Sebiston new 2024 october
Номард нестам
2223

 

Инсон дар тӯли ҳаёташ дӯстони зиёд меёбад ва аз онҳо бо сабабе ҷудо мешавад ё то охир ба ҳам қарин мемонанд. Пос доштани дӯстӣ осон нест, барои ин дилу нияти пок, имону виҷдон ва ақлу тамиз бояд дошт…

Дар хонаводаи мо бо як кас дӯст шаванд, дӯстиро то охир пос медоранду ин рисолатро иҷро мекунанд. Раҳматии падарам як рафиқ доштанд, бо ӯ мисли бародар буданду мо амакияш мегуфтем, имрӯз онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, вале мо бо фарзандони он кас мисли хешу табори наздики наздикем. Ҳатто аммаву амакҳоям низ бо хонаводаи онҳо муносибатҳои ҳасана доранд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки фарзанд ҳамон корро мекунад, ки дар хонаводааш дидааст ва ба волидони худ тақлид мекунад. Ман аз хурдӣ бо писари ҳамсояамон ҷӯра будам, бо тақозои қисмат ман ба пойтахт барои хондан омадаму ӯ дар деҳа монд. Имрӯз ӯ дар қишлоқ дӯкони хурди гӯштфурӯшӣ кушодааст.

Ҳар гоҳе ба деҳа равам, аввал ба хонаи онҳо меравам, модараш гӯё бачааш омада бошад, тамоми дороияшро болои дастархон мегузорад. Аз ин моҳ ба он моҳ ҳангоми аз шаҳр рафтани ман бароям қайлаву мағзу мавизу ҳалво руст карда мемонад.

Ҳарчанд ман ҳам мехонаму ҳам кор мекунам, дар пойтахт падарам бароям хона харидаасту азоби иҷоранишинӣ намекашам, падари ҷӯраам, гоҳ худаш ҳар рафтанам “ту донишҷӯӣ” гӯён, ба дастам як миқдор маблағ медиҳанд, барои хафа нашуданашон мегираму ҳар дафъа аз шаҳр ягон тӯҳфа харида мебарам.

Ҳамин рафиқамро вақте мегӯянд, ки “биё хоҳари Афсарро бароят хостгорӣ кунем”, мегӯяд, ки “хоҳари рафиқам барои ман ҳам хоҳар мешавад. Ҳар гоҳе хонаашон мерафтам, ӯ акаҷон гӯён, бо ман сӯҳбат мекард, чӣ гуна ман бо хоҳарам хонадор мешавам?!”

Вақте падарам ин гапи ҷӯраамро шунид, ӯро ҷавонмард номид, ҳарчанд модарам бо ҷон мехост, ки як ҷавони хуб домодаш бошад, аммо қиссае, ки ман мехоҳам, ин ҷо биёрам, тамоман дигар аст…

Дар донишгоҳ аз рӯзҳои аввали дарс бо Фирӯз ошно шудам, онҳо дар як ноҳияи наздик ба пойтахт зиндагӣ мекунанд. Ростӣ, дар чор соли хонданамон бисёр ба хонаашон мерафтам. Ӯ як апаву як хоҳар дошт, хоҳараш мактаб мехонду апааш дар ҳамсоягиашон шавҳар дошт ва маро ҷӯраи додарам гӯён, бисёр дӯст медошт.

Падару модараш ҳам маро мисли фарзанди худашон медонистанд ва ҳамеша аз Фирӯз хоҳиш мекарданд то рӯзҳои истироҳатӣ маро бо худаш хонаашон барад. Баъд бародари маро хонадор карданду онҳо ҳама ба деҳаи дурдасти мо ба тӯй рафтанд. Хулоса, мо дӯстони ҷонӣ будем ва мондем…

Донишгоҳро хатм кардему ман дар пойтахт кори хубе ёфта, онҷо мондам, падару модарам мехостанд маро хонадор кунанд, аммо ман гуфтам, ки то як- ду сол кор карда, ба поям рост наистам, зан намегирам. Волидони ман моро ҳеҷ гоҳ саросемаву маҷбур намекунанд ва ба ман ҳам иҷозат доданд, ки кай хоҳам бо хоҳиши худам издивоҷ кунам, лекин бо як шарт: Келинро онҳо низ бояд бубинанд бо аҳлу авлодаш шинос шаванд ва баъди ба натиҷае омдан, ба хостгорӣ мераванд. Ман медонам, ки ҳарфи волидон дар хонаводаи мо қонун аст, аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба мо фишор намеоранд, аз ин рӯ, розӣ шудам.

Дар ин миён Фирӯз зан гирифт, ман дар тамоми маъракаҳояшон ӯро ҳамроҳӣ мекардам. Арӯс дӯстдоштаи Фирӯз буду ман низ ӯро хуб мешинохтам, духтараки хубе буд, ман ӯро хоҳарам барин медонистам. Хурсанд будам, ки дӯстам ба ҳамин гуна духтари боиффату порсо хонадор мешавад.

Дар рӯзҳое, ки маъракаҳо мегузаштанду ман дар хонаи Фирӯзино шаб хоб мекардам, хоҳараш Дилфуза ҳамеша чизҳои бамазза мепухту муроотам мекард. Дилфуза дар курси якуми колеҷҷи тиббӣ мехонд, духтараки сафедандоми нозанин буд, ман ӯро хоҳарҷон мегуфтам.

Ман чор бародар ва чор апа доштам, вале хоҳар на, боре инро ба Дилфӯза гуфтам ва ӯ қавоқашро гиронд, яъне хоҳар гуфтанам ба ӯ писанд наомад. Як бори дигар аз хонаи меҳмонон косаҳоро бароварда, ба ӯ гуфтам, ки “хоҳарҷон, косаҳоро гир”, ӯ ба гирду атроф нигоҳ карда гуфт:

- Ман хоҳарҷон ном надорам, падарам ба ман Дилфуза ном монданд!- Ин сахтгапии ӯро эркагӣ дониста гуфтам,- ту барои ман хоҳарҷонӣ, гап нагардон, тӯтича! -Ӯ абрӯвонашро дарҳам кашида, аз наздам дур шуд ва ман ҳам ин ҳодисаро фаромӯш кардам…

Тӯйи Фирӯз гузашт, мо ҳама хона ба хона шудем, волидонам, ки ба тӯй омада буданд, ду се рӯз дар хонаи муҷаррадии ман меҳмон шуда рафтанд. Модарам вақти рафтанаш гуфт:

- Пагоҳ фардо Фирӯз соҳиби писар мешавад, шояд биниву ҳавасат биёяд ва фикри зангирӣ ба сарат занад,-модарамро зиёд дӯст медорам, ба хотири нашикастани дилаш гуфтам, ки “канӣ номзадҳоро қатор кунед, ин дафъа ба деҳа равам, кастинг мегузаронем!”

- Ту дар шаҳр гашта- гашта, олуфтасатанг шудаӣ, акнун худт ягон шаҳрӣ ёб,-гуфт ӯ ва ман илова кардам, ки “барои ман фарқ надорад, шаҳрӣ ё деҳотӣ, духтари хуб бошад, шуд!”

Ишқи аввали ман духтараки зебое буд, ки дар мактаб як синф аз ман поён мехонд. Зӯҳрои ростина буд, сафедандому қадбаланду зебо, вале ишқамро қабул накард, зеро духтари мулло буд. Чун ба вай мактуб навишта, изҳори ишқ кардам ва ба дасти як дугонааш равон кардам, ӯ ҳатто мактубро нагирифта, гуфтааст, ки ин гуна эҳсос барои ман бегонааст, мо дар дигар фазо тарбия ёфтаем.

Ҳоло ӯ зани писари амакаш асту ду фарзанд дорад, баъди ишқи аввал чанд муносибати дигар доштам, аммо ягон нафарро ҳаққонӣ дӯст надоштам. Ёд дорам, дугонаи он духтари назарбаланд, ки хоҳиш карда будам, мактубро барад, омада гуфт:

- Афсар, мо аз ҳамон сафедкандаи берӯҳ чӣ камӣ дорем?- Ман ба ӯ ҷавоб додам,- ту камие надорӣ, вале дил дил асту танҳо як кас метавонад дар он ҷо гирад.

Гулфазои шӯх «Ношгриёи дилт бшава» гӯён, даст афшонда рафт, аммо дили мардона доштааст, ба ягон кас қиссаи ишқи бебарори маро нақл накард…

Як моҳ пас аз тӯй Фирӯз наздам омада гуфт:

-Афсарҷон, Дилфуза бемор шудааст, чизе намехӯрад, аз хона намебарояд, ба зӯр ӯро ба мактаб мебарам. Духтурон мегӯянд, ки ягон дард надорад, ягон равоншиноси хуб ёфтан даркор аст.

Ҳайрон шудам, дилам ба Дилфӯза, ки чун хоҳарам дӯсташ медоштам, сӯхт ва равоншинос низ ёфтем. Ману Фирӯз ва апаи калонияш ӯро назди равоншинос бурдем, вақте Фирӯз мошинашро бензинрезӣ рафт, апаи Зебо ба ман наздик шуда гуфт:

-Афсарҷон, додари қиёматиям бошӣ, баробари Фирӯз дӯстат медорам, як гап дорам, гӯям нагӯям…

Ростӣ чашмони ғарқи оби апаи Зебо ба ташвишам оварду гуфтам, ки “гӯед апаҷон, ман ҳам шуморо дӯст медорам”.

-Дилфӯза як дард дорад, ба ту ошиқ шудааст, ӯ духтари бад нест, аз панҷ панҷааш ҳунар мерезад, намозхону баиффат, агар розӣ шавӣ, худам бо волидонам маслиҳат мекунам. Боварӣ дорам, ки падару модарам ҳам аз доштани ту барин домод ифтихор мекунанд.

Бо апаи Зебо гап мезадаму пеши назарам рафторҳои Дилфуза чун навори кино мегузаштанд ва акнун ба дағаливу нигоҳҳои раҳминаш сарфаҳм мерафтам, бечора духтар…

Худамро ба даст гирифтаму апаи Зеборо фарзандвор ба оғӯш кашида гуфтам:

-Апаҷон, агар Дилфуза як бегона мебуд, худи ҳозир худам пеши пойи падаратон афтида, дасти ӯро мепурсидам, аммо ӯ хоҳари ман аст. Ману Фирӯз ба ҳам бародарони қиёматӣ бошем, шумо апа ва Дилфуза хоҳарам мешавад. Ман наметавонам, маро бубахшед…

Имрӯз бо Фирӯз танҳо телефонӣ сӯҳбат мекунам, ӯ баъзан пешам меояду якҷоя ғизои шом ё нисфирӯзӣ мехӯрем, шунидам, ки аҳволи Дилфуза ҳам рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Гумонам апаи Зебо ба ӯ фаҳмонд вазъиятро…

Ман номард нестам, ки ба хоҳари бародарам издивоҷ кунам, бовар дорам, замоне мерасад, ки Дилфуза ин рафтори маро хуб мефаҳмад.

 

Бо эҳтиром Афсар

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Муъчиза 2023-11-02, 22:13
Чи чои бади дорад, хохари дустатро гири боз наздиктар мешавед
Посух
Маруф 2023-11-06, 20:58
Мард хам набудай, ғоз!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Муъчиза 2023-11-02, 22:13
Чи чои бади дорад, хохари дустатро гири боз наздиктар мешавед
Посух
Маруф 2023-11-06, 20:58
Мард хам набудай, ғоз!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД