formula feb 2025
Ношукрӣ сияҳбахтам кард… (ҚИСМИ 1)
1620

Духтари раис

Ман дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам, бале зиёӣ, агарчи падарам деҳқон, раиси як хоҷагии машҳур бошад ҳам, марди фарҳангию бамаърифат буданд. Модарам низ…

Модарам ҳазорон байт аз гузаштагонамон азёд медонистанд, мо шаш фарзандашонро ба ғазалҳои бузургон панд медоданд. 

Дар муҳити бисёр фарҳангии оилаамон мо чор писару ду духтар меҳрабону озода, ва сухандон ба воя расидем. Бародаронам дар кадом ҷодае заҳмат кашанд ҳам, ҳамеша китоб мехонданду шахсони огоҳ аз илму дониш буданд. Дар хонаи мо ҳамеша атрофи ин ё он асари наву шеъри хубе баҳс барпо мегашт. Кинофилмҳои навро низ, якҷоя тамошо карда, онро байни ҳам муҳокима мекардем, хулоса як муҳити хуби фарҳангӣ дар хонаводаамон муҳайё буд.

Апаам духтур ва ман муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик шуда кор мекардем. Падарам шахси ниҳоят ҷиддӣ ва ҳалолкор буданд, ва моро низ, ба ҳалолхӯрию дасти пок доштан даъват мекарданд, мо ҳеҷ гоҳ аз фарзанди раис буданамон ифтихор намекардем. Баробари дигарон кору зиндагӣ мекардем.

Вазири падар

Падарам марди босалобату сиёсатдор бошанд ҳам, дар ҳама кор бо модарам маслиҳат мекарданд. Он кас шӯхиомез модарамро вазири ман мегуфтанд. Хоса, сарриштаи масъали издивоҷи фарзандон пурра дар дасти модарам буд. Чор бародарам маҳз аз рўйи маслиҳати модарам хонадор шудаанд. Шумо гумон накунед, ки модарам ду пояшро ба як мўза тиқонда, хоҳӣ-нахоҳӣ арўси ёфтаи маро мегирӣ, гуфта, онҳоро маҷбур мекарданд. Не! Аммо арўсро худашон меёфтанду баъд, бародаронам духтарро дидаву санҷида, бо вай хонадор мешуданд. Апаам низ, баъди хатми омўзишгоҳи тиббӣ бо роҳбаладии модарам ба ҷавони ҳамдеҳаамон расида, зиндагии хуб дошт. Навбати ман ҳам расид, ман тамоми хостгорҳоро рад карда гуфтам, ки то донишгоҳро тамом накунам дар бораи шавҳар, ҳатто фикр намекунам. Модарам андешаманд гуфт: “Донигоҳро хатм кардӣ, синну солат меравад, ба ин хел духтар кам хостгор мебарояд. Аммо ман дар ақидаам устувор истодаму бародари калониям низ, маро тарафдорӣ кард. Умр чун оби равон мегузарад, дар як мижа задан панҷ соли тиллоии донишҷўйи ҳам, гузашт. Ман дар мактаби деҳаамон ба ҳайси муаллима ба кор даромадам, часпу талош ва дарсгузарониямро дида, маро баъди як сол ҷонишини директори мактаб таъин карданд. Хостгорҳо ҳамоно меомаданду мерафтанд, ман касеро дўст намедоштам, ва ҷавонони талабгор низ, маҳқулам набуданд. Падару модарам маслиҳат карданд, ки аз байни талабгорони ман худашон шахси арзандаро пайдо мекунаду маро ба шавҳар медиҳанд….

Домоди арзанда

Соли дуввуми кориям домоди арзанда низ, пайдо гашт, ў як хеши дури модарам буд, ки дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекарданд. Сафо донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм карда, дар ҳукумати ноҳия ба ҳайси муҳосиб кор мекард. Вай ҷавони қоматбаланду зебо, боақл маданӣ, вале мисли зангиҳо сип-сиёҳ буд. Падару модар ва бародаронам ба хостгорон розигияшонро баён карданд, вале ман зор-зор мегиристам, ки ба Сафои сиёҳ намерасам. Падарам хомўш ба модарам менигарист, модарам бошад бо овози баланд гуфт: - “Мерасӣ, мемурию мерасӣ! Сафо аз оилаи хуб, худаш низ, ҷавони боақлу болобалани зебост. Сиёҳӣ ин айб нест, баъд кӣ гуфта, ки мард бояд мисли занон сап-сафед бошад?!”

Хулоса, ба нею нестони ман нигоҳ накарда, пайвандонам маъракаҳои пеш аз тўйро гузарониданд. Дар ҷойи корам ҳама маро табрику таҳният мегуфтанд, ки ба чунин ҷавони сазовор ба шавҳар мебароям. Аммо дилам сип-сиёҳ буд, Сафоро намехостам!

Волидони Сафо тўйи ҳамон замонҳо машҳури «комсомолӣ» гузаронида, маро бо сад ҳавас арўс карда, ба хонаашон бурданд. Аммо дили ман хурсанд набуд.

(Давом дорад)

Бо эҳтиром, НАЗОКАТ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД