toyota motors
Пирог бо шуш
11.04.2026
Oila.tj
31

Маҳсулоти лозима:

Ним кило шуш, 200 грамм сметана, 100 грамм равғани маргарин, 500 грамм орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, каме сода, 2 дона картошка, 1 тухм, намак, 1 пиёз.

Тарзи таҳия:

Аз тухм, равған, сметана, каме сода, моддаи ковоккунанда ва орду намак хамир шӯрида, дар ҷои гарм 20 дақиқа нигоҳ доред.

Шушро дар намакоб пухта, бо картошкаву пиёз майда реза карда, ба он намаку мурч илова намоед. Хамирро ба ду қисм ҷудо карда, як қисмашро дар болои мизи ордпошида тунук карда, ба чӯба печонида, дар лаълии тафдон тунук кунед. Лабҳои хамирро бо даст ҳамвор намоед ва қимаи тайёршударо дар рӯяш рехта, қисми дигари бозкардаи хамирро аз болояш пӯшонида, гирдашро тоб дода, махкам кунед. Ба рӯяш зардии тухм молед. Пирогро сӯрох карда, дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 25 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД