arzon replenishment
Ҷамшед аз рашк бинии занашро шикаст
2529

“Илоҳӣ дастат шиканад. Илоҳӣ таги мошин монӣ! Худоҷон рӯи зану фарзандатро надида мурӣ...”,- мегуфт зане беморхонаро бо доду фиғон ба сараш бардошта.

Дар як дам селаи одамон ҷамъ шуданду пичир- пичир сар шуд. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту наздиктар рафтам, то фаҳмам, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Духтурон мардеро бо сару рӯи кандагӣ ба берун мебароварданд. Аҳмият надодам, чунки ба дарди худам овора будам. Ба ошёнаи сеюм баромадам. Ҷавонзане бо сару рӯи баста дар кунҷе нишаста гиря мекарду зани калонсоле касеро лаънат мегуфт. Ҳайрон шуда аз ҳамшираи шафқат пурсидам, ки дар ин ҷо чӣ гап шуда гузашт. Ҳамшира, ки бо ман шинос буд, табассум карда гуфт:
-Акаи Рустам, агар андак пештар меомадед, кинои бе пул тамошо мекардед.
Ҳайрон шуда, аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳамаашро ба тафсил нақл кунад. Ҳамшира маро ба утоқи алоҳида бурда чунин қисса кард:
-Он ҷавонзани дар кунҷ нишаста, ҳамсари ҳамон марди шаллоқхӯрдае аст, ки ҳангоми аз зинаҳо баромадан шумо ӯро дидаед. Гапашон барои чизе мегурезаду мард дар сари қаҳр бо табақи чиннӣ ба рӯйи занаш мезанад. Дар натиҷа бинӣ ва рухсораи ҷавонзан аз се ҷояш шикастааст. Дирӯз ӯро ҷарроҳӣ кардем. Имрӯз он мард ба аёдати занаш омада, ба чанги хушдоманаш афтид, агар духтурҳо халос намекарданд, яқин модарарӯсаш ӯро зада мекушт...
Ҳамин дам дар кушода шуд ва ҳамон зани ҷабрдида бо чашмони пуроб аз ҳамшира хоҳиш кард, ки ба ӯ ягон доруи таскинбахш диҳад. Ҳамшираи шафқат ҷавонзанро меҳрубонона ба курсӣ шинонда, ба ӯ як пиёла об ва доруи таскинбахш дод. Аз фурсат истифода бурда, аз зан хоҳиш намудам, ки сабаби моҷароро бигӯяд. Ҷавонзан оҳи сарди пурдарде кашида гуфт:
-Се рӯз пеш ману шавҳарам аз рӯи рашк ҷанҷол кардем. Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, ба ҷойи бахшиш пурсидан шавҳарам бо табақ зада ҷоғамро шикаст. Имрӯз аз карда пушаймон шуда, зорию тавалло дорад, ки аз гуноҳаш гузарам.
-Шумо чанд фарзанд доред?
-Ҳоло фарзанд надорем, тӯямонро нав як сол шуд.
-Модаратон чӣ мегӯянд?
-Мегӯянд, ки аз рӯйи шӯят ба милиса шикоят карда, аз ин авбоши одамкуш ҷудо шав, вале дилам намешавад, чунки Ҷамшедро дӯст дошта, хонадор шудаам.


Оҳи дили мани бевазан туро албатта мегирад. Аз Худованд талаб дорам, ки туро худаш саришта кунад ва пулҳои дуздидаат аз почаки биният зада бароянд. ОМИН!


Ҷавонзан ин гапро гуфту инони гиряро сар дод. Ӯро дилбардорӣ карда гуфтам, ки ҳар як инсон ба хатогӣ роҳ медиҳад, агар шавҳаратон сидқан аз карда пушаймон шуда бошад, ӯро бубахшед. Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёде дорад ва дар ҳар оила ҳамдигарнофаҳмӣ мешавад, вале ин моҷароҳоро бояд бо маслиҳату машварати ҳамдигар ҳал кард, чунки ҳаёт бозича нест.
Ин моҷароро аз он хотир рӯйи коғаз овардам, ки ба падару модарон дарси ибрат шавад ва ба ҷойи вайрон кардани оилаи фарзандонашон дар чунин ҳолатҳо бо насиҳату маслиҳат ҷавонҳоро ба мусолиҳа оварда, барои пойдории оилаашон талош варзанд.
Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД