-Кадом ишқ?! Кадом муҳаббат?! Асли гапро нафаҳмида, ба ман туҳмат назанед! Аввал пурсед, ки бобои Мирзо, туро чӣ дард расидааст, ки дар ин бевақтӣ ба хонаи мардум омадӣ? Бо ин духтар чӣ кор дорӣ...
Ин дам писари Мирзо-амак Муродҷон ва ҳамсараш Гулбаҳор-хола расида омаданд. Муродҷон аз кифти падараш дошта, бо сари хам пичиррос зад: “Дадаҷон, гуфтам, ки наравед, он духтари шаттоҳ гуноҳашро ба гардан нагирифта, баръакс худи шуморо гунаҳкор мекунад, вале ба гапам гӯш накардед. Кинои бе пул нишони додан ба мардум чӣ лозим буд. Дар назди ҳаққу ҳамсоя обрӯямон дупул шуд...”
-Писарам, агар ягон айбу ягон гуноҳ медоштам, шояд ин қадар ба ман алам намекард, вале дардам мекунад, ки муш барин духтар, дар дами пирӣ бо гапҳои дурӯғаш маро туҳмат карда, дар назди аҳли оилаам шармандаю сархам кард,-мӯйсафед дигар худро дошта натавониста, гиря кард.
-Як лаҳза истед, канӣ таги гапро фаҳмем. Мирзобой, кани худат гӯй, барои чӣ ту дар ин намози шом ба сари инҳо омадӣ,-ба сӯйи Офатмоҳ ва модараш ишорат кард Раҷаббой.
-Офатмоҳ ба хонаи мо рафта, ба модарам гуфтааст, ки падарам дар болои ӯ зани дуюм гирифтааст,-ба ҷойи Мирзоамак асли ҳодисаро фаҳмонд писараш Муродҷон.
-Туҳмат! Туҳмат мекунанд! Духтари ман ба ин пирхар чӣ кор дорад?! Зан мегирад, намегирад, худаш медонаду дави аспаш,-бидиррос зад зани кали Ҳасан.
-Касе духтари туро туҳмат накардааст. Духтарат ҳамин саҳар ба хонаи мо омад “шӯятон дар болои шумо зани дуюм гирифтааст” гӯён, қасам хӯрд, ки зани нави шавҳарамро бо чашми худаш дидааст,-базӯр хашмашро нигоҳ дошт Гулбаҳор-хола.
-Нагуфтаам. Ба номи Аллоҳ қасам, чизе нагуфтаам. Қасам мехӯрам, ки ман ба ин занак чизе нагуфтаам. Инҳо хешамон набошанд, таборамон набошанд, охир ман дар хонаи инҳо чӣ кор дорам, ки...
-Ба номи Алолоҳ қасам нахӯр, ки кӯр мешавӣ?! Магар ҳамин ту набудӣ, ки бо пойи худат ба хонаи ман омада “холаи Гулбаҳор, шӯят дар болоят зан гирифтааст. Дина зани қоқи сиёҳашро ба хонаи апаи ман хонахарӣ овард. Дар сари дасташ кӯдаки яксола-якунимсолае буд. Бачааш мисли як себи дукафон ба писарҳову набераҳои шумо монанд, ба фикрам ҳамон кӯдакаш аз амаки Мирзо аст ”гуфтӣ?!-ба зарда гуфт Гулбаҳор-хола.
Якбора қоҳ-қоҳзанон хандидани Шафқат ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Мардум ҳайрон-ҳайрон ба ин ҷавони тануманд менигаристанд, ки чаро ӯ дар чунин лаҳзаи фоҷиабор механдад.
-Аниқ ҳамон занеро дар назар дорӣ, ки ҳамроҳи амаки Мирзо хонаи апаат хонахарӣ омада буд?! Ту гумон кардӣ, ки он зан зани дуюми Бобои Мирзо аст ва кӯдакаш ҳам аз мӯйсафед аст?! –аз ханда қариб рӯдакан шуда пурсид Шафқат аз Офатмоҳ.
Офатмоҳ суп-сурх шуда, сарашро хам кард.
-Ту дар ҳақиқат девона будаӣ-ку духтар?! Мирзо-амак ҳатто кӣ будани он ҷавонзанро намедонад,-гуфт Шафқат ва ба Гулбаҳорхола нигариста ҳамчунон бо ханда гуфт:
-Ва шумо холаи Гулбаҳор “ту зани ҷавон гирифтӣ” гуфта, мӯйсафеди бечораро хуб истинтоқ кардед-а?!
-Истинтоқ ҳам гап шуд, кам монда буд, ки ҷомаамро ба дастам дода, дар дами пирӣ аз хона берунам кунад,-ба ҷойи ҳамсараш ҷавоб дод Мирзо-амак.
Шафқат рост ба чашмони Гулбаҳор-хола нигариста гуфт:
-Холаи Гулбаҳор, дилатон пур бошад, он зане, ки Офатмоҳ зани дуюми амаки Мирзо гумон кардааст, дар асл апаи як дӯсти ман аст. Ман ба вай гуфтам, ки духтари як ҳамсояамон хонаашро фурӯхта истодааст ва ӯро ба хонаи апаи Офатмоҳ бурданӣ шудам, вале якбора як кори зарур баромад ва маҷбур шудам, ки дар саргаҳи деҳа ӯро аз мошин фарорам. Ҳамин вақт чашмам ба амаки Мирзо афтид ва ба апаи дӯстам гуфтам, ки ана он мӯйсафедро мебинед, бисёр одами хуб аст, хоҳиш кунед, хонаи фурӯширо ба шумо нишон медиҳад.
-Эй хайрияте, як бори вазнин аз китфам афтид. Раҳмат писарам, ҳазор раҳмат. Намедонистам чӣ тавр бегуноҳиамро исбот кунам, агар ту ҳақиқати ҳолро намегуфтӣ, аниқ дар дами пирӣ хонавайрон ва рӯсиёҳу шарманда мешудам. Зану фарзандонам дар ду дунё бовар намекарданд, ки ман он занро намешиносам ва бо ӯ коре надорам,-Мирзо-амак нафаси сабук кашид.
Гулбаҳор-хола шарм дошта, нигоҳашро аз мӯйсафедаш мегурезонд.
-Духтар нашуда раве, наход таги гапро нафаҳмида, шӯри қиёмат барпо кунӣ. Кам монда буд, ки дар дами пирӣ ин мардаки бечораро бо гапҳои дурӯғат хонавайрон кунӣ,-бо нафрат ба Офатмоҳ нигарист кампири Марзия.
-Ин қадар духтари маро сарзаниш накунед, охир вай аз куҷо медонад, ки он зан дар асл як роҳгузар асту халос. Ҳардуяшон якҷоя хонахарӣ, ки омадаанд, гумон кардааст, ки зани дуюми мӯйсафед аст...
-Занаки беақл, дамата гир! Ба ҷойи тарафгирӣ кардан духтаратро насиҳат кун, охир ин бори якум нест, ки аз рӯйи ҳамин Офатмоҳи шайтон байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷол сар зада, шармандагию хонавайронӣ мешавад. Духтари шаттоҳу туҳматчии ту даҳҳо хонаро вайрон кардааст. Дониста мон, ҳар чӣ коридӣ, ҳамонро медаравӣ. Пагоҳ духтари ту ҳам шавҳар мекунад ва ҳамин рӯзҳо ба сари худатон омада, заҳри талхашро мечашед,-ба даҳони зани кали Ҳасан зада гуфт кампири Марзия.
-Эй ин очаю духтари шаттоҳ садқаи гап шаванд. Дар урфият беҳуда “модар чӣ гуна, духтар намуна” нагуфтаанд, Офатмоҳ ба модараш рафтааст. Биёед аз хонаи ин касофатҳо тезтар равем,-гуфт яке аз занҳо, ки чанде пеш Офатмоҳ ӯро ҳам бо шавҳараш ҷанг андохта, қариб хонавайрон карда буд.
Ҳамсояҳо як-як аз дарвозаи кали Ҳасан баромаданд. Гулбаҳор-Хола низ бо сари хам ба мӯйсафедаш нигоҳ карда, зери лаб пичиррос зад: “Мардак, мебахшед, ки мани сода ба гапҳои ин духтари шаттоҳ бовар карда, дилатонро сахт озор додам. Биёед ба хона равем, фарзандон ва келину набераҳоямон моро интизоранд ”
Мирзо-амак бо аломати ризо сар ҷунбонд ва зану шавҳари солхӯрда оҳиста-оҳиста қадам зада, ҷониби хонаашон равон шуданд...