Sebiston new 2024 october
Рахит - бемории паҳншуда миёни кӯдакон
1514

Рахит бемории паҳншуда миёни кӯдакони синамак мебошад. Он дар кӯдакон замоне пайдо мешавад, ки мубодилаи моддаҳои витамини D3, калсий ва фосфор дар замони инкишофёбии устухонҳои навзод вайрон мешавад. Дар натиҷа инкишофи нодурусти бофтаҳо ва устухонҳои кӯдак ба амал меояд. Аз рӯи омор ба ин беморӣ кӯдакони аз 3 то 18-моҳа гирифтор мешаванд.

Сабаби асосии пайдоиши чунин беморӣ ин норасоии витамини D3 дар организми тифлакон мебошад. Инчунин тарзи ҳайёти носолими модар низ барои ба рахит гирифтор шудани кудак баҳона буда метавонад.

Дар давраи ҳомиладорӣ зан хӯроки серғизо нахӯрад, сарторикӣ-таксикози шадид дошта бошад, меъдаву рӯда ё гурдаҳояш бемор бошанд, тифле, ки ба дунё меорад, метавонад ба рахит гирифтор шавад.

Бармаҳал модар шудан (ҳанӯз 17-сола нашуда, таваллуд кардан) ва баръакс, дер таваллуд кардан низ боиси ба рахит гирифтор шудани кӯдак мегардад). Иддае аз занҳо ба хотири фарбеҳ нашудан дар давраи ҳомиладорӣ низ парҳез мекунанд, ки ин ҳам ба саломатии зан ва ҳам ба саломатии тифли дар батнаш буда зарар дорад.

Норасии витаминҳои гурӯҳои В, калсий, фосфор ва сафедаҳо дар организми зани ҳомила боиси он мегардад, ки тифл дар батни модар ба таври зарурӣ ғизо нагирифта, баъди ба дунё омаданаш ба рахит гирифтор мегардад. Фарзандашро бо душворӣ ба дунё овардани зан низ боиси ба рахит гирифтор шудани кӯдак гашта метавонад.

Вақти таваллуд низ ба саломатии атфол таъсир мерасонад. Тифлаконе, ки дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон ба дунё омадаанд, назар ба кӯдакони баҳорию тобистона бештар ба рахит гирифтор мешаванд.

Рахит дар кӯдакони норасид, дугоникҳо ва навзодоне, ки ҳангоми таваллуд вазнашон аз 4 кило бештар аст, зиёд мушоҳида мешавад.

Аз ҳад зиёд фарбеҳ шудани кӯдаки то се моҳа, дер-дер макондани тифл, ба навзод додани ширҳои сунъие, ки таркибашон чандон бой нест, бештари вақт дар парпеч будану хеле кам дасту по задани тифл ва тез-тез ба ҳавои тоза набаровардани кӯдак низ метавонад боиси пайдоиши рахит гардад.

Ба ғайр аз омилҳое, ки номбар кардем, як қатор бемориҳо аз ҷумла зуд-зуд зуком шудани кӯдак ва иллат доштани дил, ҷигар, гурда ва рӯдаҳои навзод барои пайдоиши рахит роҳ мекушоянд.

Пешгирӣ ва табобат Барои пешгирии беморӣ ба ғизои тифл аҳамияти ҷиддӣ дода, кӯдакро новобаста ба вазъи ҳаво ҳар рӯз ба сайру гашт баровардан лозим аст. Нишонаҳои аввалини рахит аллакай дар фарзанди шумо пайдо шуда бошанд, зуд аз паси табобат шавед.

Худсарона ба кӯдак дору додан мумкин нест. Тифлакатонро ҳатман ба назди духтури кӯдакона баред. Табиб бо дарназардошти ҳолати кӯдак ва дараҷаи беморӣ табобат таъин мекунад.

Маъмулан барои бартараф намудани ин иллат ба тифлакон витамини D мефармоянд, вале духтур метавонад доруҳои дигари дар таркибашон чунин витамин доштаро таъин намояд.

Ногуфта намонад, ки маҳси табобатӣ, ҳаммом бо намаки баҳрӣ ва нури офтоб барои кӯдаконе, ки рахит доранд, бисёр муфид мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД