arzon replenishment
4-УСУЛИ ТАБОБАТИ ХАЛҚИИ САБӮСАКИ САР
3593

 

Сабӯсак бо пайдо шуданаш касро нороҳат месозад. Поғачаҳои сафедак мӯйро ба назар ифлос нишон дода, касро дар ҳоли ногувор мегузорад.

Барои рафъ намудани сабӯсаки сар дар мағозаҳо воситаҳои бешумори косметикӣ ва ҳатто як қатор малҳаму шампунҳои махсус фурӯхта мешаванд, вале имрӯз мо дар бораи усулҳои халқие маълумот медиҳем, ки бо истифода аз онҳо шумо ба осонӣ аз сабӯсак халос шуда метавонед.

Сабӯсаки хушк ё равғанин?

Барои табобати самарабахш аввал хушку равғанин будани сабӯсакро муайян кардан лозим аст. Сабӯсаки равғанин боиси афзудани кори ғадудҳои чарбӣ мегардаду дар натиҷа мӯйҳои ғафс зуд-зуд часпаку ифлос мешаванд. Сабӯсаки равғанин хусусан дар зимистон, бар асари пушидани рӯймоли ғафсу арақкунии сар бисёр мешавад. Сабӯсак хушк бошад, чарбҷудошавӣ кам мегардаду пӯсти сар пур аз пулакчаҳои сафеду хокистарӣ, яке аз сабабҳои пайдоиши сабӯсаки хушк замбӯруғи пӯст аст. Мушкили сабӯсаки равғанинро бо поккунониву мулоимкунонии пӯсти сар рафъ кардан мумкин аст. Барои камтар сохтани равғаннокӣ воситаҳои дорои ҷавҳари салитсил, ланолин, ментол, комфорро истифода мебаранд. Шампун ва собунҳои таъсири зидди замбӯруғӣ дошта азнавшавии ҳуҷайраҳоро ба эътидол меоранд. Таркиби ин воситаҳои шустушӯӣ одатан аз фенол ва қатрон иборат аст.

Табобати хонагии сабӯсак

1.Як қошуқ баргҳои хушки газнаро дар 1,5 истакон оби ҷӯшида дар термос дам партофта, баъди 10-12 соат аз дока полонед. Маҳлули ба дастомадаро ҳафтае 2-3 бор баъди саршӯӣ бо пораи докача ба саратон молед.

2.100г барги тару тозаи газнаро дар 1л оби ҷӯшида ҷӯшонеду шарбати 2 лимӯро илова кунед. Бо ин маҳлул як рӯз дар миён мӯятонро баъди саршӯӣ чайқонед.

3.Ниқоби турши ширӣ омода созед: кефир, ҷурғот ё зардоби ширро ба мӯю пӯсти саратон молида бо сачоқ печонеду ним соат нигоҳ доред, сипас бо оби гарми ҳардалдор (горчица) мӯйятонро обгардон кунед, (дар 1л об 1 қошуқ ҳардол). Оби ҳардалдор мӯйро хубтар тоза мекунад. Бо оби сиркои себин ё лимӯдошта низ мӯятонро обгардон карда метавонед.

4.Зардии тухмро бо шарбати 1/3 лимӯ ва 3-4 қатра равғани эфири эквалипт омехта намуда ба мӯятон молед. Ним соат пас бо оби гарм сар шустан мумкин аст. Амалиётро ҳафтае 1-2 бор такрор намоед.

Табобати сабӯсаки хушк

1.Зардии ду дона тухмро бо 5-6 қатра равғани мушхор (репейное) ё беданҷир (касторовое) ва шарбати ним лимӯ омехта намуда, ба пӯсти саратон моледу баъди 10 дақиқа бо оби гарму бе шампун сар шӯед.

2.Ҳафтае 2 бор як соат қабл аз саршӯӣ ба пӯсти саратон равғани мушхор молида, баъдан бо шампун мӯйҳоятонро шӯед.

3.Як қошуқ оби пиёз ва як қошуқ равғани беданҷирро омехта намуда, ба он як қошуқ маҳлули календуларо илова кунеду як соат қабл аз саршӯӣ ба мӯйҳоятон молед.

4.Ба каме шампун 4 қатра равғани эфири лимӯ ва 4 қатра равғани эвкалипт илова карда, маҳлули тайёршударо ҳар дафъа қабл аз саршӯӣ маҳскунон ба пӯсти саратон молед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД