Дили Сафина аз пешомади баде гувоҳӣ медод, аммо гапи шавҳарашро ду накарда, хомӯшона ба хонаи модараш рафт.
Мирзо баъди гусел кардани ҳамсараш ба назди модараш даромад ва оҳи сабуке кашида гуфт:
-Очаҷон, занака фиреб карда хонаи очаш фиристодам, акнун чӣ кор мекунем?
-Акнун зани наватро бо тӯю тамошо ба хона меорем,-модар қаноатмандона табассум кард.
-Тақдири Сафина чӣ мешавад, оча, охир вай духтари хуб аст?
-Хуб аст, аммо ба дили ман нест. Аслан, ҳамин Сафина аз аввал ба ман маъқул набуд, вале ту, бачаи якрав ду поятро ба як мӯза андохта, «нохед-нахоҳед, ҳамин духтарро мегирам» гуфтӣ. Дили писарам наранҷад гуфта, маҷбур ба хостгорӣ рафтам ва ин духтари бесаводро келин кардам. Занат, агар таваллуд мекард, шояд ба тақдир тан медодам, вале аз байн се сол гузашту ҳеҷ нест, ки ин гови қисир зояд. Бачаҳои ҳамсинфонат қариб мактабхон шудаанд, то кай бе фарзанд мегардӣ?! Фикри ояндаатро кун, писарам, охир пагоҳ пир мешавӣ…
-Дилам намешавад, ки занамро талоқ диҳам, оча.
-Эй бачаи нодон, ҳоло ист, оғӯши гарми арӯси ҷавонро, ки дидӣ, Сафина дигар ҳатто ба ёдат намерасад!
-Майлаш оча, бигзор гуфти шумо шавад,-Мирзо симои ҳамсари ояндаашро пеши назар оварда, табассум кард, чунки арӯсшавандааш Мавлуда дар ҳақиқат духтари зебову диданӣ буд…
Ишқи сари роҳ
Сафина дар хонаи падару модараш як ҳафта истода, шавҳарашро сахт пазмон шуд. Мирзоро чӣ хел ёд накунад, ки ишқи аввалаш, шавҳари дӯст дошта гирифтагиаш аст. Онҳо як рӯзу ду рӯз не, се соли дароз ишқу ошиқӣ карда, баъд хонадор шуданд. Сафина шиносоиашонро ба хотир овард, зери лаб ширин табассум менамуд. Ҳамон рӯз вай ҳамроҳи як дугонааш ба тӯй мерафт. Дар роҳ интизори микроавтобус буданд, ки баногоҳ як мошини сабукрави хориҷӣ дар наздашон қарор гирифт. Ронанда сарашро аз тирезаи мошин берун карда гуфт:
-Салом, духтарҳои хушрӯй! Марҳамат ба мошини ман шинед, ба куҷое, ки хоҳед, бемалол мебарам…
-Мо ба тарабхонаи «Ганҷина» шитоб дорем. Чанд пул мешавад?-пурсид Сафина мошинро таксӣ гумон карда.
-Наход, ки ман аз ҳамин хел духтарҳои зебо пул гирам-а?! Шинед, бе пул мебарам,-хандид ронанда.
-Аз чашмҳои ин бача алов меборад. Ман ба мошини ӯ намешинам,-оҳиста дар бехи гӯши дугонааш пичиррос зад Сафина.
Ронанда ранги паридаи ӯро пай бурда, бо табассум гуфт:
-Натарс духтари хола, ман одамхӯр нестам!
Духтарҳо дигар чизе нагуфта, ба мошин нишастанд.
Раҳораҳ ронанда, ки Мирзо ном доштааст, худро шинос карда, бо латифаҳои намакин духтарҳоро хуб хандонд. Ганҷина бидиррос зада, бо ронанда гап мезад, вале Сафина аз шарму ҳаё худро гум карда, чашмашро боло намекард. Ҷавон духтарҳоро ба тарабхона расонд ва хоҳиш кард, ки рақами телефонашонро диҳанд, бегоҳ омада, онҳоро боз ба хона мебарад. Ганҷина рақами телефонашро дод, вале Сафина баҳона пеш овард, ки телефон надорад. Тӯй гарм гузашт ва онҳо хеле дер аз тарабхона баромаданд. «Ин шафёри мо куҷо шуд?» гӯён, Ганҷина хост ба Мирзо занг занад, вале Сафина ӯро маломат карда гуфт:
-Шарм намедорӣ, охир ҳаққу ҳамсояҳо бо мошин ба деҳа рафтани моро бинанд, чӣ мегӯянд?! Овоза мекунанд, ки духтарҳои фалонӣ таксисавору бачабоз шудаанд. Занг назан, худамон ягон маршрутка ёфта меравем…
Ҳанӯз баҳси дугонаҳо тамоми нашуда, боз ҳамон мошин дар наздашон пайдо шуд ва ронанда бо ҳамон табассуми малеҳ ба онҳо нигариста гуфт:
-Шоҳбонуҳои азиз, ғуломатон боз дар хизмати шумост!
