arzon replenishment
Падарам аз духтар доштан ор кард
3740

Солҳои дароз аст, ки мо, се хоҳарон бо чашмони чор шабу рӯз роҳи падарамонро интизорем. Пештар сабаби тарки Ватан кардани падарамонро дар бепулию бекорӣ мепиндоштем, вале баъдан асли гапро аз забони модарамон шунидему ҳуш аз сарамон парид.

Модарам оби дида рехта гуфтанд: “Ману падаратон ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Бибиатон намехост маро келин кунад, вале падаратон ду пояшро ба як мӯза андохта “хоҳеду нахоҳед, ҳамин духтарро мегирам” гуфту онҳо ночор ба хонаи мо хостгорӣ омаданд. Зиндагиамон ширин мегузашт, вале бибиатон рашк бурда, тез-тез бо ҳар баҳона ману падаратонро ҷанг андохтанӣ мешуд. Аввалҳо падаратон ба гапҳои модараш чандон аҳамият намедод, вале баъди он ки хоҳари хурдиатон Зиёдаро ба дунё овардам, авзояш беҷо шуда, ҳар замон ғур-ғур мекардагӣ шуда монд. Бибиатон ба оташи қаҳру ғазаби писараш равған рехта мегуфт: “Ин зани хушкардаат як умр фақат духтар мезояд. Пагоҳ духтарҳоят шавҳар карда мераванду ту дар айёми пирӣ ба домод муҳтоҷ шуда мемонӣ писарам. Ҷавобашро деҳ! Як ҳафта нагузашта ман ба ту боз духтари очааш набӯсидаро гирифта медиҳам.


ФОҶИАИ ЗИНДАГИИ ТАЛХИ САОДАТ


Келине меёбам, ки ҳар сол як шоҳписар таваллуд кунад! ” Падаратон ба иғвои модараш гӯш дода, маро бад медидагӣ шуд. Ҳамин тавр падаратон сарашро гирифта ба хориҷа рафту модараш ману шумоёнро аз дар берун кард. Хайрият, ки раҳми тағоятон омаду ҳамин хонаро ба мо дод, вагарна бо се кӯдак дар кӯча мемондам...”
Аз рӯзе, ки ин ҳақиқати талхро аз забони модарамон шунидем, корамон танҳо гиряву нолаву оҳ аст. Мехоҳем аз минбари “Оила” ба падари духтарбезорамон бигӯем:
-Падар, ҳарчанд ту дар тӯли 13 сол ягон бор моро ба гӯшаи хаёлат наовардӣ, ҳарчанд нагуфтӣ, ки ҳамсарам бо се духтараш чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд, хориву зориҳои зиёде кашида бошем ҳам, мо намурдем. Медонем, ки дар Арабистони Саудӣ ба ҳайси духтур кор мекунӣ ва дар он ҷо шуҳрату ному нону зану фарзанд дорӣ, аммо наход дилат ягон бор ба ёди се духтарат гум назада бошад?! Ягон бор ба ёдат намерасад, ки дар ин ҷо, дар Тоҷикистон се ҷигарбандат бо чашми чор роҳи туро мепоянд? Мо кайҳо мактабхон шудем, падарҷон ва ҳар рӯз муаллимон сарамонро сила намуда, барои хубу аъло хонданамон “Офарин, бар падарат раҳмат!” мегӯянд. Биёву бо чашмони сарат бубин, ки духтарони аз онҳо ношукрӣ кардаат чӣ тавр номи туро баланд мебардоранд! Мо, се хоҳар қавл додаем, ки агар падарамон ба хубӣ ба наздамон барнагардад, сарамонро ба санги хоро зада ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавем ва мисли худаш духтур шуда, ба Арабистон меравему аз гиребонаш гирифта ба Ватан меорем! Дилҳои моро нашикан падар! Аз духтаронат ношукрӣ накун, зеро ношукрӣ заволи неъмат аст мегӯянд. Нашавад, ки рӯзе ба нохуни фарзанд зор шавӣ...
Завлона ва хоҳаронаш, аз деҳаи Турдибобои н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД