Парвина фарзанди кенҷаи холаи Санам буд. Ин ҷавонзани резапайкару сафедак бо ҳусну ҷамоли беназираш на танҳо мардҳоро бо як нигоҳ обу адо месозад, балки бонувон ҳам ба зебоии бемислаш ҳасад мебаранд.
Аммо ҳамин ки ба гап дарояд, аз даҳонаш фақат ҳақорату фаҳш меборад. Шояд маҳз ҳамин бадзабониву бадахлоқияш бошад, ки дар 23 солагӣ аллакай чандин маротиба оилавайрон шудааст.
Сабаби бадахлоқии Парвина муҳити оилавияшон гаштааст гӯем, хато намешавад. Модари дугонабозу зиёфатпарасташ рӯзи дароз бо айшу нӯшу чақ-чақ машғул шуда, аз тарбияи фарзандон ғофил буд. Аз даҳони модар ягон сухани бамаънӣ намебаромад ва фарзандон низ дар чунин рӯҳия тарбия ёфтанд.
Парвина мисли меваи пешпазак зуд ба балоғат расид. Чашмони бозингараш ҷавонони зиёдеро волаву шайдо намуда буду села-села дар атрофи хонаашон ҷамъ мешуданд. Рӯзе дугонаи ҷонии холаи Санам ду-се лаълии пурҷиҳоз дар даст ба хонаи Парвинаино ба хостгорӣ омад. Садои хандаву шӯхии дугонаҳо то дергоҳ давом кард ва щамин тавр Парвинаи 16-соларо фотиҳа карданд.
Дугонақудоҳо ҳар кадоме сарвату давлати худро нишон доданӣ шуда, тӯйи осмонкафе оростанд. Вақте арӯсу домодро ба хонаи бахташон гусел карданд, Парвина дар таги чодар домоди лоғару чашмонаш суп-сурхро дида, ба модараш дарафтод, аммо модари сархушро на парвои фарзанд буду на парвои олам.
Гумони арӯсак дуруст баромад, домод наркоман будааст. Шабҳои якуму дуюму сеюм домод умуман ба хона наомад. Рӯзи чорум калавида-калавида назди Парвинаи арӯсак даромаду ҳақоратро сар кард. Гӯё арӯс барояш лӯхтак бошад, ӯро азоб дода, завқ мебурд. Чанд бор дасту пойи Парвинаро баста ба даҳонаш латта андохта баромада рафт. Пас аз додзаниҳои зиёди арӯсак хушдоманаш омада Парвинаро аз банд мекушод. Парвина бо ҳақорату доду вой аз шавҳари наркоманаш гурехта, дар ҳоҷатхона пинҳон мешуд. Шабе шавҳараш бангро заду мастомаст даҳони Парвинаро бо скоч баста, лучи модарзодаш кард ва дар телефонаш ӯро ҳамин тавр луб-луч ба навор гирифта, бурда ба ҷӯраҳояш нишон дод.
Хушдоман аз Парвина талаб мекард, ки писарашро аз роҳи бад баргардонад, вале кӯшишҳои арӯсак беҳуда буданд.
Модари Парвина чандин бор ба сари дугонааш омад, лекин ҳар дафъа бо дидани хонаву дари қасрмонанд ва бо умеди он ки ин ҳама дороӣ ба Парвина мемонад, духтарашро ба сабру тоқат ҳидоят карда мерафт.
Шавҳари наркомани Парвина ҳар рӯз нағмаву қилиқҳои нав ба навро ба кор бурда, аз рафтори худ завқ бурда механдид. Рӯзе Парвина аз хоб хеста дид, ки мӯйи дарозу фатилаашро шавҳараш қайчӣ карда, дар оина овехтааст. Бо доду вой ба шавҳараш ҳуҷум карда буд, ки шаттаи обдори шавҳар ба сараш расид ва беҳуш шуда афтид.
Рӯзе набуд, ки ман аз моиндарам дашном нашунида бошам. Додарам Муборизро мезад. Бо тасма аъзои баданашро сиёҳу кабуд мекард. Мо аз тарс ба падарамон лаб намекушодем.
Вақте ба худ омад, тамоми ҷисмаш сӯзиши ҷонкоҳ дошт. Чамш кушода танашро оғӯштаи хун дид. Шавҳари наркоманаш бо теғ тани Парвинаро бурида буд.
Парвина дигар ба ҷабру зулми наркоман тоб наоварда аз тирезаи хонааш парида, пойлучу сарлуч сӯйи хонаи модараш давид.
