Макри бародар
Кампири Сафармоҳ рўйи кати ҳавлии бошукўҳи писараш нишаста, ба келинаш, ки бо як нописандии хос ба вай муносибат мекунад, нигариста, оҳ аз дили пурдард мекашад.
Ӯ ба унвони акааш Амрулло дуои бад мефиристад: “Медонистӣ, медонистӣ, ки духтарат ҳамин гуна одатҳои бад дорад, чаро сарамро гаранг карда, ўро ба хонаи ман ҷо кардӣ?! Илоҳи хонаат сўзад, ака!”.
Кампир алам дорад, шавҳараш хеле ҷавон аз дунё гузашт ва бори вазнини зиндагӣ, тарбияи чор фарзанди ятим ба дӯшаш афтод. Акаи ягонааш бева шуданашро дида, аз ў тамоми робитаашро канд. Падару модараш кайҳо аз олам рафта бошан ҳам, Амрулло зиндагии хуб дошт, вале ба хоҳарашу сағираҳои вай ёрӣ додан намехост. Солҳо сипарӣ шуданду ду писари Сафармоҳ низ нони даҳонашонро ёфтанд, духтаронаш ба оилаҳои хуб ба шавҳар баромаданд. Амрулло пулёб шудани писарони хоҳарашро дида, ба хонаи онҳо пай тоза карду акнун тез-тез он ҷо сар мехалонд. Сафармо акаи ягонаам нишонии падару модарам гуфта, ҳама разилиҳои акаашро бахшид.
Нозиму Носир хуб кор мекарданд, тиҷорати орд доштанд, писари калонӣ хонадор шуду рўзгорашро алоҳида кард. Носир хонаҳои кўҳнаи падариро афтонда, ба ҷойи онҳо хонаҳои дуошёна бардошт, дар ҷўстуҷўйи арўс заҳмат накашиданд, зеро кали Амрулло духтараш Зеборо пешниҳод кард. Зебо духтараки сабзинаи миёнақади чаққоне буд, вале зани Амрулло, ки хеле зани меҳрубон буд, аз чӣ бошад, хоҳаршўяшро зорӣ мекард, ки духтарашро келин нагирад. Сафармоҳ аз ин дар ҳайрат афтода бошад ҳам, боз ба гапи акааш рафта, духтари ўро келин карда, ба хонааш овард. Тут ба муроди дили кали Амрулло пухт, зеро ў кайҳо мехост замини калону боғу роғ ва писари пулёбу зебои хоҳарашро худӣ кунад ва ҳамин тавр ҳам шуд…
Нағмаҳои келин - ҷиян…
Носир хусурашро, ки шаш писар дошта бошад ҳам, ягонтоаш ўро эҳтиром намекарданд, аз фарзандонаш зиёдтар эрка мекард, ҳатто барояш мошин ҳам харида дод. Аммо Зебо амаашро ҳурмат намекард, бар замми ин, дасти қалб дошт ва ҳамеша пулҳои шавҳар ва амаашро медуздид. Дуздияшро дар вақти маъракаҳо ва серодам будани хона иҷро мекард, то касе пайхас накунад, вале хушдоман медонист кори келин асту чӣ гуна гуфтанашро намедонист. Хомўшии хушдоман келини дуздакро шерак мекарду ў «фаъолияташ»-ро васеътар мекард.
Акнун, гум шудани матоъу пулу тилловорӣ дар маъракаҳои ин хонавода ба анъана даромада буд, дуздро ҳам ҳама мешинохтанд, аммо касе ёрои гап задан надошт, зеро метарсиданд, ки Носир занашро талоқ медиҳаду риштаи хешутаборӣ канда мешавад.
Сафармоҳ акнун фаҳмид, ки чаро янгааш бо гиряву зорӣ зидди ин қудошавӣ будааст. Зан дузду нописанду ганда будани духтарашро медонистааст, Зебо калаву кандаи падараш буд. Худи Амруллоро чанд бор барои дуздӣ ҳабс карда буданд…
Ҷазои Худо
Зӯри кампири Сафармоҳ ба дуо мерасид, вақте ки дар тўйи набераи нахустинаш тилловорию либосҳои қимати арўс гум шуданд, ў дар назди Зебо даст ба осмон бардошта, гуфт: “Худоё, Худовандо, ба дузд духтаре надеҳ, ки бо ҳавас ҷиҳозаш ҷамъ карда, тўяш кунад!!!”.
Дар ҳамон ҳолатҳо Зебо ҳомила буд ва чун фарзанди нахустинаш, духтараш ба дунё омад, маълум шуд, ки ноқисақл ва нобино аст. Аҳли оилаи шавҳар гумон карданд, ки Зеборо ин ҷазои тақдир ба худ меорад, вале беҳуда нагуфтаанд, ки «Кўзапуштро танҳо гўр ислоҳ мекунад». Зебо бадтар шуда буд, акнун аз шавҳараш талаб мекард, ки духтарашро табобат кунад. Табобатҳои тӯлонӣ натиҷае надоданд, зеро духтурон гуфтанд, ки ин бемории модарзодист ва табобаташ ғайриимкон аст. Зебо ҳамеша кӯшиш мекард шавҳарашро бо апаҳову акаи ягонааш ҷанг андозад, сояи авсуну ҷиянҳои шавҳарро аз девор метарошид. Вале Носир марди гаправ набуда, акнун барои шўрандозиҳояш занашро зери мушту лагад мегирифт, Зебо бошад, қасди ин ҳамаро аз «киса»-ҳои шавҳар мегирифту дуздиро ба дигарон бор мекард.
Акнун, на танҳо аҳли оила, балки тамоми хешу табор ва ҳаққу ҳамсоя, аҳли деҳа медонистанд, ки зани Носир дузд аст…
(Давом дорад)
Рухсора САИД