Соли 2007 дар Сакраменто озмуне таҳти унвони "Hold Your Wee for a Wii" баргузор гардид, ки тарҷумааш "Тоқат куну соҳиби дастгоҳи бозии Wii шав" аст. Мувофиқи шартҳои озмун иштирокчиён бояд ҳарчи бештар об нӯшида тоқат мекарданду ба ҳоҷатхона намерафтанд.
Ба нафаре, ки аз ҳама зиёдтар тоқат мекунад, ташкилкунандагони озмун дастгоҳи бозии Nintendo Wii ваъда карда буданд, ки 250 доллар арзиш дошт. Баъди анҷоми озмун яке аз иштирокчиён Ҷенифер Стрэнҷ ба хонааш омада вафот мекунад. Сабаби марги ӯро табибон "заҳролудшавӣ аз об" номидаанд. Ба ҳамин ҳодиса монанд қурбони чунин аҳмақӣ Мэттю Каррингтони 21-сола, донишҷӯи Донишкадаи Чико дар Калифорния гаштааст. Ин мард шарт карда зарфи 22-литраи обро нӯшидааст. Вақте дӯстонаш мошини ёрии таъҷилиро даъват карданд, аллакай дер шуда буд.
Бо забони илмӣ заҳролудшавӣ аз обро гипонатриемия меноманд. Ҳангоми гипонатриемия ба организм оби зиёд ворид гашта, боиси пастшавии ионҳои натрий дар хун мешавад.