sebiston july new
Палонҷам духтарамро душманам кард…
09.04.2022
ОИЛА
1329

 

 

Модарам ҳамеша мегуфтанд, ки ту аз ҳад зиёд раҳмдиливу аз рӯйи ин хислатат азоби зиёд хоҳӣ дид.

Ҳайрон мешудам, ки наход раҳмдилӣ, ки сарчашмааш имондорист, маро дар зиндагӣ азоб диҳад, ба гапи модарам даст меафшондам, вале баъдтар ба қадри суханҳои он кас расидам…

                            Талхиҳои кӯдакӣ

Модарам бо ду духтар бева мондааст, шавҳараш дар дарё ғарқ мешавад ва ҷасадашро пайдо намекунанд.Чун ӯ духтари ягонаи бибиву бобоям будааст, ба хонаи падар бармегардад. Ман сесола ва хоҳарам якунимсола будааст, ки бепадар мондем. Модарам даҳ сол бе шавҳар мегардад, дар фермаи чорводорӣ говҷӯш шуда кор мекарду зиндагии ману хоҳарам ва падару модари пирашро пеш мебурд. Чун бибию бобоям пайи ҳам оламро тарк карданд, модарам маҷбур ба шавҳар баромад. Ӯро марде ба занӣ гирифт, ки бо ҳамсараш понздаҳ сол зиста, соҳиби фарзанд нашуда буд. Шояд падарандарам безурриёт буд, ки аз модари ман ҳам соҳиби фарзанд нашуданд, вале ин мард моро мисли духтарони худаш дӯст медошту тарбия мекард. Ӯ дар колхоз ронанда шуда кор мекард, модарам низ дар касбаш соҳиби обрӯву эътибор буд, хулоса мо зиндагии хубе доштем. Падарандарам ману хоҳарамро баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил кард. Ман як сол пештар хатм карда баргаштаму дар беморхонаи деҳа ба кор оғоз кардам. Дар шафати беморхона мактаб воқеъ буд ва муаллими ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя ба ман ошиқ шуда, хостгоронашро фиристод. Падару модаам волидони он ҷавонро хуб мешинохтанду ба издивоҷи мо розӣ шуданд. Сулаймон ҷавони қоматбаланди зебо ва мадание буд, пас аз гузаронидани маъракаҳои пеш аз тӯй ҷашни висоли мо барпо гашту маро бо шукӯҳу шаҳомати тоҷикона ба хонаи бахтам гусел карданд.

 

                 Келин не, духтар

Хусуру хушдоманам ду писар доштанд ва то тӯйи мо ба писари калонияшон хона сохта, зиндагии ӯро ҷудо карданд. Келини аввалашон аз оилаи сарватманд буду он қадар ба хусуру хушдоманам меҳрубон набуд, ҳеварам низ бо садои доираи занаш рақс карда, ба волидонаш кам таваҷҷуҳ мекард. Ман аз рӯзи аввали ба ин хонадон қадам ниҳодан хусуру хушдоманамро дӯст доштам. Онҳо инсонҳои меҳрубоне буданд, хусурам намегузошт, ки ман ба гову мол ва корҳои замин наздик шавам. Вале ман вақти холие меёфтам, медавидам ба ёрии эшон…

Номам дар забони хусуру хушдоманам духтарҷон буд. Хусурам беҳтарин мева, сабзавоти ширину серобро барои ман канда, ҷое мегузошт. Хушдоманам сарширу ҷурғоту маскаро дар пиёлаҳаке ба номи ман гирифта пинҳон мекард. Баъзан Сулаймон ба шӯхӣ мегуфт, ки ту падару модарамро аз ман кашида гирифтӣ. Ман ҳам ин меҳрубониҳоро беҷавоб намегузоштам, чун аз пухтану дӯхтан огоҳ будам, кӯшиш мекардам барои аҳли оилаи хурду меҳрубонам хӯрокҳои лазиз тайёр намоям. Ҳамин ки маошамро гирифтам, нисфи росташро ба дасти хусурам медодаму ба боқимондааш барои рӯзгор ягон чизи даркорӣ мегирифтам ё матое харида, барои хушдоманам курта медӯхтам, барои хусурам куртаву пойафзол ё чизи дигар мехаридам. Онҳо ҳамеша дуои ҷони маро мекарданд, аммо бахт омад накунад, дуои хуб ба гӯши Худованд намерасидааст…

                                      Ниҳоли бесамар

Аз зиндагии ширини мо панҷ сол пушти сар шуд, вале мо фарзанддор намешудем. Ҳамроҳи Сулаймон ба Маскав рафтем, табибон гуфтанд, ки то ҷудо нашавед, соҳиби фарзанд намешавед. Пас аз ин ҳам як соли дигар дуохониву давои тоҷикӣ кардем ва оқибат қарор додем, ки ҷудо мешавем..

