arzon replenishment
ҚОТИЛОНИ ТАКСИСТ БА 34 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДАНД
2685


Таксӣ солҳои охир ба дастёри бе миннати мардуми тоҷик мубаддал гаштааст. Ҳамарӯза садҳо одамон аз хизмати бе миннати ронандагони таксӣ истифода бурда, сари вақт ба манзили мақсуди хеш мерасанд, вале баъзе мусофирони кӯрдилу ҷоҳил ба мисли ҳамон море, ки баъди аз оташ наҷот ёфтан ба наҷотдиҳандаи худ дарафтода, ӯро бераҳмона неш мезанад, ба ҷойи раҳмат гуфтан қасди ҷони ронандагони бегуноҳ менамоянд.

Суди олии Тоҷикистон ду мусофири золимро дар қатли як ронандаи таксӣ гунаҳкор дониста ба 34-соли зиндон маҳкум намуд.

Зиёдуллоев Аъзамҷон Азимович ва ноболиғ Раҳматов Х. Ҳ бо ҳам қарин ва дӯсту шно буданд. Азбаски ҳарду думболи ягон кору амали суднокро дар зиндагӣ намегирифтанд, ба гирдоби қарз ғӯтида чи тавр аз он раҳоӣ ёфтанашнро намедонистанд. Ин ду ҷавони беандеша бо ҳам маслиҳат карданд, ки ягон ронандаи таксиро ба қатл расонида, пулҳои ӯро соҳиб мешаванд ва мушкили худро сон мекунанд. Бо ҳамин мақсад нақшаи нопоки ҷинояткорона кашида, пешакӣ олотҳои содиркунии ҷиноят- 1 адад корди кисагии қатшаванда, 2 ҷуфт дастпӯшакҳои тиббӣ ва барои бӯғӣ кардан сими пӯлодӣ хариданд.
Шаби 9-уми декабри соли 2020 ин ду ҷавони сиёҳдилу бадкирдор дар истгоҳи тарабхонаи “Муждаи Васл”, воқеъ дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода бо ҳам вохӯрданд ва тибқи маслиҳати пешакиашн як мошини тамғаи “Тико”-ро киро намуда, аз ронанда Шукуров М.М. хоҳиш карданд, ки бар ивази 50 сомонӣ онҳоро то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистан, ки ҷойи хилват ва барои содир кардани куштор қулай буд, бурда расонад.

Ронанда ғофил аз мақсади нопоки ин мусофирони ҷиноятпеша розигӣ дод ва қотилонашро ба мошин савор карда, ба ҳамон самт равон шуд. Бо хоҳиши Зиёдуллоев А.А. ронанда автомашинаро аз шоҳроҳ ба самти деҳаи С.Раҷабов гардонд, вале тахминан баъди 200-300 метр масофаро тай кардан мусофирон дар ҷои торикӣ автомашинаро манъ карданд. Раҳматов Х.Ҳ. барои ҷалб кардани диққати ронанда ба Шукуров М.М. як 200 сомонаро дарз намуд ва хоҳиш кард, ки ҳаққи хизматрасониро гирифта, бақияи пулро диҳад. Ронанда нияти бади мусофиронро пай набурда, аз киссааш пул баровард. Бо шумурдани пул овора будани ронандаро дида, Аъзамҷон Зиёдуллев мисли даррандаи ваҳшӣ якбора ба ҳуҷум гузашт ва симро ба гардани ӯ андохта, бӯғӣ кардан гирифт. Ронанда муқобилият нишон дода, бо талвосаи зиёд кӯшиш мекард, ки ҳалқаро аз гарданаш раҳо кунад, вале ҷинояткори дуюм Раҳматов Х.Ҳ. бо корди дар дасташ буда, аввал ба cap ва гардани Шукуров М.М.ду маротиба зарба зада, баъдан боз 15 бори дигар ба узвҳои гуногуни таксист корд зад, вале бо ин ҳама ҷароҳат ронанда ҳанӯз ҷон дар рамақ дошт ва барои зинда мондан мубориза мебурд.
Аъзамҷон ба мисли қассоби бераҳм аз ин талвосаи ронандаи сахтҷон ба ғазаб ғазаб омада, ба Раҳматов амр крад, ки гардани таксистро бо корд бурад, аммо бо сабаби ҳанӯз ноблиғ буданаш шарикаш аз ӯҳдаи ин кор ҳеҷ намебаромад. Зиёдуллоев А.А. бо бераҳмии махсус симеро, ки бо он гардани Шукуров М.М.-ро буғӣ карда истода буд, сахт кашида дар тагсараки курсии ҷойи нишасти ронанда тоб дода баст, баъд аз мошин фаромада, кордро аз дасти Раҳматов гирифт ва бо як зарбаи нишонрас хирной, сурхруда ва рагҳои гардани Шукуровро бурида, таксистро ба ҳалокат расонд.

Баъди содир кардани ин ҷинояти ваҳшиёна ин ду гурги одамсурат аз кисаи шими ронанда 237 сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамгаи «Самсунг»-ро, ки тахминан 3000 сомонӣ арзиш дошт, гирифтанд ва бо мақсади барои пинҳон кардани ҷинояти худ ҷасади ронанда Шукуров М.М.-ро аз автомашина бароварда, ба ҷуйбори обгузари канори роҳи автомобилгард партофтанд. Қотилон гӯё ягон ҳодиса рӯй надода бошад, ба мошини нишаста, онро ба самти маркази шаҳри Турсунзода ронданд, вале дар километри 61-ум ба садама дучор гашта, мошинро ба ҷӯйбор якпаҳлу чаппа карданду аз он ҷой ғайб заданд, аммо...

Дар дунё ягон сирре нетс, ки абадан пӯшида монад. Амали ваҳшиёнаи ин ду ҷавон низ аз назари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон намонд ва қотилн ба чанг афтоданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД