arzon replenishment
Президент духтарашро қадрдонӣ намуд
2048

Президенти Ҷумҳурии Чеченистон Рамзан Қодиров ба духтари калониаш, роҳбари Хонаи мӯди “Firdaws” Айшат Қодирова барои саҳми арзанда дар рушди санъат ва фарҳанги ҷумҳурӣ медали “Барои хизматҳо дар Ҷумҳурии Чеченистон”-ро тақдим кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳукумат ва раисҷумҳури Чеченистон хабар медиҳад.

Охири моҳи феврал дар шаҳри Парижи Фаронса бахшида ба 10-солагии бренди “Firdaws” дар доираи лоиҳаи “Мавсимҳои русӣ” коллексияи либосҳои Айшат таҳти унвони “Таърихи муҳаббат” намоиш дода шуд. Ҷаноби Қодиров дар паёми шодбошии худ нақши Хонаи мӯди “Firdaws”-ро дар тарғиби урфу одатҳои чеченӣ қаноатбахш арзёбӣ кардааст. “Хонаи мӯди “Firdaws” таҳти роҳбарии Айшат Қодирова анъана ва суннатҳои моро дар тамоми ҷаҳон паҳн менамояд.


ҶӮРАИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МУСАЛМОНИ АСИЛ


Он симои беназири зани чеченро хоксорона, вале мағрур ва пурасрор нишон медиҳад. Ин як кори бузург ва эҷодиёти азим аст. Ба туфайли Хонаи мӯди “Firdaws” тамоми ҷаҳон Ҷумҳурии Чеченистонро мешиносанду беназираш медонанд. Ба ҳамин хотир, ҷоизаи мазкур барои кори софдилона ва саҳми арзанда дар рушди фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Чеченистон тақдим карда шуд”,-омадааст, дар хабарномаи хадамоти матбуоти Ҳукумат ва раисҷумҳури Чеченистон. Айшат Қодироваи 21-сола сар аз соли 2016 ба Хонаи мӯди “Firdaws”, ки ба модараш Меднӣ Қодирова тааллуқ дорад, роҳбарӣ мекунад. Хонаи мӯди “Firdaws” бори аввал соли 2009 дар шаҳри Грозний ба фаъолият шурӯъ карда буд. Дар маросими кушодашавиаш бошад, арбобони маъруфи соҳаи мӯд ва тарроҳони машҳур аз Италияву Русия иштирок доштанд. Соли 2011 Хонаи мӯди “Firdaws” дар Маскав миёни тарроҳон ҷоизаи “Тарроҳи сол”-ро ба даст оварда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД