Мутаассифона, солҳои охир шумораи кӯдакони ба касалиҳои дил гирифтор торафт афзуда, нуқсонҳои дил ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Ба хотири пешгирии касалиҳои дил дар кӯдакон ва наврасон имрӯз мо дар боби сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии иллатҳои дил маълумот медиҳем.
Бемориҳои паҳншудаи дил дар байни кӯдакон
Бемориҳои дил гуногун мешаванд, вале дар байни ин касалиҳо нуқсонҳои модарзоди дил, иллатҳои ревматикии дил ва аритмия бештар во мехӯранд. Тавре табибон мегӯянд, солҳои охир дар кӯдакон иллатҳои модарзоди дил аз қабили нуқсонҳои байни девораи дил ва меъдачаҳои дил, бемории клапанҳои дил ва синдроми гипоплазияи қисмати чапи дил бештар мушоҳида мешавад.
Нишонаҳои бемории дил дар кӯдакон
Бемориҳои дил нишонаҳои мушаххаси худро доранд. Падару модарон бояд нисбати фарзандони худ хеле бодиққат бошанд ва бо мушоҳида намудани ин нишонаҳо ҳатман кӯдакро аз назорати табибони дил гузаронанд.
1. Камқувватӣ ва зуд хаста шудани кӯдак.
2. Эҳсоси нафастангӣ ҳангоми давидану паридан, бозӣ, ё дигар машғулиятҳои фаъоли ҷисмонӣ.
3. Вазн нагирифтани кӯдак, ё дар муддати хеле кӯтоҳ вазнашро партофта, лоғар шудани хурдсол.
4. Пайдо шудани варам дар бадан.
5. Чарх задани сар ва аз ҳуш рафтани кӯдак.
6. Аз ҳад суст, ё баръакс хеле сахт таппидани набзи кӯдак.
7. Фишори баланд, ё баръакс пасти хун.
Албатта, бархе аз ин нишонаҳо ҳангоми бемориҳои дигар низ, пайдо мешаванд, вале барои фаҳмидани он ки кӯдак ба ягон иллатии дил гирифтор аст, ё касалии дигар, ҳатман ба табиби дилшинос муроҷиат намуда, ташхисҳои заруриро анҷом додан лозим аст.
Сабабҳои асосии ба касалиҳои дил гирифтор гаштани кӯдакон
Барои ба муқобили дилхоҳ касалӣ мубориза бурдан , пеш аз ҳама сабабҳои бемориро муайян кардан шарт ва зарур мебошад. Бояд гуфт, ки нуқсонҳои модарзодии дил хислати ирсӣ доранд, агар дар авлоди падарӣ, ё модарӣ шахсони ба касалиҳои дил гирифтор бошанд, хавфи бо чунин нуқсонҳо ба дунё омадани кӯдакони ин насл меафзояд. Омили дигари ба нуқсонҳои дил гирифтор гаштани кӯдакон ғизои носолим мебошад. Фарбеҳӣ низ, ба организми хурдтаракон фишор оварда, метавонад боиси ба касалиҳои дил гирифтор гаштани кӯдак гардад. Ногуфта намонад, ки баъзе тифлакон новобаста аз мавҷуд будан, ё набудани омилҳои зикршуда аз модар бо нуқсонҳои модарзоди дил ба дунё меоянд. Сабаби ин, омодагӣ нагирифтани бештари бонувон барои фарзанддор шудан мебошад. Занон фаромӯш мекунанд, ки кӯдаки оянда, аз ҷисму ҷони онҳо ғизову бақо мегирад. Модарони оянда, пеш аз он, ки фарзанддор шудан мехоҳанд, яъне пеш аз ҳомиладоршавӣ, бояд пурра аз ташхиси духтур гузашта, норасоиҳои организмашонро, аз қабили камхунӣ бо сабаби норасоии оҳан, йод, калий, магний, ва дигар унсурҳои зарур барои ташаккули майнаву дили ҷанин – кӯдаки оянда пурра созанд. Зеро норасоӣ дар ҷисми модар ба саломатии куллии кӯдак, ташаккули майнаву дилу дигар узвҳои ӯ таъсири манфӣ мерасонад.