Ганҷина дар ҷавоб табассум намуда, дари қафоро кушод ва Сафина маҷбур шуд, ки ҳамроҳи дугонааш ба мошин бишинад…
Ба хоҳишу зории ронанда нигоҳ накарда, Сафина поёнтар аз деҳаашон фаромад, то ки мардум бо мошин омадани ӯро дида, гапу калочаи зиёдатӣ паҳн накунанд. Ганҷинаро Мирзо то пушти дарашон бурда монд ва аз ӯ рақами телефони Сафинаро гирифта, рӯзи дигар занг зад. Ҳамин тавр, онҳо тариқи телефон кам-кам суҳбат карда, ошиқи зори ҳамдигар гаштанд, вале…
Исёни модару якравии писар
Сафина акнун танҳо бо хаёли Мизо зиндагӣ мекард ва орзуи ягонааш ба ин ҷавони шӯху зебо ба шавҳар бароадан буд. Дили Мирзо ҳам ба каманди гесувони ин духтараки оромтабиати деҳотӣ афтода, мисли мурғи нимбисмил метапид. Вақте сухан дар боби хонадоршавӣ рафт, вай ошкоро ба волидонаш гуфт, ки як духтараки қишлоқиро дӯст медорад, аммо модараш «ман келини бесавод намекунам» гӯён, қиёматро қоим кард. Модараш, ки дар шаҳр ба воя расида, як умр сари мансаб буд, мехост ягон келини мисли худаш босавод кунад, то ки баъдан дар кашидани аробаи зиндагӣ ба писараш ёрӣ расонад. Мирзо баръакси модараш ҳаваси зани коргар гирифтан надошт. Вай мехост бори зиндагиро мардона ба дӯш бигирад, ҳамсараш бошад, дар хона нишаста, танҳо ба руфтану шустану пухтан ва ба тарбияи бачаҳо машғул шавад. Баҳси очаю бача қариб се моҳ давом кард. Модараш духтари кадом раисро, ки дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекардааст, келин кардан мехост, Мирзо бошад, ду пояшро дар як мӯза андохта, «хоҳед-нахоҳед Сафинаро ба занӣ мегирам» мегуфт…
МУРДА БОЛОИ МУРДА ДАР ОИЛАИ ДОСТИЕВҲО
Хостгории маҷбурӣ
Сафина баъди хатми мактаби миёна дигар дар ягон ҷо таҳсил накарда бошад ҳам, табиатан духтари бофаҳм ва панҷ панҷааш ҳунар буд, аз ҳамин хотир, Мирзо ин олиҳаи шарму ҳаёро аз даст додан намехост. Билохира бо зӯриву зорӣ модарашро маҷбур кард, ки ба хонаи падари Сафина ба хостгорӣ биёяд. Волидони Сафина хоҳиши ин меҳмонҳои хушсару либосро рад накарда, розигӣ доданд ва сафедӣ дарронда, ду ҷавонро бо ҳам фотиҳа карданд. Тӯйи онҳо дар яке аз тарабхонаҳои зебои шаҳр чунон пуршукуҳ гузашт, ки даҳони меҳмонҳои аз паси арӯс рафтагӣ воз монд. Пас аз базм дар тарабхона домоду арӯсро бо корвони мошинҳо ба хонаи бахташон бурданд. Ҳавлии калону зебои хушдомани Сафина қасрро мемонд, вале…
Вақте ки ситораҳо рост намегиранд…
Сафина бо тамоми ҳастӣ шавҳарашро дӯст медошт, Мирзо ҳам ошиқи шайдои ҳамсари фармонбардору меҳрубонаш буд, аммо ситораи вай бо хушдоманаш аз рӯзҳои авали зиндагӣ ҳеҷ рост наомад, ки наомад. Модари Мирзо аз он ки писари яккаву ягонааш бе майлу ризои ӯ бо як духтари бесаводи қишлоқӣ хонадор шуд, сахт ранҷида буд, аз ҳамин сабаб, ба арӯс рӯйи хуш намедод. Сафина бо ҷону дил хизмати хусуру модаршӯяшро карда, намемонд, ки хушдоманаш дасташро ба оби хунук занад. Келин либосҳои пиру кампирро шуста дарзмол мекард, дар як рӯз чанд хел хӯрок мепухт, чизе, ки нагӯянд, сари хамашро боло намекард, ҳаргиз аз хати кашидаашон берун намебаромад, аммо қошу қавоқи Саломатхон ҳеҷ кушода намешуд, ки намешуд. Сафина ҳайрон буд, ки ба хушдоманаш чӣ намерасида бошад, ки мудом ғур-ғур карда, аз таги нохун чирк кофта мегардад…
