new banner new years
Писарамро чӣ хел роҳгардон кунам?
685

Ҳанӯз қанду мармелодҳои ҷашни тавалудшаваии кӯдак тамом нашудааст, ки вақти чорпо роҳ гаштану аз дасти модар гурехта, барои бозича давидани навзод сар мешавад.

Чанд вақт нагузашта, ӯ танаи деворро дошта, роҳгардиро шуруъ мекунад. Ин барои ҳар кӯдак ҳаргуна аст. Баъзе навзодони чаққон дар 8-9 моҳагӣ нишонаҳои роҳ гаштанро мегузаронанд. Дар баъзе аз кӯдакон баъд аз якунимсолагӣ ҳаракати роҳгардӣ пайдо мешавад.

Якчанд сабаби дер роҳ гаҳтани кудак мавҷуд аст:

  • Вазни зиёди кӯдак;
  • Ноқисиҳои генетикӣ;
  • Ҳарорат;
  • Вазъияти обу ҳаво;
  • Тарс;
  • Истифодаи нодурусти аробача (ходунок);
  • Беморӣ.

Ин нишонаҳоро бе ёрии духтур ҳам пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар кӯдак камбудии ҷисмонӣ надрад, вале намехоҳад роҳ гардад, пас волидайнро каме сабр карданашон лозим меояд. Чун маҷбур кардани кӯдак барои роҳгардӣ ҳаракату хоҳиши ӯро кам мекунаду зиёд не.

Барои роҳ гаштани кӯдак чанд чанд омилро аҳаммият додан лозим аст:

1. Ҳангоми қадамҳои аввалин гузоштан кӯдак набояд пойи луч дар рӯи фарши хунук ба монанди кафел, леновиум, фаршҳои тахтагин роҳ гардад. Хунукии он заранок аст
2. Аз ҷойи қадам зании кӯдак асбобҳои халалрасонро гирифтан лозим аст, чунки ҳангоми афтодани ӯ шояд ба ҷисмаш зарар расонанд.
3. Ҳангоми роҳгардии аввалин ҷӯробҳои махсусеро, ки пойи кӯдакро маҳс мекунанд, бояд ба ӯ пӯшонем. Ин ҳаракати хунро дар пойҳо метезонад.
4. Дар вақти ҳавои гарми мусоид дар рӯи хок ва ё қум бо пойи луч ҳаракат кунад.

Дар ҳамаи ҳолат кӯдаки солим хушбахтии модару падар аст. Тарбияи дуруст ва нигоҳубини хубу ҳамаҷониба ҷисму рӯҳи тифлро зебо менамояд, ки дастоварди бузурги волидон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД