Рафоат Азизова 52 сол дорад. Солиёни зиёд мешавад, ин модари муштипар рӯйи бистари беморӣ мехобад. Табобати пай дар пай ӯро лозим буд, аммо маблағе намеёфт, ки миннати касеро шунавад. Пас аз ду пойи равон маҳрум гаштан, аввалин нафаре, ки аз ӯ рӯй гардонду таркаш кард, шавҳараш буд. Ӯро бо ду фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ партофта, зани дигар гирифт.
Хиёнати шавҳар дарди ҷонгудозе буд, ки Рафоат Азизаваро бе корд кушт. Ӯ дигар касе надошт, ки малҳами розҳояш гардад. Ӯ дар ба дар шуд, чунки ягона розшунаваш, дастгиру мутакояш падар буд, вале умр барои падараш вафо накарду ӯро аз миён рабуд. марги падар зарбаи сахт гашт барои Латофати берӯзӣ. Гуруснагӣ, хорӣ, зорӣ дар як маром думболагираш гашту ӯро муҳтоҷ гардонд. Ӯ ҳатто ниёз ба як аробачаи маюбӣ дорад вале ба куҷое илтиҷо бурд, касе ӯро нашунид ва ноумед аз дараш гусел кард. Охирин умедашро ба "Оила Тҷ" баст ва номаи аламовари холаи Рафоат моро водор намуд, ки роҳ ҷониби деҳаи Болои Канали шаҳри Ҳисорро пеш гирем.
Биёед зиндаии талху сангини холаи Рафоатро аз забони худаш бишнавем!
Нафароне, ки ба ин зани муштипар ва муҳтоҷу дастнигар дастӣ кӯмак дароз кардан мехоҳанд, метавонанд ба рақамҳои 904772716 занг зананд
ё ба рақами корти 6233510111111476 (бонки СПИТАМЕНБОНК) маблағи молӣ интиқол намоянд.