arzon replenishment
Рӯзҳои аввали тифли навзод
1131

Инак азоби нуҳмоҳаи ҳомиладорӣ ва дардҳои бетоқатонаи зоиш гузашту тифлаки нозатонро рӯи шиками шумо гузоштанд. Ин лаҳза зеботарин ва ширинтарин хотираи ҳар модар аст. Ҳамин ки чад мудат кудак рӯи шикам гузошта мешавад, дарди тавалуд, ки наздики 12 соат тӯл мекашад тамоман фаромӯш мешавад.

Баъди мулоқоти аввали модару фарзанд, духтури кудакона меояду авалин маротиба пистони модарро ба даҳони тифлак мегузорад. Баъзан кӯдакон наметавонанд пистонро ба даҳон гиран вале гоҳо мисли тайёршуда барин зуд синаи модарро меқапанду шикам сер мекунанд. Вале новобаста аз он, ки кӯдак мадори хурокхӯрӣ дорад ё не онро макондан лозим.

Шири модар барои тифл беҳтарин ғизо ба ҳисоб рафта, дар шаш моҳи аввали ҳаёт талаботи организми кӯдакро бо моддаҳои ғизоӣ 100%, то яксолагӣ 50% ва то дусолагӣ то 35% таъмин менамояд.

Дар таркиби шири модар тамоми моддаҳои барои рушд ва саломатии кӯдак зарур мавҷуд буда, он аз витамину минералҳо бой ва безарар мебошад.

Антителаҳои дар таркиби шири модар мавҷудбуда кӯдаконро аз бисёр касалиҳо, махсусан касалиҳои сироятӣ ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ медоранд. Хатари гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳои вазнин ва дучор гаштан ба марг дар кӯдакони то яксолае, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, нисбат ба тифлаконе, ки танҳо шири модар мехӯранд, 14 маротиба бештар аст.

Синамаконӣ ба рушди ҷисмонию равонии тифлакон мусоидат менамоянд, кӯдаконе, ки танҳо бо шири модар ба воя расидаанд, нисбат ба дигар ҳамсолонашон дараҷаи шуурнокиашон баландтар буда, бо мушкили фарбеҳӣ ва диабети қанд камтар дучор мешаванд.

Синамаконӣ барои саломатии модар низ муфид мебошад. Заноне, ки тифли ширмак доранд ва фарзандашонро танҳо бо шири худ ғизо медиҳанд, камтар ба саратони сина ва саратони тухмдонҳо гирифтор мешаванд.

Мӯъҷизаи “фалашир”-и модар Иддае аз занҳои ҷавон ба баҳонаи надоштани шир аз синамаконӣ саркашӣ мекунанд, ки ин хатои маҳз аст.

Ҳамаи тифлакон бо рефлекси ҷустуҷӯи пистони модар ба дунё меоянд, вале мушкил дар он аст, ки аксари занҳои бори аввал фарзанд ба дунё оварда, ҳанӯз таҷрибаи синамаконӣ надоранд ва тарзи дурусти ҷойгир кардани кӯдакро барои макондан намедонанд.

Кормандони тиб бояд ба модарон дар бораи амалияи ҷойгиркунии кӯдаки навзод баҳри синамаконӣ, бартарияти шири модар бар ғизои сунъӣ ва дигар мавзӯъҳо машварат диҳанд, зеро шири нахустин, ки онро “фалашир” низ мегӯянд, аз антителаҳо бой буда, системаи муҳофизатии ҷисми навзод- иммунитети кӯдакро пурқувват месозад.

 

Тавре ки мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи Маркази миллии солимии репродуктивӣ Раъно Кӯлобиева гуфт, шири модар барои тифл беҳтарин ғизо буда, синамаконӣ ҳам барои кӯдак ва ҳам ба зане, ки фарзанд таваллуд кардааст, ниҳоят муфид аст.

"Синамаконӣ ба кашишхӯрии бачадони зан мусоидат намуда, хатари хунравиро пешгирӣ мекунад. Дар сурати то шашмоҳагӣ ва баъдан, то дусолагӣ ба кӯдак шир додани зан, синамаконӣ метавонад монеи ҳайзбинӣ ва ҳомиладории навбатӣ гашта, ба дароз шудани фосилаи байни таваллуд ва танзими оила мусоидат намояд. Он меҳру муҳаббати модарро ба кӯдак афзунтар гардонида, барои рушд ва инкишофи дурусти тифл ёрӣ мерасонад. Ҳамзамон, бемориҳои ғадуди ширӣ, аз ҷумла мастодонит ва мастопатия ва ҳатто саратонро пешгирӣ менамояд", - гуфт ӯ.

Манфиати дигараш дар он аст, ки шири модар турш ё вайрон намешавад ва хатари сироятёбии тифлро аз ҳар гуна бемориҳо пешгирӣ мекунад. Ҳарорати шири модар бо ҳарорати бадан қариб, ки баробар буда, онро гарм кардан лозим нест.

Зан метавонад дар дилхоҳ вақту соат бемалол шиками кӯдакашро сер кунад ва ниҳоят, вақте зан ба фарзандаш сина мемаконад, ҳам кӯдак ва ҳам худи модар роҳат карда, асаби зан ором мешавад. Синамаконӣ ба модар ҳисси аҷиби хушбатии беназирро ато намуда, боварии занро ба худ афзун мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД