Formula september
Пойпаҳмӣ - хатар барои ояндаи кӯдакон
576

Пойҳои ҳамвор дар кӯдакон зиёд мушоҳида мешавад. Ба ин беморӣ аз се навзоди писар яктоаш ва ҳар панҷумин навзоди духтар гирифтор мешаванд. Аз ҳамаи навзодони тавлидёфта 5%-аш модарзод ба бемории пойҳамворӣ гирифторанд.

Ин беморӣ ҳарчанд назарногир ҳам бошад, ба ояндаи кӯдак заранок аст. Волидон бояд донанд, ки ин бемориро дар вақти хурд будани навзод табобат намудан лозим аст, чунки баъди сахт шудани устухон табобати он ғайриимкон аст.

Дар пойи кӯдак 26 устухон, 31 буғум ва 100 мушак мавҷуд аст. Ҳамаи узвҳои ҳаракат ба кӯдак иҷозат медиҳанд, ки ӯ роҳ гардаду рост истад. Пойи навзод 7 см ва то яксолагӣ 10 см калон мешавад.

Аз 2-3 солагӣ сахтшавии устухони пойҳои кӯдак сар мешаванд ва то 5-10 солагӣ идома мекунанд. Дар ин муддат агар вазни зиёд ва ё ягон чизи дигар ба инкишофи дурусти устухонҳои кӯдак халалдор шавад, метавонад ба пойҳамворӣ оварда расонад.

Дар баъзе аз кӯдакон пойҳои ҳамвор на он он қадар таъсиргузор аст ва онҳо дар вақти маъмулӣ роҳгардон мешавад. Вале баъзе аз тифлакон бо кафи пойҳояшон ҳамвор будан роҳгардоншавиашон халалдор мешавад. Ҳатто баъди роҳгардон шуданашон ҳам дар пойҳояшон дард ҳис мешавад. Ва онҳо ҳамавақт аз мондашавию дарди пой шикоят мекунанд.

Аз сабаби ҳаракат барояшон душвор будан ба майдончаҳои бозӣ кам мераванд ва бозиҳои орому дар ҷойи нишастаро интихоб мекунанд. Ба мисли қумбозӣ ва ё сохтани чизе бо ёрии бозича.

Пойи ҳамворро ҳарчи барвақттар табобат намудан лозим аст. Агар пойҳамворӣ аз ҳад зиёд бошад, онро бо ёрии гаҷ дуруст мекунанд, вале агар ба миқдори кам бошад, метавон пойафзолҳои махсус ва ё асбоби хурдакакро, ки дар даруни пойафзол гузошта шудаааст, истифода намуд. Он барои ба ҳолати стандарт овардани пой кӯмак меунад.

Ҳамчунин, барои бартараф намудани хатарҳои пойҳаворӣ дар кӯдакон чанд амалро иҷро намудан лозим аст:

  • пешгирии вазни зиёд;
  • машқҳои махсус барои табобат;
  • маҳс;
  • нигоҳубини хос;
  • физиотерапия;

Волидонро мебояд табобати давомдори чунин бемориро таҳаммул намуда, барои қаду қомати зебои ояндаи фарзандашон кӯшиш намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД