Дирӯз тахминан соатҳои 10-и рӯз дар бинои Суди Олии Тоҷикистон
муҳокимаи парвандаи куштори соҳибкори ҷавон Шуҳрат Ғолибов ва Исломиддин Шаҳидов баргузор гардид. Бояд гуфт, ки Ализода Алиҷони Ботур ҳашт моҳ пеш дар қатли Шуҳрат Ғолибови 24-сола ва Исломиддин Шаҳидови 14-сола ҳамчун гумонбар дастгир шуда буд.
ГУЛНИСО МАҲМУДОВА: ПИСАРАМРО ДАР ВАРЗОБ 3 ТАБАР ЗАДАНДУ ЧАШМОНИ ҶИЯНАМРО КОФТАНД... (ВИДЕО)
Шабнами Искандар, ҳимояткундаи Алиҷон рафти мурофиаи судиро ба хабарнигори сомонаи Oila. tj Рустам Азимӣ чунин шарҳ дод: Дар рафти мурофиаи судӣ Исломиддинзода Қиёмиддин, айбдоркунандаи давлатӣ Ализода Алиҷони наврасро, ки дар қатли онҳо ҳамчун гумонбар дастгир шуда буд, айбдор дониста, пешниҳод намуд, ки ӯ бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои а, в , е, и, л; 244 қисми 2 банди в, г ва 249 қисми 3, банди а ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад. Вале ҳам тарафи ҳимоякунанда ва ҳам тарафи айбдоркунанда аз суд дархост намуданд, ки парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши иловагӣ баргардонида шавад.
Қиматхон Ризоева, ҳимоятгари тарафи ҷабрдида дар рафти сӯҳбат ба хабарнигори Oila.tj гуфт, ки дар рафти тафтишот баъзан камбудиҳо ба назар мерасид ва мо мутманием, ки ин парванда аз тарафи суд ҳаллу фасли худро холисона меёбаду гунаҳкории асосӣ тибқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Ботур Алиев: Шӯҳратро Акбар кушту писари маро ҳабс карданд (ВИДЕО)
Сомонаи Oila.tj ин мавзуъро давоми ҳафт моҳ боз пайгирӣ намуда истодааст. Баъди баровардани ҳукми суд маълумоти тозатарин ва хулосаи ниҳоиро ба шумо пешниҳод менамояд.
Шоҳид ё қотил? Тафсилоти куштори ваҳшиёна дар Варзоб