қавола ва пулҳои фиристодаи ҳамсараш хонаву дарашро таъмир кард ва ҳамроҳи духтараш ба он ҷо кӯчид. Ҳарчанд бемор буду дарди дил азобаш медод, дипрессияҳои пай дар пай алаккай кори худро карда буданд, вале хушнуд буд, ки оқибат соҳиби хонаву дари хеш гашт.
Дар ин миён ба Фархунда хостгор баромаду “дар зиндагиям ақаллан духтарамро хонадор кунам” гӯён, духтарашро ба шавҳар дод. Барои харидани ҷиҳози духтари ягонааш, ки дар эркагӣ аз бародараш камӣ надошт, пули бисёр қарз кард ва зери ҷангу ҷанҷоли шавҳараш монд.
Апаи калонияш, ки тиҷорати калон дошт, ҳамроҳи фарзандон ҳамеша дастгири хоҳаракаш буд ва бо ёрии ӯ қарзҳояшро канд. Дилхоҳ ба Гулмоҳ гуфт, ки Фаридунро оварда, зан додан даркор, шояд зану фарзанддор шуда, аз бадахлоқӣ даст кашад. Фаридунро даъват карданд ва як духтараки хешашонро барои ӯ хостгорӣ намуданд, аммо ӯ коре кард, ки…
Дар тӯйи як ҳамсинфашон Фаридун бо як ҷавон гапаш мегурезад ва ӯ аз рӯйи миз кордро гирифта, чанд ҷойи ҷавонро захмӣ мекунад. Барои расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ӯро се сол аз озодӣ маҳрум карданд. Гулмоҳ дигар мадор надошт, дилаш тоқати бардоштани ин қадар доғи номусро намекард.
Хонаводаи арӯсшаванда дастархонҳоро гардонида, келиншавандаашро шавҳар доданд. Бечора Гулмоҳ дигар тобу тавони ба чашми мардум нигаҳ кардан надошт, ҳарчанд апааш ӯро тасалло диҳаду ором кунад ҳам, намешуд.
Шабу рӯз барои писари нохалафаш месухт, ки “чӣ хел бачам дар зиндону ман дунёи рӯшанро нигоҳ карда мегардам. Ман чӣ гуна модарам, ки номзади писарамро шавҳар доданду ман натавонистам онҳоро аз роҳ гардонам”.
Дилхоҳ ва Фархунда то метавонистанд ӯро дилдиҳӣ мекарданд, аммо дили модар дар кӯраи оташ месӯхт. Ӯ ҳар ҳафта хӯрокҳои лазиз пӯхта, ба хабаргирии Фаридун мерафт, барояш либосҳои гарму нарм мебурд, аҳволашро мепурсид, ин ҳама дарду алам ба ҷони ӯ сахт кора карданд ва бемори бистарӣ шуд…
Дар ин миён бо раҳмдилии сарвари мамлакат авфи умумӣ эълон шуду Фаридун низ озод гашт, вале чӣ фоида? Писар аз дар даромаду тобути модаро аз дарвоза бароварданд. Фаридун сар ба пояи тобути модар монда, гиристу тавба кард, аммо…
Дилхоҳ писари хоҳари армонияшро ба хонаи худ бурд ва бо насиҳатҳои зиёд ӯро аз роҳаш баргардонданӣ шуд, барои вай боз арӯс ёфтанд. Зеро Фурқат дар Русия буду Фархунда бо ду фарзанд ва хонаву дари худаш овора, хонаҳои бо азобҳои зор сохтаву дар онҳо осоиш надидаи Гулмоҳ бошанд, холии зор.
Фаридун гӯё ислоҳ шуд, ҳама шукрона мекарданд, вале беҳуда нагуфтаанд, ки «Кӯзапуштро танҳо хок ислоҳ мекунад», ӯ боз даст ба ҷиноят зад, ин дафъа ҷинояти вазнинтар.
Акнун Дилхоҳ ба бемории дил гирифтор шудааст, хонаҳои армонии келиннадидаи хоҳари сиёҳпичааш, ки чилу панҷ сол дошт, эркаи бешарафи зиндонӣ, ӯро ғамгин мекунанд. Хешу табор мегӯянд, ки хуб аст балодарсари бадахлоқ сари холааашро ҳам нахӯрад…