Нисбати Таҳмина Самадова, ки чанд моҳ қабл аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ дар Митиши ба ӯ сертификати манзил ба маблағи 24 миллион рубли русӣ дода, баъдан ин ҷавонзани тоҷикро ба қаллобӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои сохта гунаҳкор намуда буданд, боз як парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Таҳмина Самадова бо ҳамсару кӯдаконаш беш аз 10 сол боз дар Русия зиндагӣ мекунад ва шаҳрвнадии Федератсияи Россияро дошта, соҳиби 7 фарзанд мебошад. Аз рӯйи қонунҳои ҷории Россия аз ҷониби ҳукумат ба оилаҳои серфарзанд барои хариди манзил сертификат дода мешавад. Таҳмина Самадова низ ҳамчун модари серфарзанд соҳиби чунин сертификат гашта буд, вале ин хабар дар шабакаҳои исиҷтимоӣ норозигии мардуми маҳаллиро ба миён оварда, боиси он гашт, ки мақомот Таҳмина Самадоваро ба қаллобӣ муттаҳам созанд. Аммо ҷавонзан таслим нашуда, тасмим гирифт, ки намоядагони ҳукумати маҳаллиро ба суд медиҳад, то сертификати 24 миллионаи манзилро дубора ба ӯ баргардонад.
Пас аз пайдо шудани ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ Кумитаи тафтишотии Россия нисбати Таҳмина Самадова боз парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, мақомот ин навбат Самадоваро дар он муттаҳам месозанд, ки ин зан дубораи бо роҳи қаллобӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати Россия соҳиби манзил гаштан мехоҳад.