Қайсар, вале босавод
Хушбахт бачаи қайсар ва авбошсурат бошад ҳам, бисёр зеҳни тез дошт ва дар мактаб хубу аъло мехонд. Вай ба фанҳои дақиқ шавқу рағбати зиёд дошт ва ҳамеша дар олимпиадаву озмунҳои байнимактабӣ ҷойҳои намоёнро мегирифт, аз ҳамин хотир, муаллимон низ тез-тез бо ҳамсинфонаш ва дигар бачаҳо дар мактаб ҷанҷолу гиребонгирӣ карданашро нодида мегирифтанд. Ҳамин тавр, баъди хатми мактаб Хушбахт бо дониши худаш ба донишгоҳ дохил шуд.
Домоди 18-сола
Кампири Хумор ва шавҳараш чунон орзуву ҳаваси бисёре доштанд, ки писари яккаву ягонаашонро дар синни 18-солагӣ хонадор карданд. Хешу табор насиҳат мекарданд, ки Хушбахт ҳанӯз кӯдак аст ва ба қадри зиндагӣ намерасад, вале падару модараш “синну соли мо аллакай ба ҷое расидааст, Худо медонад, ки чӣ қадари дигар умр мебинем. Мехоҳем дар зиндагиамон писарамонро хонадор карда, ормон шиканем” гӯён, духтари зеботарини деҳаро ба писарашон номзад намуданд ва дар байни як моҳ тӯйи бодабдабае ороста, келин фароварданд.
Дар 20-солагӣ соҳиби 3 фарзанд шуду...
Бароти бурут ва ҳамсараш аз рӯзе, ки келин фароварданд, ҳамеша дар сари дастурхон дуо мекарданд, ки Худованд ба писарашон бачаи бисёр диҳад. “Писараки ман худаш яккаву ягона аст, Худоҷон, бигзор занаш ҳар сол як писар зояд, то ки бачаҳояш барояш бародар шуда, дар қабаташ рост истанд” даст ба дуо бардошта, мегуфтанд пиру кампир. Худованд дуояшонро мустаҷоб гардонд ё тақдир чунин буд, ки ҳанӯз аз тӯяшон як сол ҳам нагузашта, арӯси Хушбахт писари заркокулеро ба дунё овард ва дар яксолагии писараш боз ду писари дугоник зоида, сари шавҳар ва хусуру хушдоманашро ба осмон расонд.
Пай дар пай дар байни ду сол се писар таваллуд кардани ҳамсараш Хушбахтро, ки табиатан мағруру ҳавобаланд буд, мағруртар гардонд. Акнун вай дар ҳама ҷо худашро таъриф карда мегашт, ки марди зӯр аст ва занаш ҳар сол таваллуд мекунад.
Найрангҳои марди мағрур
Дар байни ду сол се фарзанд ба дунё оварда, арӯсаки ҷавон аз сар то ба по ба гирдоби мушкилот ғӯтид. Кору бори хонаи калони сермеҳмон ва нигоҳубини се кӯдаки хурдсол барои ҳамсари Хушбахт душворӣ мекард ва дигар вақте намеёфт, ки ҳатто ба оина нигарад.
Хушбахт, ки дар шаҳр таҳсил карда, ҳар рӯз садҳо духтарони зебои олуфтаю хушлибосро медид, ҳар бори ба деҳа ба аёдати аҳли оила омаданаш, норозиёна ба ҳамсараш нигариста, зери лаб ғурбат мекард, ки падару модараш ӯро бо як духтари бенури деҳотӣ хонадор карда, дар ҳаққаш ҷабр кардаанд. “УФФФ, умрам бо ин занаки қишлоқии беҳавсала хазон шуд, хазон! Духтарҳои шаҳриро бинед, сад хел атру упо мезананд, чунон ороишу рангу бор мекунанд, ки ҳуш аз сари мард мепарад. Зани ман чӣ?! Хушаш намеояд, ки либосашро иваз кунад. Ҳамеша бо ҳамон либосе, ки таги пойи гову гӯсоларо мерӯбад, ба бистари хоб медарояд, охир ман чӣ тавр занеро, ки аз баданаш бӯйи оғилу таппак меояд, дӯст дорам” бо нафрат ба ҳамсараш нигариста мегуфт Хушбахт ва ҳатто хотири се фарзандашро накарда, мудом дар шаҳр духтарбозӣ карда мегашту ҳафтаҳо ба хона намеомад...
Насиҳати тақдирсӯзи хушдоман
Панҷ панҷаи ҳамсари Хушбахт –Зайнаб ҳунар буд. Ин духтари деҳотӣ вазифаи худро танҳо дар тозаю озода нигоҳ доштани хонаву дар, қабулу гусели меҳмонон, ҳурмату эҳтиром кардани ҳусуру хушдоман ва саришта кардани кору бори хонаю нигоҳубини кӯдаконаш медид. Аслан вай дар ҳусну ҷамол ҳеҷ кабудӣ надошт, вале вақт намеёфт, ки худашро орову торо диҳад. Кампири Хумор ва мӯйсафеди Барот намехостанд, ки писараш хонавайрон шуда, фарзандони гул барин зебояш зиндаятим гарданд. Аз ҳамин хотир, писарашон донишҷӯ ва роҳкирои худашро кор карда натавонад ҳам, мудом келинашонро насиҳат мекарданд, ки пай дар пай таваллуд карда, хонаро пур аз бача кунад. ”Духтарам, ту ба гапҳои шавҳарат аҳамият надеҳ, бо сад зани дигар гап занад ҳам, хотири кӯдаконаш боз гашта-гашта ба назди ту меояд. Ҳоло, ки ҷавон ҳастӣ, таваллуд кардан гир, то вақте ки ману амакат зинда ҳастем, намегузорем, ки ту ва фарзандонат аз чизе танқисӣ кашед. Мардро бо фарзанди бисёр ба зиндагӣ пойбанд кардан лозим”- насиҳатомез мегуфт хушдоманаш ба Зайнаб.
Давом дорад