Бефарзандӣ баҳонаю…
Ҳамин тавр, аз байн се сол гузашту Худованд ба онҳо фарзанд надод. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманаш акнун барои ба Сафина неш задан боз як баҳонаи дигар ёфта, сари ҳар қадам ӯро «гови қисир» гӯён, неш мезад. Таънаю пичинги хушдоманаш аз ҷавшани ҷонаш гузашта бошад ҳам, ба хотири шавҳараш Сафина гӯшашро ба карӣ зада мегашт ва чунон вонамуд мекард, ки суханони талхи модаршӯяшро намешунавад. Хомӯшии келин Саломатхонро бештар «девона» мекард, зеро баҳонае намеёфт, ки ҷангу ҷанҷол ва рӯканию мӯканӣ карда, бо ҳамин баҳона Сафинаро аз дар берун созад.
Макри хушдоман
Модари Мирзо дид, ки бо ягон роҳ писару келинашро аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонад, ба танидани торҳои макру ҳилла сар кард. Вай аз Сафина пинҳонӣ Мирзоро насиҳат мекард, ки ба умеди зани нозояш нашуда, зани дигар бигирад, чунки ҷӯраҳояш аллакай соҳиби 2-3 фарзанд ва бачаҳояшон қариб, ки мактабхон шудаанд. «Одам як умр ҷавону зебою бақувват намемонад. Дар пирӣ ба кас такягоҳ-фарзанд лозим аст, то ки ҳангоми беморию муҳтоҷӣ туро парастор бошад. Пир шавӣ, дасти туро кӣ мегирад?!»,- чашми келинашро хато карда, мегуфт Саломатхон ба писараш. Аввалҳо Мирзо танҳо даст афшонда «очаҷон, монед ҳамин гапҳоро, агар Худо дар тақдиру насибамон навишта бошад, ягон вақт соҳиби фарзанд мешавем-дия» мегуфт, вале баъдтар суханони модараш ба ӯ асар карда, сари мавзӯи бефарзандиашон фикр мекардагӣ шуд…
Арӯси баҷоӣ
Андешаманду хаёлӣ шудани писарашро дида, Саломатхон дар ҷустуҷӯи келини нав нав афтид. Вай кофта-кофта, як пирдухтари 30-35- соларо ёфт, ки дар як ташкилоти хориҷӣ кор мекардааст. Арӯс пир бошад ҳам, табъи дилаш-хондагӣ, босавод ва пулёб буд, аз ҳамин сабаб, Саломатхон мехост ҳарчи зудтар Сафинаро аз дар берун карда, писарашро дубора оиладор кунад. Вай ба Мирзо маслиҳат дод, ки бо ягон баҳона занашро ба хонаи модараш фиристад, то Сафина хабар мешавад, ки тӯйи тамошо ороста, келини навро ба хона меоранд. Мирзо аввал розӣ нашуд, зеро ба бефарзандиашон нигоҳ накарда, вай Сафинаро дӯст медошт ва дилаш намешуд, ки аз занаш ҷудо шавад. Ҳар рӯз мисли тӯтӣ як гапро такрор кардани модараш билохира ҷони ҷавонро ба лабаш овард ва ночор бо баҳонаи аз ҳоли падару модараш хабар гирифтан Сафинаро ба хонаашон фиристод, то ки дар набуданӣ ӯ тӯй карда, арӯси баҷоии ёфтаи модарашро ба хона биёрад…
Мо дар чӣ хаёлему...
