Ин модари муштипари меҳнатӣ баногоҳ ба доми дунёи торикӣ ғалтиду якбора рӯзгораш сангину тоқатнопазир гардид. Мусибати ба сари Зайнаби шӯрпешонӣ омада, аз ҳолати дигар қаҳрамонони барномаамон ба куллӣ фарқ мекунад. Пас аз бемории илтиҳоби шӯш пӯсти болоии чашми ин модари бетақдир поён фаромада, дигар кушода нашуд, ҳол он, ки ӯ қудрати биноӣ дорад.
Гӯё ин ранҷу азоб ва беморӣ кам буд, ки боз шавҳари Зайнаб ӯро тарк намуд. Ҳоло бори гарони зиндагӣ бар дӯши писарчаи хурдсоли хонадон аст. Зайнамби асири торикигашта бо ду писари маъюсаш дар кӯча мондааст. Барои табобати чашм ҳатто як тангаи сиёҳе ҳам надорад.
Мо метавонем даст ба даст шуда, якҷоя ин оилаи дармондаро аз чанголи яъсу ноумедӣ наҷот диҳем. Нагузорем, ки ин модари зору танҳо нобино шавад. Пас биёед, нисбат ба тақдири ин зан бетараф набошем, дасти сахои худро дароз намоем!Нафароне, ки кӯмак кардан мехоҳанд, метавонанд ба рақами телефони Давлатова Зайнамбӣ Адоловна занг зананд:
+992 98 580 1093
ва ё ба корти бонкии холаи Зайнамбӣ маблағ гузаронанд:
4607 6555 0003 2115
("Спитаменбонк" , интиқол ҳам аз дохилу ҳам хориҷи кишвар)