Касофати дурўғ
Ман дар ҳолати шок қарор доштаму ҳеҷ сарфаҳм намерафтам, ки ин хоб аст, ё бедорӣ. Оқибат, духтур моро даъват карду гуфт:
- Аз байи ҳамин чор нафар танҳо апаи шумо ҷароҳати кам бардоштааст. Як ҷароҳат, вале корию марговар.
Апааам ҳамон гуна зебову тозаву тар, гўё механдид, ҳеҷ бовар надоштам, ки ў мурдааст. Аз гуфтаҳои духтур бармеомад, ки ҳангоми ҷар шудани мошин сари апаам ба дар задаасту оҳане ба гўшаш даромада, мағзи сарашро шикофтааст.
Мо ҷасади апаи ҷавонмаргамро, ки чилу шаш сол дошт, ба хонааш овардем. Ҳарчанд акаи калониям ба акаи хурдиям ва шавҳари ман мегуфт, ки язнаам мурдаи апаамро қабул нахоҳад кард, аммо шавҳари ман боқаҳр фарёд зад:
- Ака! Ин занак биступанҷ сол боз хона обод кардааст, ўро куҷо барем?! Ў дар ин шаҳр як не, ду-се хона дорад, язнаат барои кадом гуноҳаш ўро ба хонаи худаш роҳ намедиҳад?!
Дигар то хонаи апаам ҳама хомўш будем. Чун пушти дарвозаи нақшини апаам расидем, шавҳарам аз мошин фаромада, занги дарро пахш кард. Язнаам дарвозаро кушода, ба ҷойи салому алейк гуфт:
- Чӣ мехоҳӣ?!
Шавҳарам “ака, мо мурдаи занатонро овардем” гуфта, хост дарвозаро калон кушояд, аммо язнаам дасти ўро гирифта, назди мошин оварда, бо овози баланд фарёд зад:
- Баред мурдаи ҳаромаша, кӣ медонад ў дар он пуштаву тал ба чӣ кор машғул буд, ман мурдаи наҳси ҳароми ўро ба хонаи ҳалолам роҳ нахоҳам дод!
Намедонам кор бо чӣ меанҷомид, вале ронандаи ёрии таъҷилие, ки ҷасади апаам дар он буд, язнаамро аз дараш дарун карду мо роҳ пеш гирифтем ба сўйи хонаи падарӣ…
Рўзи сиёҳ
Падару модари бечораам аз марги духтари меҳрубонашон беҳушу беёд афтоданд. Болои сари пиру кампир ду духтур се шабу се рўз истода, онҳоро каме ба худ оварданд. Падари мўйсафедам ҳеҷ бовар кардан намехост, ки духтари ў бе пурсиши шавҳараш ба ким-кадом пуштаву ёла рафта бошаду ба ҳафт пушти язнаам лаънат мехонд. Модарам бошад, пичиррос мезаду худ ба худ навҳа мекард: “Гуфта будам-а, ин корат хуб нест! Оҳ, нодони оча, духтари хонадори бехонаи оча, духтари хушбахту бадбахти оча, дар мурдаҳаки саргардонат очат мура, духтар!…”.
Пас аз додани чили апаам писараш аз хориҷа баргашта, ҳамроҳи хизматгорашон Фотима-хола мисли бегонаҳо омада, фотиҳа хонда, рафт. Намедонам, язнаам ба гўши писари азизу ягонаи апаам чӣ хондааст, ки ў ҳатто дар бораи модараш як даҳон гап назад. Бо ҳамин, пайи қадамаш аз хонаи мо канда шуд, дар ин байн, падару модарам сад доғ дар ҷигар оламро падруд гуфтанд. Язнаам, ки онҳоро отаву оча меномид, ҳатто барои таъзия наомад, писари апаам низ…
Асрори чор дугона
Ман хуб медонам, ки апаам зани боиффат буду ҳеҷ гоҳ ба шавҳараш хиёнат накарда, ҳатто ҳамон соли аз дунё гузаштанаш ҳамроҳи шавҳарам ба Фахробод рафта, якта-якта ба сўйи хаймаҳои мавсимӣ рафта, сурати чор дугонаро ба соҳибони ин хаймаҳо нишон дода пурсидам, ки инҳоро мешиносед? Ҷавонмарде гуфт, ки “бале ин апаҳо мизоҷони ман буданду соле се-чор бор хочхўрӣ меомаданд. Аз як шинос фаҳмидам, ки як моҳ пеш низ омада буданд, вале дар бозгашт ба садамма дучор шуда, ба ҳалокат расиданд”.
Ман саргузашти апаамро ба он ҷавон нақл карда, ўро ба тамоми муқадассоти олам қасам додам, ки росташро бигўяд, оё инҳо ягон бор ҳамроҳи мардон меомаданд?! Соҳиби хаймаи мавсимӣ бо хонаву дару фарзандонаш қасам хӯрд, ки ягон бор инҳоро ҳамроҳи мардон надидааст.
- Апаи шумо ҳар омаданаш барои шавҳарам гўён, се-чор кило хоч ҳам мехарид,- бо нигоҳи маҳзун гуфт ҷавонмард.
Ҳамкорони апаам низ, ҳамагӣ шавҳару хонаву дар доштаанд, шавҳарони онҳо ҳам аз хочхўрӣ рафтани занҳояшон бехабар буданд, вале ҳеҷ кадоме мурдаи занашро аз дар берун накард. Онҳо барои набаромадани гапи зиёдатӣ гуфтаанд, ки ҳангоми бозгашт аз сафари хидматӣ, ба садама гирифтор шудаанд.
Инак, аз марги апаам чор сол сипарӣ мешавад. Биёр хостам сарнавишти талхи апаи сиёҳпичаамро рўйи коғаз биёрам. Бошад, ки он ба дигар занон дарси ибрат гардад…
ЗУЛАЙХО
Таснифи Нисо ХОЛИД