arzon replenishment
Ҳоҳарон: Бародарам ва модарам гузаштанд, акнун навбати мост?
3321

 

Бародарам панҷ сол пеш дар синни 20 солагӣ аз бемории саратон аз олам даргузашта буд. Сӯзу алами писари ҷавонмаргаш модарамро ҳам ба ин дарди бедаво гирифтор намуд.Баъди як соли марги бародарам очаҷонам ормонҳояшро бо худ ба зери хоки сард бурд. Падарам барои бесоҳиб намондани ману хоҳарам зан гирифт.

Моиндарамон аз рӯзи аввали ба остонаи хонаи мо қадам ниҳоданаш чуғз барин шабу рӯз як гапро такрор мекунад: “Саратон барои шумоён касалии авлодӣ будааст. Модару акаатон аз ин касалӣ мурдаанд, ягон рӯз ин дарди қаттол шуморо ҳам мекушад!” Чанд маротиба хоҳарам ба даҳони ин зани бадният заданӣ шуда гуфт: “Апа, рӯзу насиби онҳо ҳамин қадар будааст. Мо-ку касал нестем, барои чӣ шумо зоғ барин нияти бад мекунед?!” Моиндарам дар ҷавоб абрӯ парронда мегӯяд: “Ту тирмизак намедонӣ, ки саратон аз насл ба насл мегузарад. Ин касалӣ дар хунатон ҳаст, хоҳ-нохоҳ 20- сола, ки шудед, ин дунёро падруд мегӯед. Падаратон аллакай кам-кам хун мепартояд. Ба фикрам вай пеш аз шумо рахти сафар мебандад.


ВИЛОЯТИ СУҒД: АБДУМАВЛОН ЗАНАШРО БӮҒӢ КАРДА КУШТ


Ҳамаатонро, ки гӯру чӯб кардам, ин хонаву дар ба ман мемонад, ана он вақт маза карда зиндагӣ мекунам...” Суханони даҳшатноки ин зани серҷоғ асабҳои моро хароб намудааст, на шаб хоб дорему на рӯз ором. Борҳо хостем ба духтур муроҷиат намоем, вале боз ҷуръат накардем. Метарсем, ки табибон гапҳои моиндарамонро тасдиқ мекунанд ва зиндагии бе ин ҳам бемаънии мо ба шаби тори ғам табдил меёбад.
Донистан мехоҳем, ки оё саратон дар ҳақиқат касалии авлодӣ аст? Илтимос, ба мо, хоҳарон маслиҳат диҳед, чӣ кор кунем?

Р/С
Хоҳари азиз! Ба гапи моиндаратон бовар карда, худро мубталои ғам насозед. Ин зани айёр бо ҳамин роҳ дили шуморо аз зиндагӣ хунук кардан мехоҳад. Барои таскини дилатон як маротиба ба назди духтур равед, боварӣ дорем, ки шумо солим мебароед. Саратон аслан касалии авлодӣ нест, он ки ҳам модар ва ҳам бародари шумо аз ҳамин беморӣ вафот кардаанд, танҳо як тасодуфи талх асту халос.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД