sebiston july new
Пушаймонӣ
2327

Далер дар косаи шӯрбо гӯшт мекофт, вале ҳамсараш бо нахӯду лӯбиё хӯрок пухта буд.

Мард косаро гирифта, ба ҳамсараш ки ин дам оромона бо писаронаш хӯрок мехӯрданд, нишон дода, дод зад:

- Канӣ гӯшташ? Ин хӯроки ту на мазза дораду на намуд, ранги худат занаки чиркак, гир ин косаро, вагарна ба сарат холӣ мекунам.

- Мардак, дар назди кӯдакон магар айб нест чунин гапҳои дағал, куҷои ман ё хона чирк аст?

- Эээ, боз ту гап мезанӣ? Дафъ шав, аз пеши чашмонам!- Далер аз сари дастархон хесту либосҳои тозаву навашро пӯшида, мисли шаҳбачаҳо ороста шуда, ба берун баромад. Соат 18.00 буд, фасли баҳор. Ба маъшуқаи навбатиаш занг зада, ӯро ба қаҳвахонаи туркии “Мерве” даъват намуд. Ин дам ҳамсараш бо чашмони пурашк ба наздаш омада, гуфт:

- Мардак, охир ду моҳ аст, ки ғайри нону пиёзу картошка чизе ба хона намеоред, ҳатто сабзӣ надорем, гӯшт он тараф истад. Барои ҳамин имрӯз шӯрбои донагӣ пухтам.

- Ду моҳ пеш ҷигари гов харидам, тамом шуд?

- Охир, худатон хӯрдед ку, аз ёдатон баромад? Агар дар хона гӯшт мебуд, хомшурбо мепухтам.

- Э рав аз наздам, занаки чиркак, хотири бачаҳом туро тоқат мекунам, вагарна ҷавобатро медиҳам.

Мард бовиқор ба мошини хориҷиаш нишасту ҷониби қаҳвахонаи “Мерве” ҳаракат намуд. Ин лаҳза Шабнам, ки қалбаш пур аз дард буд, мехост аз гиребони шавҳар гирифта, дод гӯяд. Дар дил гапи зиёди ногуфта дошт, худ ба худ бо шавҳар мунозира мекард:

“Охир, дар вақташ дӯстам доштӣ, аз худ Маҷнун тарошида, даҳ маротиба ба хонаамон хостгор фиристодӣ, ҳоло ба тозагии хонаву дар ва ману фарзандонам тамоми маҳалла ҳавас мебаранд, аммо назди ту ин қадар пастам. Мард шуда, барои ободии зиндагиямон чӣ кор кардӣ? Хона надорем, аз боми иҷорахона об мечакад, ту рӯзи дароз нестӣ, ман ҳамсояҳоро зориву тавалло мекунам, ки омада, боми моро таъмир кунанд. Худро пеши мардум неку саховатманд нишон медиҳӣ, аммо барои писаронат ҳатто як дона себ намеёбам, диҳам. Эҳ Далер... куҷо шуд аҳду паймонат?”.

Шабнам ашки чашмонашро пок карду ба назди писараконаш рафт. Ҳарду ҷигарбандаш ғаш карда, шоколад мепурсиданд.

Далер ба назди қаҳвахонаи “Мерве” расида, маъшуқаи таннозашро дидан замон, хандону шукуфон аз мошин фаромад. Ҳарду даст ба даст карда, чун кабӯтаракон ба қаҳвахона даромаданд. Хӯроки туркӣ ва қаҳваи сиёҳ фармоиш доданд. Далер дастони маъшуқаи ҷавонашро бӯсида мегуфт:

- Аз чунин зиндагии сагона бо зани чиркаку безеб асабҳоям хароб аст, ҷонам. Ками дигар тоқат кун Зуляҷон, ман ин чиркакро сар дода, туро бо тӯю тамошо мегирам.

- Як сол аст, ваъда медиҳӣ, ҷонам...,- бо нозу ишва қош паронда гуфт Зуля.

- На, кам монд, дафъ мекунамаш.

- Ҷонам, кай бароям зиреҳи тиллоӣ мегирӣ?

- Фардо мегирам, асалаки ман.

Баъди хӯроки шом ошиқон ба як меҳмонхона рафтанд. Далер қарибиҳои субҳ арӯсашро гусел карду худаш ҷониби хона равона гардид. Дар роҳ садои мусиқиро баланд карда, суръати мошинро хеле баланд кард. Ногаҳон аз канори роҳ як фураи калон баромад. Мошини азимҷуссаи боркаш ба мошини ӯ бархӯрд. Далер аз ҳуш рафт. Вақте ба ҳуш омад, дар як партовгоҳ мехобид. Сагҳои дайду аз партов қути лоямут кофта, ӯро бӯй мекашиданд. Ҳаросон ба сару либосаш нигарист. Шимаш гӯё ҳазор сол обро надида буд. Аз танаш бӯйи ҳаром меомад. Мӯйи сараш расидаву ношуста буд. Гуруснагии шадидро эҳсос намуда, ба даруни партовҳо даст андохт. Як пичинии нимхурдаро ёфта, ҳарисона ба даҳон дохт. Он тарафтар ду бомжи дигар дар ҷустуҷӯи хӯрока буданд. Далер гумон кард, ки дар кадом киное нақш бозида истодааст. Худро ба даст гирифта, ҳаросон садо баланд кард: “Канӣ Шабнам, канӣ Ҳасану Ҳусейн, чаро ман инҷоям?”

Ӯ калавида- калавида хесту ҷониби хонааш рафт. Дар ҳавлияш марди ношиносеро дид, ки бо ҳамсару писаронаш рӯйи кат нишаста, дулунҷа оши палав хӯрда истодааст. Аламаш омад. Дод гуфт, аммо касе овози ӯро намешунид, гӯё ӯро намедиданд.

- Э одам, чаро ту дар хонаи манӣ?

Аммо онҳо посухе надода, хушҳолона рӯйи кат хӯрок мехӯрданд.

Далер гириста-гириста пас гашт, мошине аз роҳ мегузашт, худро таги мошин партофт.

- Далерҷон, мардакҷон, ба худ омадед?

Чашмонашро кушоду болои сараш ҳамсари зебояшро дид.

- Оҳ, очаи кӯдако, чӣ қадар ту тозаву зебоӣ, маро бубахш...

Худованд ҳар дилеро аз имону инсоф саршор гардонаду ҳар оилаеро хушбахт.

Боқӣ, зиндаву саодатманд бошед.

Ш. НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД