Қиссаи сарнавиштам хеле аламовар ва ғамангез аст. 17 солаам. Падарам аз ҷавониаш то ба имрӯз дилбастаи май аст.
Падари золимам ҳамеша маст ба хона омада модари бечораамро зери мушту лагад мегирифтааст. Бибиҷонам модарамро халос карданӣ шавад, падари бадмастам ӯро ҳам дашномҳои қабеҳ дода меранҷонидааст. Оқибат модарам аз чунин зиндагии сагона дилгир шуда, мани кӯчакро партофта баромада мераваду мани хурдакак дар тарбияи бибӣ мемонам.
Кош ҳамон вақт модарам маро зери қаноташ мегирифту азобу шиканҷаи янгаро намедидам. Ранҷу ситезаи янгаву ҷабру ситами падари майзадаам ҷонамро ба лабам расонидааст. Мисли ҳезуми тар дарун-дарун месӯзам. Амакам 12 сол фарзанд надошт. Мани зиндаятим гумон кардам, ки янгаву амаки бефарзандам меҳрашонро ба ман мебанданду фарзандвор дӯстам медоранд, вале афсӯс…
Ҷаҳли янга
Янгаи ҷоҳилам неши сӯзанро ба сари ман мехалонду дод мезад: «Бо падари золимат аз назарам дафъ шавед! Касофатии шумост, ки мо фарзанд намеёбем! Худо тезтар ҷони падари бадмастатро гирад, ки роҳати дунёро бинем…»
Падарам аксаран ба моҷарою ситезаи келин аҳамият надода, даст меафшонду баромада мерафт ва бо ҳамин як-ду ҳафта беному нишон мегашт. Дар ин муддат касе суроғаш намекард. Пас аз муддате боз масту аласт ба хона меомаду «ту маро аз зани ҳалолу зебоям ҷудо кардӣ»,- гўён бибиҷонамро зери мушту лагад мегирифт. Амакам бибиамро тарафгирӣ намуда дасту пойҳои падарамро мебаст. Аз чунин зиндагии сагона ҷонам ба лаб расида буд, вале чора надоштам, на ҷои рафтанам буду на касе, ки дарди диламро шунавад.
Аммаҳоям ба хона омада аҳволи бибиямро медиданду дилашон ба ҳоли модар сӯхта ӯро чандрӯза ба хонаҳояшон мебурданд. Пас аз рафтани бибиам янгаи маккораам рӯзамро сиёҳтар мекард. «Хез, сағераи бесоҳиб, аз дарё об биёр! Ман хоб меравам, то хестанам косаю табақҳои аммаҳои ҷодугарат хӯрдаро нашуста бошӣ, рӯзатро шаби тор мекунам!»- гўён баданамро пӯчида-пӯчида мегирифт. Бо чашми гирён гуфтаҳояшро иҷро мекардаму ба тақдири бадам лаънат мехондам, вале ба қавле замин сахт буду осмон баланд!
Моҷарои духтари раис
Амакам дар ягон ҷо кор намекард. Рӯзу шаб дар хонаи хусураш буд. Гоҳо аз он ҷо хӯрокаву либосҳои кӯҳнаи бачаҳои қайниву қайсингилҳояшро меоварду мани «бесоҳиб» либосҳои обшуставу туфлиҳои даридаи онҳоро пӯшида ба мактаб мерафтам. Ҳамсинфонам ба ҳолам механдиданд.
Рӯзе дар айни дарс Муҳаббати ҳамсинфам мӯйи сарамро кашид. «Нарас» гуфта таъкидаш намудам, вале вай қасдан корашро такрор кард. Тоқатам тоқ шуда дасташро тоб дода «ба ман нарас, намефаҳмӣ!»- гуфтам. Духтар шаппотии обдоре ба рӯям зада дашномҳои қабеҳ дод. Ҳамсинфонамон қоҳ-қоҳ зада хандиданд. Нангам омаду ман ҳам ба рӯяш шаппотие фаровардам. Муҳаббат гириста аз дар баромаду сӯйи кабинети директор шитофт.
Роҳбари синфамон лаҳзае пас ҳамроҳи Муҳаббат аз дар даромаду асли гапро напурсида аз гиребонам дошта сарамро чанд бор пайдарпай ба тахтаи синф зад. Аз биниам хун омад, вале қаҳри муаллим ҳамоно паст намешуд. Охир ман писари майзадаву Муҳаббат духтари раиси деҳа буд.
Ҷабр болои ҷабр
Бо сару рӯйи хуншор ба хона омада ба балои дигар гирифтор шудам. Амаку янгаам « ҳой, сағераи бесоҳиб, барои чӣ ҷойгаҳатро нағундошта рафтӣ?»- гӯён ба ман дарафтоданд. «Ба мактаб дер мекардам, янга, ором шавед, ҳозир ҷойгаҳамро мегирам»,- гуфтам бо чашми гирён, вале амакам «болои нонхӯри зиёдатӣ буданат ту, сағера кори ҳаррӯзаатро ба ҳамсари ман партофта рафтӣ, ҳе бар падарат лаънат»,- гӯён маро тӯби футбол барин лагадкӯб кард. Фарёд мезадам, гиря мекардам, ки ба сарам назанед, сарам дард мекунад, вале амакам қасдан ба сару рӯям шатта мезад. Хайрият, ки ногаҳон бибиҷонам даромада омаду мани ба хоку хун оғӯштаро аз чанголи амаки золимам раҳо намуд.
Шаб ба бибиҷонам гуфтам, ки дигар ба дарс намеравам, чунки таънаву писханди ҳамсинфон дар ҷонам задаст. Гапам дар даҳонам нимкола монда буд, ки падарам бо доду фарёд ба ҳавлӣ даромад. Чизе аз даҳонаш мебаромад, мегуфт. Амакам бо чашмони хунгирифта ба падарам дарафтода, кашолакунон ӯро ба хона даровард.
Давом дорад