Аз омадани Сафина қариб як моҳ гузашта бошад ҳам, шавҳараш ягон бор ба суроғаш наомад. Дили ҷавонзан бо ёди ҳамсараш гум зада, дар як рӯз чанд бор занг мезад, аммо Мирзо телефонашро намебардошт. Сафина ҳайрон буд, ки чаро шавҳараш омада ӯро намебарад, охир байнашон ягон дилсардӣ ва ҷангу ҷанҷол нашуда буд! Мирзо худаш «рафта аз ҳоли пиру кампир хабар гир» гӯён, ӯро ба хонаашон ба аёдати волидонаш фиристод. Мабодо бо вай ягон ҳодисаи нохуш рӯй надода бошад гӯён, аз падару модараш хоҳиш кард, ки пагоҳ ӯро ба хонааш бурда монанд, вале…
Талоқ
Ҳамон бегоҳ аҳли оила нав сари дастурхон нишаста буданд, ки дарвоза тақ-тақ шуд. Падари Сафина дар паси дар домодашро дида, хурсанд шуд ва ба гумони он ки барои бурдани занаш омадааст, оғӯш кушода, Мирзоро бо табъи болида ба хона таклиф кард, аммо ҷавон худро ким-чи хел ноҳинҷор эҳсос карда, забон хоида гуфт:
-Амак, ман вақти нишастан надорам, илтимос, дарвозаро кушоед, мошин дарояд.
-Мӯйсафед ҳайрон монд, ки домодаш дар ин мошини болопӯшида ба онҳо чӣ савғотӣ оварда бошад, аммо чизе напурсида, ҳарду табақи дарвозаро калон кушод. Мошини калон ба оҳистагӣ вориди ҳавлӣ гашту модару бародарони Сафина ба пешвози меҳмонон бархостанд. Аз чӣ бошад, ки ронанда аз мошин намефаромад, табъи домод ҳам гирифтагӣ менамуд. Сафина ғофил аз бозиҳои қисмат бо лабони пуртабассум ба шавҳараш нигариста пурсид:
-Чаро ин қадар дер омадед? Холаам, амакам, ҳама аҳли оила хубанд?
-Бад не,-гунаҳкорона нигоҳашро аз чашмони шарарбори занаш гурезонида, пичирос зад Мирзо ва ба падари Сафина рӯ оварда гуфт:
-Амак, дар шоҳидии ҳамаи шумо ман ҷавоби духтаратонро додам. Барои он ки ба шумо ташвиши зиёдатӣ нашавад, ҳама чизу чораи духтаратонро ба мошин бор карда овардам. Бигзор ҳамааш ба Сафина насиб кунад, охир ман мард ҳастам ва боз моли дунёро меёбам…
Сафина лолу карахт монда, базӯр пичиррос зад:
-Ҳуш доред, мардак? Шумо чиҳо гуфта истодаед?
-Сафина, ман туро дар шоҳидии аҳли оилаатон талоқ кардам. Илтимос, аз ман хафа нашав, агар Худованд ба мо ақаллан як фарзанд медод, мурам ҳам аз ту ҷудо намешудам, вале се сол гузашту нахли умрамон ҳеҷ бор наовард. Ғамгин нашав, ту ҳоло ҷавон, Худо хоҳад, шавҳари дигар карда, соҳиби писару духтарҳои нозанин ва хонаву дари обод мешавӣ ва маро дигар ҳатто ба гӯшаи хаёлат ҳам намеорӣ…
Шавҳараш боз чиҳо гуфт, дар ёд надорад, чунки сари Сафина чарх зада, мисли чаноре, ки бе решааш табар задаанд, гурсосзнон ба замин афтид…
Ҷудоӣ нолаҳои зор дорад
Кӯчу банди Сафина як ҳафтаи дароз дар рӯйи ҳавлӣ хобид. Дасти касе пеш намерафт, ки қолину палос ва курпаю болинҳои гулдузии ҳанӯз об нарасидаро ба хона дарорад. Ғами сиёҳбахт шудани духтарашон лахчаи сӯзони дили падару модар гашта буд, худи Сафина бошад, на ягон чиз мехӯрду на боя гон кас гап мезад. Ба назараш чунин мерасид, ки зиндагии ӯ ба поён расидааст ва дигар дар ин дунё будану набуданаш ягон маънӣ наорад. Кораш мудом гирву нола буд. Гаштаву баргашта аз худ мепурсид, ки барои кадом гуноҳаш Мирзо ӯро чунин ҷазои бераҳмона дода, талоқ карда бошад, вале ҳарчанд фикр мекард, ҳеҷ ба ин савол ҷавоб ёфта наметавонист. Ба гӯшаи хаёлаш намеомад, ки ин ҳама макру ҳиллаи хушдоманаш аст ва Саломатхон ба писараш арӯси дигар ёфта, бо баҳонаи хабаргирӣ ӯро ба хонаи падару модараш фиристод, то ки тӯй карда, писарашро дубора зан диҳад…
(давомашро фардо соати 13-00 интизор шавед)