Бо ҷангу ҷанҷоли зиёд Парвинаро аз шавҳари наркоманаш ҷудо карданду чизу чораашро бардошта ба хонаи модар омад. Падари раисаш дарҳол барои духтараш хонаи якҳуҷрагӣ харида Парвинаро як-ду моҳ пас ба писари дӯсташ фотеҳа кард.
Волидонаш гумон доштанд, ки Парвина зиндагии навро бо хушбахтӣ оғоз менамояд, вале ин дафъа ҳам бинои оилаи духтар ноустувор гашт. Домод баъди се моҳи тӯй арӯсакро ба хонаи волидонаш бурда, хонаи Парвинаро ба савдо зад.
Ҳамин тавр барои хона гапашон гурехту онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.
Парвина бори сеюм ба шавҳар баромад, вале дар давоми ду сол ду бор шавҳар карданашро фикр ҳам накарда, аз рӯзи аввал хулқу атвори бадашро нишон дод. Дар ҳузури ҳевару хусуру дигар мардони хона беибо хандидаву дашномҳои қабеҳ дода мегашт келинчаки бадзабон. Азбаски аҳли хонаводаи шавҳараш ниҳоят маданию бообрӯ буданд, аз рафтору кирдор ва дашному фаҳшгӯиҳои Парвина девона мешуданд. Насиҳати хусуру хушдоман ба вай таъсир намекард. Шавҳараш чандин маротиба Парвинаро зери мушту лагад гирифта бошад ҳам, ҷавонзан рафторашро дигар накард. Кор ба ҷое расид, ки Парвина аз хонаи шавҳари сеюмаш низ гурехт.
Ин дафъа падараш аз кирдори дар хонаи шавҳар содирнамудаи Парвина воқиф гашта, ӯро «оқ» карду сарашро гирифта аз хона баромада рафт. Парвина дар хонаи модараш дугонабозиро сар кард. Азбаски ҳусну ҷамоли беҳамто дошт, мардони зиёде харидораш буданд. Дере нагузашта як ҳофизи номдор дар як тӯй Парвинаро дида, ошиқи шайдояш гашт. Ҳамин тавр Парвина зани дуюми ситораи санъат шуд. Шавҳараш, ки марди пулдор буд, барояш хонаи алоҳида харида дод, то аз чизе танқисӣ накашад, аммо...
Чанд муддат Парвона худро зани бамаънӣ нишон дода, дили ҳофизи номдорро ба даст оварду баъд наӯмаҳои пештарашро сар кард. Вай шавҳарашро ба ҳама рашк карда, ҳар рӯз бо ӯ ҷангу ҷанҷол мебардошт. Ҷавонзани беандеша аз шавҳари ҳофизаш талаб мекард, ки аз баҳри зану фарзандони қишлоқияш гузарад, вале ин марди машҳур аллакай хулқу хӯи бади зани сеюмашро омӯхта буду роҳи халосӣ меҷӯст.
Парвина ҳомиладор шуда аз шавҳараш талаб кард, ки хонаро ба номаш гузаронад, вале ҳофиз ӯро ба истироҳатгоҳ бурда монду ғайб зад. Парвина ба шаҳр баргашта, фаҳмид, ки дигар хона надорад. Шавҳараш хонаро фурӯхта, талоқашро тариқи СМС дод.
Парвина ночор ба хонаи модараш баргашт ва духтарча таваллуд кард. Тифлаки ширхораро партофта вай ба ҷустуҷӯи шавҳари нав баромад.
Ба мардҳо мегуфт, ки танҳо як бор оилавайрон шудаасту халос. Ин дафъа ба доми марди занҷаллобе афтида монд. Дертар фаҳмид, ки ин мард ҳар сол як зан гирифта, баъдан бедарак гум мешудааст, вале кор аллакай аз кор гузашта буд.
Парвина нав ба 23 қадам ниҳодаву ҳанӯз гул барин зебост, вале аллакай панҷ маротиба хонавайрон шудааст. Ин зани беандеша аз ин хатоҳои худ панд нагирифта, фикру хаёлаш ҳанӯз ҳам танҳо ба шавҳаркобӣ банд аст. Парвина дар тамоми бадбахтиҳои худ волидонашро гунаҳкор меҳисобад ва бо дидани зану шавҳари хушбахте ҳасад бурда мегӯяд: Чаро дигарон хушбахтанду ман не? Ман аз кӣ ё чӣ кам ҳастам?!
Парвина то ҳол гумон мекунад, ки бо ёфтани шавҳари пулдор хушбахт мешавад. Ҳоло ки ҷавону зебост, гули сари сабади маҳфилу дискоклубҳо гаштааст, вале магар ҳусни ӯ то ба охир беназир мемонад?
Беназир