Зайнаб, ки худаш хеле барвақт аз модар ятим монда, сағерадухтари азияткашидае буд, модаршӯяшро ба ҷойи модар дониста, ҳаргиз аз хати кашидаи хушдоманаш берун намебаромад. Бо маслиҳати модаршӯяш ин ҷавонзани деҳотӣ баъди писарони дугоникаш ду духтари дугоник-Фотимаю Зуҳроро ба дунё овард ва ҳамин тавр то хатми донишгоҳ Хушбахт падари 5 фарзанд гашт, аммо...
Ишқи духтари шаҳрӣ
Хушбахт замони дар курси охирини донишгоҳ таҳсил карданаш ба Малика ном духтари соҳибҷамоле, ки дар Донишгоҳи тиббӣ мехонд, ошиқи зор шуда монд. Ин ҷавонмарди маккор хуб медонист, ки агар ин нозанини шаҳрӣ зану фарзанд доштанашро фаҳмад, дар ду дунё ба рӯяш ҳатто нигоҳ ҳам намекунад. Вай худашро ба волидони Малика ҳамчун ятими кул муаррифӣ намуда, гуфт, ки бо сабаби сағерагӣ то ҳол хонадор нашудаасту духтари онҳоро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медорад. Волидони духтар одамони сарватманд буданд ва аз ҳисоби худашон тӯйи дакаданге ороста, сари ду ҷавони ошиқро ҷуфт карданд.
Дузанаро ду бари рӯяш сиёҳ
Хушбахт баъди хатми донишгоҳ бо кӯмаки хусури наваш ба тиҷорат оғоз намуда, дар як муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли зиёде гашт. Акнун вай дер-дер ба деҳа омада, мудом серкориашро баҳона мекард. Беҳуда дар урфият “якзанаро як бари рӯяш сиёҳу дузанаро ду бари рӯяш” нагуфтаанд, Хушбахт низ дузана шуда, ба як марди чилдурӯғ мубаддал гашта буд. Вай дар як моҳ як ё ду маротиба “занакҷон, ман ба сафари тиҷоратӣ меравам” гуфта, ба деҳа назди падару модар ва зану фарзандонаш мерафт ва ба саволҳои бешумори онҳо дар бораи сабаби дер-дер ба хона омаданаш посух медод, ки дар шаҳр кораш аз мӯйи сараш бисёр аст. “Хаёл мекунед, ки пулёбӣ кори осон аст, барои сер кардани шиками шумоён шуда, ман дар шаҳр на шаб хоб дораму на рӯз орому қарор” мегуфт бо миннат ин марди дузана ва ду оиларо фиреб медод, аммо...
Тӯҳфаи илоҳӣ
Тақдирро бинед, ки зани дуюми Хушбахт ҳам дугоник таваллуд кард. Дугоникҳои аз зани якумаш буда, Ҳасан ва Ҳусейн ном доштанд, аз ҳамин хотир, ба дугоникҳои зани наваш номҳои замонавӣ гузоштанӣ шуда, писаронашро Анис ва Мунис ном ниҳод.
Малика, ки бойдухтар буд, дар хонааш хизматгор дошт, бар замми ин, барои нигоҳубини фарзандонаш боз як зани дигарро доя гирифта, дар шашмоҳагии кӯдакон ба кор баромад.
Сирри фошгашта
Дар дунё ягон сирре нест, ки то абад махфӣ бимонад, сирру асрори Хушбахт низ оқибат фош гашт. Рӯзе ӯ барои ҳамсарашро аз ҷойи кораш ба хона овардан ба беморхона рафта, тасодуфан бо яке аз занҳои ҳамсояашон, ки Марям ном дошт, рӯ ба рӯ гашт, вале чунон вонамуд кард, ки гӯё ӯро намешиносад. Рӯзи дигар Марям, ки мизоҷи деринаи Малика буда, бо ҳамдигар мисли апаву хоҳар шуда буданд, кӣ будани мардеро, ки дирӯз ба мошинаш нишаста рафт, пурсон шуд. “Магар марди бегона занро ба мошинаш савор карда мебарад. Он мард шавҳарам буд апаҷон“ бо табассум ҷавоб дод Малика.
Марям кунҷковӣ карда, чикора будани шавҳарашро пурсон шуд. Малика аз таги гап бехабар посух дод, ки ҳамсараш тоҷири муваффақ аст ва тез-тез барои бор ба хориҷи кишвар меравад. “Як ҳафта боз дар сафари тиҷоратӣ буданд. “Занакҷон, ман туро сахт ёд кардам” гуфта, аз сафар баргашта, аз фурудгоҳ рост ба ин ҷо омадаанд” бо ифтихор гуфт Малика.
-Духтарам, гул барин зани зебо ва босавод ҳастӣ, ба ту чӣ намерасид, ки ба як марди панҷ фарзанд дошта, зани дуюм шудӣ?-худро нигоҳ дошта натавониста гуфт Марям.
Давом дорад