Шикасти бахти дуюм
Ҳамин тавр, Хушбахт ҳамсараш Зайнабро талоқ дода, муносибаташро бо падару модар ва апаҳояш низ тамоман канд. Акнун ӯ тамоми ҳастиашро ба зану фарзандони шаҳриаш бахшида, барои Малика ва кӯдаконаш тамоми шароитҳоро муҳайё менамуд, вале тавре ки мегӯяд, оҳи дили бевазану тифлакони ятим аз домони кас мегирад. Зиндагии хушбахтонаи Хушбахт ва Малика баъди аз Зайнаб ҷудо шуданаш дер давом накард.
Падари Малика, ки аслан аҳли Самарқанд буд, қарор дод, ки ба ватани аҷдодиаш кӯчида, тамоми фарзандонашро низ бо худ мебарад. Малика ба Хушбахт пешниҳод кард, ки хонаро фурӯхта, ҳамроҳи онҳо ба Самарқанд кӯч банданд, вале Хушбахт розӣ нашуда гуфт:
-Ба хотири ту ман аз баҳри падару модар ва зану фарзандонам гузаштам, вале аз баҳри Ватанам гузашта наметавонам. Бигзор падару модарат кӯчида раванд, ману ту дар Тоҷикистон мемонем ва соле як-ду маротиба онҳоро хабаргирӣ меравем...
Малика аввал ба гуфтаҳои шавҳараш розӣ шуд, вале падараш ба ҷону ҳолаш намонда, талаб мекард, ки ҳамроҳи онҳо равад. Ҷавонзан ба рӯйи падару модараш по мондан нахоста, ошкоро гуфт, ки агар Хушбахт ҳамроҳи онҳо кӯчидан нахоҳад, бе ҷангу ҷанҷол, хушӣ ба хушӣ аз ҳам ҷудо мешаванд.
Хушбахт бо шунидани ин суханон қариб девона шуда дод зад: “Малика, оқибати корро андеша кун, охир мо ду фарзанд дорем ва ту боз ҳомиладор ҳастӣ, чӣ хел дилат мешавад, ки се фарзандатро бе падар гардонӣ?! Фикри маро намекунӣ, ақаллан фикри ояндаи фарзандонамонро кун...”
Аммо Малика бепарвоёна ҷавоб дод:
“Ҳеҷ гап не, ҳазор кӯдакон бе падар монда, аз гуруснагӣ намурдаанд. Фарзандони ман ҳам калон мешаванд. Худам барояшон ҳам падар мешаваму ҳам модар ва онҳоро бо гули чиз калон мекунам...”
Бо шунидани ин суханон аз забони зани дӯстдоштааш дили Хушбахт аз Малика ях барин хунук шуд ва “ихтиёр дорӣ” гӯён, барои ҷудо шудан розигӣ дод.
Ҳамин тавр онҳо тариқи суд аз ҳамдигар ҷудо шуда, никоҳашонро бекор карданд. Азбаски Хушбахт бо Зайнаб танҳо никоҳи мусалмонӣ дошту бо Малика ЗАГС карда, ақди никоҳи расмӣ дошт, дороии тӯли солҳо ҷамъ овардаашро суд тақсим кард. Бо дарназардошти ҳиссаи кӯдакон қисми зиёди молу амвол ба Маликаю бачаҳояш расид.
Ҳамин тавр Хушбахт аз зани дуюмаш низ ҷудо шуда, ба қавле бекафан шуда монд...
Ишқи духтари рус
Хушбахт ба алами ҷудоӣ аз Малика тоб оварда натавониста, роҳи Русияро пеш гирифт. Дар он ҷо бо Наташа ном духтари рус ошно шуд ва бори сеюм хонадор шуда, аз зани русаш соҳиби ду фарзанд гашт. Зоҳиран муносибаташон хуб менамуд, вале пас аз ҳафт соли хонадорӣ шабе аз кор баргашта, Хурсанд занашро дар оғӯши марди дигар дарёфт. Наташа ба доду фарёди Хушбахт оромона ҷавоб дод, ки дигар нисбат ба ӯ ягон ҳиссиёт надорад ва қариб як сол шуд, ки ин мардро дӯст медораду зиндагиашро бе ӯ тасаввур карда наметавонад.
Хушбахт боз хонавайрон шуд ва дубора дасти холӣ ба Ватан баргашт.
Занҷаллоб
Ҳамин тавр Хушбахт занҷаллоб шуда монд. Пас аз Наташа вай боз 3 зани дигар гирифта бошад ҳам, бо ягон занаш забон ёфта натавониста, ҳамаи занҳояшро бо як ё ду фарзанд талоқ дод ва дар синни 65-солагӣ бо як духтари ҷавони 25-сола оиладор шуд. Зани ҳафтумаш зоҳиран бисёр зани хуб менамуд, вале аз ҳамаи занҳояш шайтонтар баромад. Вай бо макру ҳилла тамоми дороии Хушбахтро ба номи худаш кард, баъд аз шавҳараш пинҳонӣ мошин, хона ва дигар молу амволи ӯро фурӯхта, бо як ошиқаш аз хона фирор кард.
Бо касофати ин зан Хушбахт хонаву дар ва тамоми дороияшро аз даст дода, тамоман дар кӯча монд. Дили ҷиянҳояш ба ҳоли вай сӯхта, ана ҳамин хоначаро иҷора гирифтанд, то ки дар зери боду борон намонад. Апаҳояш гоҳ-гоҳ ба хабаргириаш меомаданд ва “ҳамааш айби худат додарҷон, агар дар вақташ аз паси занҳои олуфтаи шаҳрӣ давида намегаштӣ, шояд ба ин ҳол намеафтодӣ. Падару модарамон аз ғаму алами ту дилкасал шуда мурданд. Як писар будӣ, вале мурдаи падару модаратро бегонаҳо гӯру чӯб карданд” гӯён, ба захмҳои сӯзони дилаш намак мепошиданду мерафтанд.
Дар вақташ падару модараш “писарамон хушбахт шавад гуфта, ӯро Хушбахт ном ниҳоданд, вале чашидани лаззати бахт барояш муяссар нагашт. Умре буду шудашро ба занҳо сарф карду дар дами пирӣ танҳои танҳо монд. Аз 7 занаш 17 фарзанд дорад, аммо имрӯз касе дар бараш нест, ки дар нафасҳои вопасин як қатра об ба гулӯяш чаконад...
Давом дорад