Бахти дуввум
Чор соли дароз ғайр аз роҳи мактабу роҳи хона дигар роҳеро намедонистам. Хостгорҳо низ буданд, аммо дилам аз ҳама чиз сард буд, мехостам ин даъфа бо ишқу муҳаббат хонадор шавам ва Худованд оҳамро шунид.
Акнун, дар вазифаи директори мактаб кор мекардаму як шоми зимистонӣ аз маркази ноҳия, аз маҷлис баромадаму то деҳа дигар мошин наёфтам. Автобус низ, рафта буд. Аз истгоҳи автобус ноумед роҳ ба сўйи хонаи духтари холаам, ки дар маркази ноҳия зиндагӣ мекард, пеш гирифтам. Ҳамин вақт «Волга»-и сиёҳи зебое наздам қарор гирифта, пурсид: “Хонум сафарҳо ба хайр?”.
Ман Назар - корманди ҳукумати ноҳияро шинохтам, салом додаму гуфтам, ки автобус рафтааст, таксӣ ҳам нест, акнун ба хонаи хоҳарам мераваму фардо ба деҳа. Назар бо меҳрубонӣ гуфт: “Агар хоҳед ман шуморо ба деҳа бурда мемонам, боз ба шумо гапам буд...”
Ман мондаю гурусна будам, ва ҳар чӣ зудтар ба хона рафтан мехостам, боз Назарро мешинохтам, гоҳ-гоҳ дар маҷлисҳо вомехўрдем, аз ин рў дари қафои мошинро кушода нишастам. Дар роҳ аз гап гап баромаду Назар гуфт, ки занаш аз бемории саратон оламро падруд гуфтаасту мехоҳад хонадор шавад. Як духтару як писар дорам, онҳоро кампири модарам нигоҳубин мекунад, дар ҳавлии калон бо як сари қоқам чӣ ҳам мекардам. Ҳамин тавр, сўҳбати мо гарм шуду баъди як моҳ ман бо розигии волидайн, бори дуввум шавҳар кардам.
Имтиҳони зиндагӣ
Зиндагиям бо Назар хеле гуворо мегузашт, дар ҳавлии зебову муҷаҳхаз ду нафар зиндагӣ мекардем, фарзандони шавҳарам бо падару модараш дар кўчаи дигар зиндагӣ мекарданду гоҳ-гоҳ чун меҳмон ба хонаи мо меомаданд. Назар дар оила писари ягона буду волидайнаш набераҳояшонро гул барин нигоҳ мекарданд. Баъди як соли зиндагии якҷояаамон ман соҳиби духтарча шудам, хурсандии моро ҳадду канор набуд. Зеро ману шавҳарам ҳамдигарро зиёд дўст медоштем. Духтаракам рўз ба рўз ҷон гирифтаву хандонрў мешуд, ману падараш дар атрофаш парвонавор давр мезадем.
Аммо хурсандии мо дер давом накард, духтаракам ба бемории бедавое печида, дар як шабонарўз мисли шамъ сўхтаву пеши назарамон об шуд. Рўзи марги духтараки ғурамаргам сарамро ба сангҳо мезадам, мегиристам, нола мекардам, аммо замин сахт буду осмон баланд. Тақдирро тадбир набуд. Пас аз як соли марги духтарам шавҳарам ба бемории сафедпўстӣ гирифтор шуда, тамоми баданаш сап-сафед шуд. Як марди зебои чорпаҳлўи хушсухан, акнун кунҷи хонаро ихтиёр карда, буду бо касе гап намезад.
Ман дар мактаби наздикии хона кор карда, бори зиндагӣ мекашидам, шабҳои дароз болиштамро аз оби дида тар карда, аз Худованд мадад металабидам…
Оқибати ношукрӣ
Солҳо чун турнаҳо аз самои умри мо мегузаштанду мерафтанд, падару модарам аз дунё гузаштанд. Хусуру хушдоманам низ, фарзандони шавҳарам оиладор шуданду ҳар кадом аз пайи зиндагии хеш буданд. Бо мо калон нашуда буданд, аз ин рў меҳре надоштанду мисли меҳмон омада, як- ду соат истода мерафтанд. Шавҳарам ба беморияш тан дода, ба кирокашӣ машғул шуд, акнун ман бо пули омўзгорию ў бо пулӣ кироякашияш зиндагиямонро пеш мебурдем. Писари шавҳарам барои падараш мошини наве харида дода, бо ҳамин, қарзи фарзандияшоро дар назди ў иҷрошуда меҳисобид. Худованд дигар ба ман фарзанд надод…
Имрўз, нафақахўрам, дарди миён азобам медиҳад, ва ба зӯр роҳ мегардам. Зиндагиро як бало карда, пеш мебарем, аммо азоби танҳоӣ диламро пора месозад. Ҳар гоҳе ба деҳа ба хабаргирии наздиконам равам, мешунавам, ки зани Сафо барои ў шаш писар таваллуд кардааст. Сафо, имрўз марди бадавлат, ҳоҷӣ аст. Дили ман акунун ба ёди писараки аёми ҷавониям ба чанги хок додаам месўзад. Доим андешаҳоям атрофи ў пар мезанад, агар Вафоҷони ман зинда мебуд, имрўз, ман соҳиби келину набера мебудаму чунин хорӣ намекашидам.
Ин ҳама азобҳоям оқибати ношукриҳоям аст, беҳуда нагуфтаанд, ки Худованд шокиронро дўст медорад!
Мақсади навиштани нома танҳо додани ҳушдор ба он нафаронест, ки бо додаи Худои бузург шукрона намекунад…
Бо эҳтиром, НАЗОКАТ
Таснифи Нисо ХОЛИД