Чӣ рӯзи сангине буд, гӯё ман мурда бошам, хушдоманам нолаҳои зор мекард, хусурам низ дар як гӯшаяки долон ашк мерехт. Ҳоли падару модарам аз онҳо бадтар буд. Ман дигар ин мотамро дидан нахоста, гуфтам, ки агар Сулаймон розӣ шавад, аз хонаи бачаҳо кӯдакеро ба фарзандӣ мехонему ҷудо намешавем. Хушдоманам “ман розӣ” гӯён, маро аз оғӯшаш сар намедод, вале Сулаймон андешаманд гуфт:

-Дилоро, аз ҳардуи мо фарзанд мешавад, пас чаро мо бояд аз ин шонс истифода накунем. Кӯдаки мардум аз мардум аст, як рӯз не як рӯз мефаҳмад ва аёми пириҳо саргардон мешавем.

Мо ҷудо шудем, дар ҳолати бади рӯҳӣ қарор доштам, модарам тасаллоям медод. Падарандарам насиҳатам мекард, хостгорон бошанд, остонаи хонаамонро охурча карда буданд. Ман шавҳар кардан намехостам, вале дар кӯчаҳои деҳа қадам задан бароям хеле вазнин буд. Боре кампири ҳамсояамон холаи Моҳбону, ки як умр бо шавҳараш бефарзанд зиста буданд, маро ба хонааш даровард. Сари дастархони пурнуқлу навои кампирак сӯҳбати дардноке сурат гирифт, кампири Моҳбону гуфт:

-Дилорои ҷон, холат садқаи хушрӯгиҳоят шавад. Сулаймони ту мард будааст, ки ба зиндагиятон нуқта гузошт. Шавҳари раҳматии ман медонист, ки худаш безуриёт асту аз ман фарзанд мешавад, вале маро сар надод. Худам як сағираи бекасу кӯйи дар зери зулму шиканҷаи амак ба воя расида будаму куҷо рафтанамро намедонистам. Ҷавонӣ дар як мижжа задан мегузараду он гаҳ пушаймон мешавӣ, ки дигар суде надорад. Шавҳар кун, соҳиби фарзанд мешавӣ ва ин шару шӯру ишқу дӯстдорӣ, ки ба нохуни фарзанд намеарзад, фаромӯш хоҳад шуд, -кампир оҳе кашиду илова кард,- аз зиндагии ман панд бигир бачам, танҳову зор дар кунҷаке, шукри ҳамсояҳо ва набераҳои амакам, аз ҳолам ҳамеша бохабаранд. Аҳли деҳа як пораи нонашонро бо ман мебинанд, аммо бе фарзандӣ дардест гарон….

                                 Бахти дуюм

Пас аз як ҳафтаи сӯҳбат бо кампири Моҳбону яке аз хешони дури модарам ба хостгорӣ омад. Амир шахси соҳибмансабу сарватманде буд, аммо фарзанд надошт. Ҳамсараш ба ӯ иҷозат додааст, ки зан гирад, модарам бисёр мехост ман аз деҳа берун шавҳар кунам ва хостгорони хешаш, ки дар маркази вилоят дар шаҳри ободу зебо зиндагӣ мекард, айни муддао буд. Амир ваъда дод,ки зани аввалашро талоқ надода бошад ҳам, ӯ ба зиндагии мо дахолат намекунад ва хонаву дараш ҷудо аст. Амир тӯйи зебое ороста, маро мисли духтарон бо иззату икром ба хонааш бурд, зиндагиямон хуб оғоз ёфт. Хонаи дуошёнаи барҳаво, ҳавлию боғу роғ, шавҳарам аз рӯзи аввал гуфт, ки ба кор кардани ман зид аст. Ман акнун як зани хонашин будам ва кору бори ҳавлии калон бар душам. Пас аз ду моҳи тӯйямон ман эҳсос кардам, ки дар батнам кӯдак пайдо шудааст ва Амир аз ин хабар сараш ба осмон расид ва гуфт:

-Дилоро, агар розӣ шавӣ, Рӯзигул омада, кам-кам ба корҳоят ёрӣ диҳад, вай зани хубест, бовар намо, ба зиндагии мо кордор намешавад.

Рӯзигул зани аввали шавҳарам буд,тки понздаҳ сол бо ҳам зиста фарзанддор нашуда буданд. Мани раҳмдил,тки аз модар шуданам сарам ба осмонҳо мерасид, розӣ шудам. Рӯзигул бо кулчаю кӯмоч, матоъҳои қимматбаҳо ба дидани ман омаду ҳамин тавр дигар нарафт….

                               Палонҷи меҳрубон

Даврони ҳомиладории ман хеле вазнин мегузашт ва Рӯзигул дар ин маврид ёригару маслиҳатчиям буд, ӯ намегузошт, ки ман дастамро ба оби хунук занам. Модару апаам ба хабаргириям омада, аз ин тавр ранг гирифтани зиндагиям камтар норизо буданд, вале ман онҳоро ором кардам, ки Рӯзигул барои ман ҳам модару ҳам хоҳар аст. Пас аз гузаштани муҳлати ҳомиладорӣ ман ду писар таваллуд кардам, азбаски худам таваллуд карда натавонистам, кӯдаконро тариқи чоки қайсар гирифтанд. Чун ба худ омадам, дидам, ки Амир поёни поям нишаста асту бо ба ҳуш омадани ман пойҳоямро бӯсида, ба дидаҳояш мемолид. Бори аввал ба ин мард бо назари меҳр нигоҳ кардам ва ишқашро дар дилам ҷо намудам.

Умеду Орзу ниҳоят кӯдакони зебо буданд, Рӯзигул акнун ба дояи беминнати онҳо табдил ёфта буд. Акнун ман ба ин зиндагии себурҷа одат карда будам ва ҳаққу ҳамсоя ҳам ҳаваси зиндагии моро мехӯрданд. Акнун Амир як шаб бо ман буду як шаб бо Рӯзигул, шабҳое, ки шавҳарам бо ман буд, Рӯзигул кӯдаконро бо худ мегирифт. Дилам ба ҳоли ин зан месӯхт ва гоҳе барои дилпурияш мегуфтам, “апа, Умед калон ки шуд, занаш медиҳем ва бо шумо зиндагӣ мекунад, Орзу бо мо”. Дугоникҳоям яксола шуданду духтарам ба дунё омад ва бо хоҳиши Рӯзигул, Меҳрубон номаш ниҳодем, зиндагии мо хушу хуррам ва осуда идома дошт. Шавҳарам хонаҳои Рӯзигулро канда, онҷо ҳам хонаҳои дуошёнаи зебо ба номи Умед сохт, аммо беҳуда намегӯянд, ки мо нақша мекашему Худованд ба ҳоламон механдад…

                            

            Дили раҳмин ҳамеша ғамгин

Дугоникҳоям понздаҳ сол ва духтарам чордаҳ сол дошт, ки Амир бар асари сактаи қалб дунёро падруд гуфт. Бо се фарзанди ноболиғ миёни роҳ мондан осон набуд, намедонистам сарамро ба куҷо занам. Фарзандонам ба зиндагии серу пур одат карда буданду мероси мондаи падарашон то ба корӣ шуданашон албатта намерасид. Ман баъди додани маъракаҳои шавҳарам ба кор баромадам. Акнун шабу рӯз кор мекардам то фарзандонам аз чизе танқисӣ надошта бошанд, писаронам дар мактаб нағз мехонданд, фориғ аз таҳсил боғдорӣ мекарданд ва аз фурӯши сабзавоту мева даромади хубе ба даст меовардем. Танҳо духтарам нозпарварду эрка буду шабу рӯз бо очакалонаш, фарзандонам Рӯзигулро очакалон меномиданд. Агар ман ба рафтору гуфтораш эрод гирам, Худо зад, ҳамроҳам ҷанг мекарду мегуфт “ту очаи ман нестӣ!” Ростӣ, ба кору бор дода шуда, ба ин амалҳои духтарам он қадар аҳмият намедодам, Рӯзигул ҳам ҳоло кӯдак аст мегузарад гуфта, маро тасалло медод, аммо нагузашт…

Писаронам ба воя расиданд, онҳо донишгоҳро хатм карданду ҳар кадоме соҳиби ҷойи кор ҳам гаштанд. Онҳоро ба духтарҳои дӯстдоштаашон хонадор карда, келин фаровардам, дар ин айём Меҳрубон алаккай ду кӯдак дошт. Зеро ӯ хондан нахост ва ӯро ба писари бародари Рӯзигул хонадор кардем, духтарам умуман ба ман рӯйи хуш намедод ва ду рӯз дар хонаи шавҳар бошад, моҳҳо ҳамроҳи шавҳару кӯдаконаш дар хонаи очакалонаш буд. Дар урфият мегӯянд, ки «Агар рақибатро шикаст додан хоҳӣ, фарзандашро тарбия намо», палонҷи ман низ ҳамин хел кард. Пас аз овардани келинҳо ниқоби Рӯзигулу Меҳрубони номеҳрубон пурра афтид. Мо ҳам ҳақ дорем гуфта, ҳавлиро пурра ба номи Меҳрубон кардаанду он ҷо зиндагӣ доранд. Духтарам бо ману писаронам умуман гап намезанад, акаҳояш мегӯянд, ки “майлаш, ҳамон хонаву дар аз ту, мо даъво надорем. Ҳавлии калон аз сари мо зиёдатӣ мекунад, боз аз биноҳои навсохт хона гирифтему дастамон расад барои ту ҳам мегирем, ту фақат муносибататро бо модарамон нағз кун”, аммо ин духтар ҳеҷ бо мо рост нагирифт. Акнун модари биҳиштии фариштахисолам нест, ки сар ба доманаш монаму бигириям, ки рост мегуфтаӣ очаҷон, раҳмдилии бисёр хуб набудааст. Охир, ман ба палонҷам ғайри некӣ кори дигар накардаам, пас чаро ӯ муносибати ману духтараамро вайрон кард?! Боре дар рӯяш инро гуфтам ва ӯ сӯям теғ кашида нигоҳ карда гуфт:

- Ту инҳоро фақат зоидӣ, ман калон кардам, Худо гӯй, ки писаронат очаат мегӯянд!

Дили раҳмин ҳамеша ғамгин –мегуфт очаам, ин ҳақиқати зиндагӣ будааст!        

          Дилоро

                                                                    Таснифи Дилошӯб

    

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД